Хурмои арабӣ — кони фойда! Ин маҳсулотро ниёгони мо аз замонҳои қадим мехӯрданд.
Дар моҳи шарифи Рамазон бо ин меваи аҷоиб даҳон кушодан одат шудааст.
Ӯ чӣ гуна сеҳр дорад? Хурмои арабӣ аз минерал ва витаминҳо бой мебошад.
Он 23 навъи аминокислотаи муҳим дорад, ки дар дигар меваҳо ба назар намерасад.
Агар дар як рӯз 3-4 дона хурмои арабӣ хӯред, эҳтимол дорад аз бемориҳои зиёде халос шавед.
Аз ҷумла, навъи «Деглет нур»-и хурмои хушки арабӣ ин хосиятҳоро дорад. Мувофиқи анъана, ин навъро «Навъи подшоҳ» меноманд.
Хурмои арабӣ чӣ фоида дорад?— ба дил, гурда ва ҷигар қувват мебахшад;
— ба меъёри кислота дар организм таъсири мусбат мерасонад;
— камхуниро бартараф мекунад;
— иммунитетро мустаҳкам менамояд;
— микрофлораи рӯдаҳоро беҳтар мекунад;
— ба кори шуш таъсири мусбат мерасонад;
— вақти сулфа балғамро хориҷ мекунад;
— хавфи пайдоиши саратонро коҳиш медиҳад;
— кори мағзи сари инсонро беҳтар мекунад.@DehaiSarchashma