БОРОНИ АНДЕША 🕊️


Kanal geosi va tili: O‘zbekiston, O‘zbekcha


📖Панду андарзҳои бузургон!📝
💡Андешаву ақидаҳои олимон!📚
📘 Ҳикояҳои тарбиявию ахлоқӣ!📃
🌃Аксҳои илмию адабӣ!📷
🎬Наворҳои тарбиявию ахлоқӣ!📽️
📚Ҳадису ривоятҳои саҳеҳ!📒 ва ғайраҳоро Шумо дар ин канал дида метавонед!✅
Мудир: 🧑🏻‍ @aslamzoda0909

Связанные каналы  |  Похожие каналы

Kanal geosi va tili
O‘zbekiston, O‘zbekcha
Statistika
Postlar filtri


#ҳазл

ПАДАР - коргаре, ки ҳеч гоҳ ба нафақа намебарояд;

МОДАР - коргаре, ки шабу рӯз бе маошу рухсатӣ кор мекунад


ШАВҲАР- - дӯсти шабу душмани рӯз

ХУШДОМАН - калине, ки гузаштаи худро фаромӯш кардааст


ХУСУР - қозии маҷбурии ҷанги байни ду зан


АММА - ҳокими хешу табор


ХОЛА - рақиби пинҳонии амма


ТАҒО - маслиҳатчии заруру нозарур

АМАК - дар ҳолатҳои ноқулай ҷигари эҳтиётӣ

ПИСАР - дили падару модар;

ДУХТАР - санги фалахмон, оҳанрабо, дузди хона, барандаи чизҳои заруру нозарур;


АВСУН - ҳимоятчии нафъи худ


ҲАМСОЯ - гӯши ба девор часпондашуда



КЕЛИН - мусичаи бегуноҳи хонадон😁


🌘Манзили хосе намехоҳад ибодатгоҳи шавқ,
Ҳар кафи хоке, ки он ҷо сар ниҳӣ саҷодда аст.
🌒


📝Бедил


❤️‍🔥Пеш аз оне,ки ба инсон дард биёри, фикр кун шояд ин дард тамоми зиндагияшро барбод диҳад....💔

📝Демокрит- философ


Модар воситаи эҷод ва рамзи хилқат аст. Ҳеҷ гоҳ дар зиндагӣ наметавонед муҳаббате беҳтар, бепироятар ва воқеитар аз муҳаббати модар биёбед.

📝 Оноре де Бальзак -
нависандаи фаронсавӣ


🌘Савод аз тариқи хондан ба даст намеояд, балки бар асари андешидан ба он чи мутолиа кардаем ҳосил мешавад.🌒



👤 Карл Хилтий - нависандаи швейсарӣ


🌘Шаб хез, ки ошиқон ба шаб роз кунанд,
Гирди дари боми Дӯст парвоз кунанд.
Ҳар ҷо, ки даре бувад ба шаб дар банданд,
Илло дари Дӯстро, ки шаб боз кунанд🌒


📌Ваҳм нисфи беморӣ аст
📌Оромӣ нисфи саломатӣ
📌Сабр оғози шифо ёфтан аст


Он касе, ки ба саломатии худ вақт ҷудо намекунад, рӯзе маҷбур мешавад тамоми вақти худро ба беморӣ сарф кунад.

📝 Абӯ Али ибни Сино - пизишк, файласуф, ситорашинос ва шоир


Бедил, ту маяндеш зи гуфтори рақибон,
Ғавғои сагон кам накунад ризқи гадоро


🌘Гар таваккул мекунӣ, дар кор кун,
Кишт кун, пас такя бар Ҷаббор кун.
🌒

📝 Ҷалолуддини Балхӣ


Ҳазл:😁

👨🏻Марде дар пеши ҳамсараш дар сари ҷойнамоз чунин дуо мекард:
Худоё шукрат бобати ҳамсари хубе, ки ба ман додӣ!
— Худоё шукрат бобати ҳамсари зебову меҳрабоне, ки ба ман додӣ, Худоё сад ҳазор мартаба шукрат...

