ИЛМИ ТАРБИЯ ЧИСТ?
Писарбачаҳо ҳамеша ба падари худ пайравӣ мекунанд. Онҳоро ба худ намунаи ибрат (идеал) медонанд. «Падарам ин корро кард, пас ин дуруст аст» гуфта хулоса мебароранд. Аз ин рӯ, падар бояд дар бораи ҳар коре, ки дар пеши фарзандаш мекунад, андеша намояд.
Зеро илми тарбия - илми хеле нозук аст. Аз рӯи таҷрибаи зиндагӣ боварӣ ҳосил кардан мумкин аст, ки тарбияи фарзанди боақл ва баркамол аз ҳар як падар дониши амиқ, маҳорати хоса ва таҷрибаи зиёдро талаб мекунад.
©️ Ҷалолхон Умаров, аз «Китоби падарони асил».
@DehaiSarchashma