VarzishTV


Гео и язык канала: Узбекистан, Узбекский
Категория: Спорт


Официальное сообщество таджикского общедоступного спортивного телеканала
© Саҳифаи расмии ТВ «Варзиш»
Телефон: (+992 37) 221-90-49
Адрес: Бехзод 25
https://varzishtv.tj/tj/

Связанные каналы  |  Похожие каналы

Гео и язык канала
Узбекистан, Узбекский
Категория
Спорт
Статистика
Фильтр публикаций


#𝐌𝐀𝐓𝐂𝐇𝐃𝐀𝐘🔥
🏁 Ҷоми Осиё (U-23)🏆 | Даври 2️⃣
⚽️ Чин 🇨🇳 🆚 Кореяи Ҷанубӣ 🇰🇷
🏟️ «Абдулло бин Халифа»
📆 19.04.2024
⏰ 17:50
🎙️ @inomiddin_a
📺 ТВ «Варзиш»
🛑 Мустақим

@varzishtv.tj
@afcasiancup


https://varzishtv.tj/tj/news/nokomii-g-shtingironi-to-ik-dar-r-zi-avvali-musobi-ai-intikhob-dar-bishkek-/?_utl_t=tm
ВАРЗИШ ТВ - Нокомии гӯштингирони тоҷик дар рӯзи аввали мусобиқаи интихобӣ дар Бишкек 🖥


https://varzishtv.tj/tj/news/real-badi-ma-lub-kardani-a-ramoni-felii-ligai-chempion-o-shash-marotiba-olibi-in-musobi-a-shudaast/?_utl_t=tm
ВАРЗИШ ТВ - “Реал” баъди мағлуб кардани қаҳрамони феълии Лигаи Чемпионҳо шаш маротиба ғолиби ин мусобиқа шудааст 🇪🇺


https://varzishtv.tj/tj/news/sidni-krosbi-oidi-oyandaash-dar-pittsburg-arf-zad/?_utl_t=tm
ВАРЗИШ ТВ - Сидни Кросби оиди ояндааш дар “Питтсбург” ҳарф зад


⚡ Абдулмаҷид Кудиев (-65 кг) дар мусобиқаи интихобии Бозиҳои Олимпӣ дар даври аввал аз намояндаи Ҷопон - Котаро Киюка бо ҳисоби 7:10 мағлуб шуд.

Ҳамин тавр, барои гӯштингирони тоҷик аз намуди тарзи озод мусобиқаи интихобии Олимпӣ бидуни натиҷа анҷом ёфт. Ҳар се паҳлавони мо Кудиев, Евлоев ва Айаал Белолюбский дар даври аввал мағлуб шуданд.

@varzishtv.tj


https://varzishtv.tj/tj/news/olimpiakos-ba-davri-ni-oii-ligai-konferensiya-o-ro-khat-girift/?_utl_t=tm
ВАРЗИШ ТВ - “Олимпиакос” ба даври ½- ниҳоии Лигаи Конференсияҳо роҳхат гирифт 🆕


https://varzishtv.tj/tj/news/uft-oi-davri-nimni-oii-ligai-avrupo-muayyan-shudand/?_utl_t=tm
ВАРЗИШ ТВ - Ҷуфтҳои даври нимниҳоии Лигаи Аврупо муайян шуданд 🇪🇺


☄️ Евлоев имконияти роҳхати Бозиҳои Олимпии Париж 2024-ро аз даст дод 🙄

Гӯштингирӣ мо дар вазни то 74 кг дар даври аввали мусобиқаи интихобӣ аз паҳвалони ӯзбек Бекзод Абдураҳмонов бо ҳисоби 4 бар 10 шикаст хӯрд!

@varzishtv.tj


https://varzishtv.tj/tj/news/roma-ba-davri-nimni-oii-ligai-avrupo-baromad-/?_utl_t=tm
ВАРЗИШ ТВ - “Рома” ба даври нимниҳоии Лигаи Аврупо баромад! 🆕


https://varzishtv.tj/tj/news/atalanta-avvalin-bor-dar-tarikh-ba-davri-nimni-oii-ligai-avrupo-ro-yeft-/?_utl_t=tm
ВАРЗИШ ТВ - “Аталанта” аввалин бор дар таърих ба даври нимниҳоии Лигаи Аврупо роҳ ёфт 🆕


https://varzishtv.tj/tj/news/sha-riyer-daminov-baroi-ro-khati-olimp-talosh-mekunad/?_utl_t=tm
ВАРЗИШ ТВ - Шаҳриёр Даминов барои роҳхати олимпӣ талош мекунад 🆕


https://varzishtv.tj/tj/news/dastai-olimpii-to-ikiston-u-23-tamrin-oi-pesh-az-boz-bo-iro-ro-doir-kard/?_utl_t=tm
ВАРЗИШ ТВ - Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) тамринҳои пеш аз бозӣ бо Ироқро доир кард 🆕


https://varzishtv.tj/tj/news/muntakhabi-olimpii-to-ikiston-u-23-mu-obili-timi-olimpii-iro-bo-libos-oi-safed-boz-mekunad/?_utl_t=tm
ВАРЗИШ ТВ - Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) муқобили тими олимпии Ироқ бо либосҳои сафед бозӣ мекунад 🆕


https://varzishtv.tj/tj/news/payrav-vo-idov-man-shodam-ki-ba-darvozaamon-gol-sar-nadodem/?_utl_t=tm
ВАРЗИШ ТВ - Пайрав Воҳидов: “Ман шодам, ки ба дарвозаамон гол сар надодем” 🆕


⚡Шаҳриёр Даминов барои роҳхати олимпӣ талош мекунад👏

18 апрел дар шаҳри Токиои Ҷопон Чемпионати Осиё оид ба қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ оғоз гардид, ки то 21-уми апрел идома меёбад.

