Эрон виза бо Тоҷикистонро бекор кард
Расонаҳои Эрон гузориш доданд, ки ин кишвар раводид бо Тоҷикистонро аз рӯзи 3-юми феврали имсол бекор мекунад.
Қарори Шӯрои вазирони Эрон дар бораи бекор кардани раводид бо Тоҷикистон ба муддати то 30 рӯз тасвиб шудааст. Ба қавли манбаъ, сафари бидуни раводид танҳо аз тариқи роҳҳои ҳавоӣ имконпазир аст.
Пештар шаҳрвандони Тоҷикистону Эрон метавонистанд танҳо аз тариқи хатсайри Душанбе-Теҳрон бидуни раводид ё виза сафар кунанд. Барои сафар ба дигар шаҳрҳои Эрон, раводид талаб мешуд.
Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз дар бораи бекор шудани низоми раводид бо Эрон расман хабар надодаанд. Ҳарчанд раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 16-уми январ ва дар ҷараёни сафари ҳамтои эрониаш Масъуд Пизишкиён ба Душанбе гуфта буд, тарафдори аз байн бурдани раводид бо Эрон аст.
Ёддошти тафоҳум миёни Тоҷикистон ва Эрон дар бораи бекор кардани низоми раводид бори авввал дар моҳи ноябри соли 2023 имзо шуда буд. Миёни Тоҷикистон ва Эрон феълан ҳафтае се парвоз ҳаст.