#Минбари_сармуҳаррир
СОЛЕ РАФТ, СОЛЕ МЕОЯД...
СОЛҲО МЕОЯНДУ МЕРАВАНД. МО ЧӢ КАРДЕМ?
Соле рафт, соли пур аз ҳаводис...
Дунё дар ин соли сипаригашта симо дигар кард. Сиёсат ҷомаи садранг пӯшид. Дар чанд ҳудуди дунёи бозори ҷанг ҷӯшид. Чанд халқу миллате ҷомаи ору нанг пӯшид. Набзи дунё ноором монд...
Мо чӣ кардем? Чӣ бояд кард? Ин суолро бояд ҳар рӯшанфикр гаштаю баргашта ба худ диҳад. Алайҳи ҷаҳолат мо бояд аз дониш ҷавшан пӯшем. Нагузорем, ки ҷаҳолат ба мо ғолиб ояд. Баҳсҳои миллию ирқию диниро бас намоему аз ману тую ӯю вай ба МО мубаддал шавем, то душман ба иттиҳоди мо рахна наандозад. Инсон бошем. Танҳо ИНСОНИ КОМИЛ ин дунёро, ки дар вартаи ҳолокат қарор дорад раҳонида метавонад.
Дар арафаи Соли нав қарор дорем, ниятро нек мекунем. Ба ҳамаи ҳамдиёрону ҳамзамонон ва дилошноён фархундапай омадани солро таманно дорем.
Бошад, ки дар дунё осоиш қарор ёбад. Дӯстию рафоқат миёни мардум барқарор бошад. Ақли солим бар ҷаҳолат ғолиб ояд.
Соли нави фарорасида барои ҳамаамон муборак бошад!
АСАДУЛЛОҲ ИСМОИЛЗОДА,
сармуҳаррири маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии "Дурдонаи Шарқ"
✅ https://t.me/DURDONAI_SHARQ