Тақ тақи соат ба гӯшам мерасонад ин хабар,
Умри аз даст рафтаро бар хоб мебинӣ дигар.
Ҳолиё, ки зиндаӣ, фурсат ғанимат мешумор,
З- он, ки фардо ҳеҷ натвонӣ аз ин манзил гузар.
Сахт кӯшиш кун, ки дарёбӣ мақоми хештан,
Дину дунёро бикун обод ин ҷо, эй писар!
Мазраи дунё чу бошад мазраи уқбои мо,
Гандуми некӯ бикор чун худ ту ҳастӣ барзгар.
Гар накуӣ ё бадӣ, ҳар чӣ кунӣ бо худ кунӣ,
Сураи Зилзол аз ҳар зарра мегӯяд хабар.
Ҳаст подошат ба миқдори ҳамон як зарраат,
Пас бикӯш то зарраи некат бибошад бештар.
#Ҷаъфариё соз андеша зи рӯзи вопасин,
То наяфтӣ, ту қафо аз корвон дар ин сафар!...
┄┅অঠই✯❀✯ইঠঅ┅┄
http://T.ME/BO_ZABONI_TOJIKI_MEOMUZEM