Дорои Дӯст, яке аз собиқадорони матбуоти тоҷик дар синни 84-солагӣ аз олам даргузашт.
Ҷанозаи ӯ субҳи имрӯз, 18 декабр дар масҷиди “Аминҷон”-и маҳаллаи 61-уми пойтахт хонда шуд ва марҳумро дар Оромгоҳи Сариосиё ба хок супориданд.
Дорои Дӯст аз ҷумлаи журналистони номвари тоҷик буд. Солҳои 70-ум асри гузашта ӯ дар тими Бӯринисо Бердиева буд ва барои бедории фикрӣ ва худшиносии миллии тоҷикон талошҳои зиёде намудааст. Номи ӯ дар қатори яке аз эҳёкунандагони ҷашни Наврӯз дар замони Шӯравӣ ва қабули қонуни забони тоҷикӣ дар соли 1989 меистад.
Дорои Дӯст соли 1940 дар рустои Сарчашмаи ноҳияи Шаҳрисабз дида ба ҷаҳон кушодааст. Соли 1957 мактаби миёнаи ба номи Карл Маркси зодгоҳ, соли 1963 Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанберо хатм кардааст. Ҳамсабақи донишгоҳии шоири бузурги тоҷик Лоиқ Шералӣ буд ва бо ӯ то вопасин рӯзҳои умраш робитаи дӯстӣ дошт.
© pressa.tj
@DehaiSarchashma