Forward from: ТАРБИЯИ ФАРЗАНД ❁
•┈┈┈••●◆❁✿❁◆●••┈┈┈•
Кӯдаки сарватманд ва фақир
Кӯдаки сарватманд ва пулдоре бо либосҳои зебо дар парке нишаста буд, ки як кӯдаки фақир бо либосҳои куҳна ва бо кафши дарида наздаш омад.
Кӯдаки фақир бо ҳасрат ба ӯ нигоҳҳо мекард ва ба либосҳои зебои ӯ нигоҳ мекарду ба либосҳои кӯҳна ва кафши даридаи худаш.
Кӯдаки фақир нороҳат гашта оҳе кашиду каме дуртар шуд ва бо худ машғули бозӣ шуд, ки ногаҳон модари кӯдаки сарватмандро дид, ки ӯро бардошта дар аробаи маъюбӣ мегузорад.
Вай дид, ки он кӯдак наметавонад бо пойҳои худ роҳ биравад. Пас дубора ба кафшҳои даридаи худ нигоҳ карду оҳе кашид ва Худоро шукр кард.
"РАББИ АВЗИЪНИ АН АШКУРА НЕЪМАТАКАЛЛАТИ АНЪАМТА АЛАЙЯ ВА АЛАА ВААЛИДАЙЯ ВА АН АЪМАЛА СОЛИҲАН ТАРЗОҲ ВА АСЛИҲ ЛИ ФИ ЗУРРИЙЯТИ ИННИ ТУБТУ ИЛАЙКА ВА ИННИ МИНАЛ МУСЛИМИН".
(Аҳқоф/15)
(Парвардигоро! маро тавфиқ деҳ, то шукри неъмататро, ки ба ман ва ба падару модарам додӣ ба ҷо оварам ва кори шоистае анҷом диҳам, аз он хушнуд боши, ва фарзандони маро солеҳ гардон, ман ба суи ту боз мегардам ва тавба мекунам ва ман аз мусалмононам).
Ибрат:
Ай Бандагони Худо! Ҳар гоҳ ки нафареро дидед, ки аз шумо молдортар аст, қудратмандтар аст, зеботар аст ҳеҷ гоҳ ҳасуд нахӯред! Яъне ба боло нанигаред-балки ба поён бингаред!
Чун ба поён нигареду нафаронеро дармеёбед холашон бадтар аст, ки нони сери надоранд, мазлумонанд, бо пои хеш роҳ рафта наметавонанд
Баъзеро яке аз узве аз баданашон нест, ва ё беморие доранд ки то ба рӯзи марг онҳоро азийят медиҳад.
Он вакт шумо Шукри Зиёде хоҳед кард аз он неъматҳояш ба даргоҳи Илоҳӣ!
Чунин ҳолатҳое зиёдаст, ки нафаре зиёд молдор аст, ҳар чи ки дилаш кашад мехарад, аммооо афсусссс:
Саломатие надорад, ки он рангоранг неъматҳои Илоҳиро истеъмол кунад- чун табибон қатъиян хӯрдани зиёди неъматҳоро манъ кардаанд.
Он нафар ҳама нозу неъматро бо ҳасрат менигараду оби дида мекунад!
Он соат ин бемори "бой" хасрат мехӯрад ва ба худ мегӯяд:
- кош ман бой намебудаму аммо сиҳату саломатие неке медоштам ки ҳеҷ не нони хушкро чун камбағалон бо кайфияти том истеъмол мекардам!
Чи лозим ин боигарие, ки аз он истифода карда натавонам?
•┈┈┈••●◆❁✿❁◆●••┈┈┈•
Ба канал ҳамроҳ шавед:
👉https://t.me/tarbiyai_farzand