⚡️6 ҷудокори тоҷик дар мусобиқаи Baku Grand Slam 2025 иштирок мекунандРӯзҳои 14-ум ва 16-уми феврали соли равон дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон мусобиқаи навбатии сайри ҷаҳонии ҷудо дар соли 2025 “Baku Grand Slam 2025” доир мешавад.
Тоҷикистонро дар мусобиқаи мазкур, 6 паҳлавон муаррифӣ мекунанд. Дар вазни то 73 кг Абубакр Шеров бо Муҳиддин Асадуллоев, дар вазни то 81 кг Баҳрӯз Хоҷазода бо Сомон Маҳмадбеков, дар вазни то 100 кг Ҷаҳонгир Маҷидов ва Кароматулло Ҳакимов намояндаҳои кишвари мо дар мусобиқаи мазкур мебошанд.
Қобили зикр аст, ки паҳлавони мо Беҳрӯз Хоҷазода, ки зери вазни то 73 кг баромад мекард, ҳоло тағйири вазн кардааст ва минбаъд дар вазни то 81 кг баромад мекунад. Ин аввалин мусобиқа ҳамакнун, барои Хоҷазода хоҳад буд, ки зери вазни 81 кг ҳунарнамоӣ хоҳад кард. Дар ин бора Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар додааст.
#varzishtv