Таҳқиқи навор ва ҳабси гумонбар: зан аз ҳисоби рашк зани дигарро бо кӯдаки ноболиғаш мавриди латукӯби шадид қарор додааст!
Дар як қатор шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ наворе паҳн гардид, ки дар он байни ду нафар зан муноқиша ба вуқӯъ пайваста, зане бо номи Савсан нафари дуюмро мавриди латукӯби шадид қарор дода, бо ин рафтораш қонеъ нашуда кӯдаки ноболиғро бо тасмаи резинӣ мавриди озор қарор додааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби муфаттишони милитсияи Хатлон нисбати дастгиршуда Савсанбии Ҷиёнхон тибқи талаботи моддаи 117 қисми 2 бандҳои "а, в" Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, гумонбар дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
Айни ҳол ҳаракатҳои тафтишотӣ ҷиҳати баҳои ҳуқуқӣ додан ба рафтори модари дастгиршуда ва дигар иштирокчиёни ҳодиса, ки дар муноқиша иштирок доштанд, идома дорад.