Ҳамин тавр шукргузорӣ кардан мегирифт, ки ҳамсараш гуфт:
🧕 Қазия чӣ аст, ки ҳар вақте хона меойӣ сари намоз меистӣ ва чунин дуо мекунӣ?!
Мард ҷавоб медиҳад:
👨🏻 — Чанд рӯз пеш дар масҷид будам, ки имом гуфт:
«Агар бобати чизҳое, ки доред шукргузор бошед, Худованд 10 баробарашро бароятон медиҳад....😅»

БОРОНИ АНДЕША 🕊️


🌙 Бӯи Рамазон меояд,
Моҳи ибодату бандагӣ, лаҳзаҳои зебои ифтору саҳарӣ...

🤲 Худоё, моро ба Рамазон бирасон ва Рамазонро бо мо ба поён бирасон.


🌙Дона чун андар замини нарм боло мекашад,
Сарфарозӣ бештар чун хоксорӣ бештар.


🌙Дона то бар хок наафтад, кай ба боло қад кашад,
Қадри одам ҳам баланд аз хоксорӣ мешавад.


🌙Хоксорӣ на биноест, ки вайрон гардад,
Селҳо оҷизи кӯтоҳии ин деворанд
.


🌗Мо мисли шиша будем...
Агар покамон мекарданд, медурахшидем;
Аммо онҳо ШИКАСТАНД, мо ҳам буридем!
Дигар гилае намемонад...🌓

🖋Эрнесто Че Гевара - духтур ва нависандаи аргентинӣ (1927-1967)

БОРОНИ АНДЕША 🕊️


🌗 Лаззатбахштарин ҳисси баъд аз муваффақият, сукути душманон ва бадхоҳони шумост...!🌓

✏️Габриэл Гарсиа Маркес

БОРОНИ АНДЕША 🕊️


Кӯдакеро пурсидам:
-Чаро гиря дорӣ?
Гуфт:
-Касе бо ман бозӣ намекунад🥺
Гуфтамаш:
-Ғамгин мабош, вақте бузург шудӣ, ҳаёт тавре ҳамроҳат бозӣ мекунад, ки "ХАСТА" мешавӣ 😔💔


◽️Вақте ба касе бештар аз лаёқаташ аҳамият медиҳед, бештар аз он чизе ки ҳаққатон бошад, зарба мехуред;
Ёд бигиред ба ҳеҷ кас бештар аз лаёқаташ аҳамият надиҳед...!▫️


БОРОНИ АНДЕША 🕊️


🌙 Беҳтарин кор барои хуб кардани ҳоли худ ин аст, ки ҳоли дигареро хуб намоӣ.


📝Марк Твен - нависанда, ҳаҷвнигор ва рӯзноманигори амрикоӣ


🌗Ҳама шуғлатро мепурсанд, то ки бидонанд чӣ қадар ПУЛ дорӣ, то барҳисоби миқдори сарватат тасмим бигиранд, ки чиқадар баҳет ЭҲТИРОМ бигзоранд...!🌓

Киану Чарлз Ривз• — ҳунарпешаи канадагӣ аст, ки ба яке аз сердаромадтарин ҳунарпешаҳои ҷаҳонӣ маъруф аст.

БОРОНИ АНДЕША 🕊️


Дӯстони хубу мехрубонам!

Ба зебоии гул шакке нест, аммо зеботар аз гул шумо ҳастед. Ҳар куҷое бошед саломат бошеду осмонатон обӣ ва дилатон аз ғуссаҳои дунё холӣ бошад.
Бигзор Парвардигори ҷаҳониён ба хонаводаи шумо оромиш, ба корҳоятон кушоиш, дар рафторатон ситоиш ва дар сарнавиштатон манзиле дар биҳишт насиб гардонад.
Шаби зебои сарди зимистон ба хайру шодӣ бошад!


#Як таманниёт барои шумо!


🗣Пирамарде буд, ки мегуфт:
🔻Як умр ману саломатӣ ба дунболи ПУЛ давидем; ҳоло ману пул ба дунболи САЛОМАТӢ медавем...!🔺

БОРОНИ АНДЕША 🕊️

20 ta oxirgi post ko‘rsatilgan.