БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ МЕОМӮЗЕМ! dan repost
д, на ба тарзе ки сохти давлатдорӣ ба қонунҳо мувофиқ карда шавад» (Аристотель. Политика. – М.: РИПОЛ классик, 2010. – С. 250). Воқеияти чунин таҷриба (мувофиқат кунонидани сохти давлатдорӣ ба қонунҳо) ва оқибатҳои фоҷиабори онро миллати тоҷик баъди дувуним ҳазор соли ин ҳушдор, маҳз бо ташаббус, пофишорӣ, террори маънавӣ ва ҷисмонии аз ҷониби саркардагон ва аъзоёни ташкилоти террористии собиқ ҳизби наҳзати исломӣ роҳандозишуда дид.
Таҷрибаи давлатдории дунё нишонгари он аст, ки талаботи Аристотел дар бораи таносуби мантиқии барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ ба сохти конститутсионӣ шарти ҳаётан муҳимми суботи низоми сиёсии мамлакат аст.
Мактаб пойдевори аслии давлат ва амнияти миллӣ аст. Устувории бинои давлат аз мундариҷа, муҳтаво, сифати барнома ва васоити таълимӣ, китобҳои дарсӣ, ҷаҳонбинӣ ва иродаи муаллим вобастагӣ дорад.
Сохтори низоми сиёсиву ҷамъиятии ҳамсоякишвар ва фоҷиаи миллати он бо оқибатҳои мавриди назар дар гузашта ва даҳсолаҳои наздик натиҷаи фаъолияти ҳадафмандонаи бозигарони геополитикӣ тавассути мактаб – барномаҳои таълимӣ, васоити таълимӣ, китобҳои дарсӣ, интихоби муаллимон, дар маҷмӯъ, натиҷаи воқеии он – мафкурасозии бунёдӣ аст. Ин амали душманона барои он кишвари мусибатзада, ки албатта, мардумаш дар як умри кӯтоҳи одамӣ мисли бозигарони геополитикӣ ҳаққи орому осуда зиндагӣ кардан дорад, мутаассифона, бо бадбахтии зиёда аз чилсола ва ояндаи фоҷиабори пешгӯинашаванда барои чандин насли дигар боқӣ хоҳад монд. Ин аст ҳикмати «зарурати гирифтани таҷрибаи рӯзгор баҳри дафъи ҳаводис».
Ояндаи ҳама гуна давлатдорӣ – сохти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, самтгирии маънавӣ, мафкуравӣ ва умуман тақдири миллат дар дохил ва ҷабҳаҳои геполитикӣ дар чаҳорчӯбаи низоми маориф ҳаллу фасл мегардад.
Мантиқи бузурги таълимоти Пешвои миллат аз воқеияти «Тавоно бувад, ҳар ки доно бувад» сарчашма мегирад. Сарвари давлат дар амри равшангарӣ ва маърифатнокии миллат ба масъулияти таърихии аҳли донишу маърифат – зиёиён такя мекунад.
Тибқи таҷрибаи таърихӣ ва воқеияти зиндагӣ, на ҳар соҳибмаълумот мансуб ба табақаи зиёӣ (дурахшанда, нурбахшанда) аст. Вагарна шумораи ин гурӯҳи ҷамъиятиро аз ҳисоби, ақаллан, хатмкардагони мактабҳои олӣ, ҳамасола ба садҳо, ҳазорҳо расонидан ва ба омори умедбахши дастовардҳои миллӣ ворид ва эълон кардан мумкин аст. Диплом дар бораи хатми мактаби олӣ, унвонҳои илмиву махсус ва либоси аврупоӣ ҳанӯз нишонаи зиёӣ нест.
Зиёӣ будан сифат ва хосияти ботинии инсон мебошад, ки ҳам дар сухан ва ҳам дар амал зуҳур меёбад. Ин шакли фаъолият аз аломати барҷастаи функсионалии шуур сарчашма мегирад. Ва бар он асос меёбад. Зиёӣ шахсест, ки қобилияти баланди дарк намудан, андешаи баробар ба воқеият доштан, тавоноии аз моҳияти масъала огоҳ шудан, соҳибмаърифат будан, зуҳуроти мушкилро бо таҳаммул ва таҳлили илмӣ арзёбӣ намудан, тибқи фарҳанг ва манфиатҳои миллӣ ҷавонмардона рафтор карданро дорад. Масъулиятшинос ва ташаббускор аст. Аз худ дар ҷомеа қудрати таъсиррасонии ахлоқиву маънавии созгор нишон медиҳад.
Роҳбари давлат ба ин табақаи ояндасози ҷамъият баҳогузорӣ мекунад. Дар назди онҳо вазифаҳои мушаххас мегузорад: «Зиёӣ, ки шахси таҳсилдидаву равшанфикр аст, нуру рӯшноии ҷомеа маҳсуб мешавад ва бояд аҳли ҷомеаро ба сӯйи созандагӣ ва бунёдкорӣ ҳидоят созад, ҳамеша дар фикри пешрафту такомули илму фарҳанг, рушди забон ва ҳифзи тозагии он ва гузашта аз ин, дар андешаи таҳкими суботу оромии ҷомеа, ваҳдати миллӣ ва дифоъ аз манфиатҳои миллат ва давлат бошад» (Суханҳои ҳикматомӯзи Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ − Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон. – Душанбе: ҶДММ «Контраст», 2017. − С. 175-176).
Пешвои миллат ба мавзӯи адабиёти бадеӣ, мундариҷа, моҳият ва забону услуби шоирону нависандагон таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад. Маҳз тавассути нишон додани амалҳои ҷонфидоёнаи бузургони миллат мехоҳад, симои ҳақиқии қаҳрамонони худро ба хонанда муаррифӣ намояд. Онҳоро дар муқоиса бо дигарон гузорад. Афзалияти воқеии шахсияти мавриди таҳқиқ қарордодаашро ба оммаи мардум фаҳмонад. Ӯро ҳамчун намунаи олии ватандорӣ, ҷавонмардӣ, муҷассамаи меҳру садоқат ба ормонҳои миллӣ дар муқобили хатарҳои ҷонӣ ба сиф