Ба иттилои Федератсияи қайиқронии Тоҷикистон, ҷумҳурии моро Шаҳриёр Даминов намояндагӣ дорад ва рӯзи аввал дар марҳалаи интихобии сабқати С-1 ба масофаи 200 метр ширкат карда, ба марҳалаи финалӣ, ки имрӯз - 19-уми апрел доир мегардад, роҳ ёфт.

Варзишгарон имкон доранд дар чемпионат роҳхати Бозиҳои олимпии Париж-2024-ро соҳиб гарданд. Дар сабқатҳои К-1, С-1, К-2, С-2 миёни мардон ва бонувон ду роҳхат дода мешавад.

@varzishtv.tj


🔥 Иштирокчиёни марҳилаи нимниҳоии Лигаи Аврупо муайян шуданд 📆

@varzishtv.tj


🔥 Иштирокчиёни марҳилаи нимниҳоии Лигаи Конференсияҳо муайян шуданд 📆

@varzishtv.tj


☄️Сармураббии тими миллии футзали Тоҷикистон Пайрав Воҳидов натиҷаи бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2024 бо тими миллии Кореяи Ҷанубиро шарҳ дод. Вохӯрӣ имрӯз, 18 апрел дар Бангкок баргузор шуда, бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи дастаи мо анҷом ёфт.

Пайрав ВОҲИДОВ, сармураббии тими миллии футзали Тоҷикистон:

– Ғолибият дар бозии якум хеле муҳим аст. Вақте чунин мусобиқаи бузург мисли Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз мекунӣ, ин ба бозигарон боварӣ мебахшад. Имрӯз рақобати хеле душвор гузарондем. Кореяи Ҷанубӣ рақиби хуб аст, аммо имрӯз чизи асосӣ ин натиҷа аст. Мо ба хатоҳо роҳ додем, вале кӯшиш мекунем, ки дар вохӯриҳои минбаъда такрор накунем. Шодам, ки имрӯз мо дар ҳимоя боинтизом бозӣ намуда, ба дарвозаамон гол сар надодем.

#AFCFutsal #AsianCupFutsal #TajikistanFutsalNationalTeam #ТочикистонБаПеш


⚡Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар Давҳа пеш аз бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2024 муқобили тими олимпии Ироқ тамринҳои пеш аз бозиро анҷом дод.

Дар гурӯҳи умумии дастаи олимпии мамлакат 22 нафар бозигар қарор дорад. Нимҳимоятгари КМВА-и Душанбе Абдулло Шарифов ба даста ҳамроҳ шуд. Дастаи мо дар Қатар боз ба мушкилии кадрӣ дучор шуд. Бозигари «Ҳосилот»-и Фархор Шоҳрух Сангов, ки метавонист ҳам ба ҳайси ҳимоятгари канорӣ ва ҳам нимҳимояи канорӣ бозӣ кунад, дар Ҷоми Осиё-2024 ба даста кӯмак карда наметавонад. Бозигар аз зонуяш осеб бардошт. Қаблан Фаридун Давлатов ва Содиқҷон Қурбонов ҷароҳат бардошта буданд. Илова бар ин, бозигари дигари тими олимпии кишвар Алиҷони Бӯризод дар ҳайати мунтахаби кишвар аз зонуяш осеб бардоштааст.

Қобили зикр аст, ки вохӯрии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2024 миёни дастаҳои олимпии Тоҷикистону Ироқ рӯзи 19 апрел дар варзишгоҳи «Ал-Ҷануб»-и Давҳа баргузор шуда, соати 21:00 ба вақти маҳаллӣ (23:00 ба вақти Душанбе) шуруъ мешавад. Телевизионҳои «Варзиш» ва «Футбол» ин вохӯриро мустақиман намоиш медиҳанд.

📸 @fft_official

@varzishtv.tj


⚡Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2024 дар чаҳоргонаи «С» муқобили тими олимпии Ироқ бо либосҳои сафед бозӣ мекунад. Футболбозони Ироқ либоси сабз ба бар хоҳанд кард.

Бозии даври дуюми Ҷоми Осиё-2024 миёни дастаҳои олимпии Тоҷикистон ва Ироқ 19 апрел дар варзишгоҳи «Ал-Ҷануб»-и шаҳри Давҳа баргузор шуда, соати 21:00 ба вақти маҳаллӣ (23:00 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад. Телевизионҳои «Варзиш» ва «Футбол» ин вохӯриро мустақиман намоиш медиҳанд.

#AFCU23 #AsianCupU23 #ТочикистонБаПеш

Показано 20 последних публикаций.