Деҳаи САРЧАШМА


Гео и язык канала: Узбекистан, Узбекский
Категория: Другое


Хуш омадед дӯстон.
🇺🇿Тоҷикони Ӯзбекистонем🇺🇿 шуморо ба канал таклиф менамоем.
📍 #Қашқадарё
📍 #Шаҳрисабз
📍 #Сарчашма
Барои ҳамкорӣ
💻 @Nasriyev_F
📝ЭЪЛОН РЕКЛАМА
@DehaiSarchashma_bot
UZ. Xush kelibsiz @DehaiSarchashma kanaliga.

Связанные каналы  |  Похожие каналы

Гео и язык канала
Узбекистан, Узбекский
Категория
Другое
Статистика
Фильтр публикаций


БАЙТҲОИ ОМӮЗАНДА

Бузург ўст, ки чун сояи абр бар замин,
Чунон равад, ки дили мўрро наёзорад!
✍️Соиби Табрезӣ.

Касе, ки ошиқи худбину худнамо бошад,
Ҳамеша бар дари маъшуқ чун гадо бошад!
✍️Зебуннисо.

Аз мукофоти амал ғофил машав,
Гандум аз гандум бирўяд, ҷав зи ҷав!
✍️Саъдии Шерозӣ.

Дар ду олам нест моро бо касе гарду ғубор,
Ҳар ки моро ранҷа дорад, роҳаташ бисёр бод!
✍️Мирсаид Алии Ҳамадонӣ.

Ба лутфу марҳамат дилҳо нигаҳ дор,
Кас аз дасти забони худ маёзор!
✍️Носири Хусрав.

Ҳеҷ бадномӣ одамиро беш,
Нест аз ҷаҳлу аз зулми хеш.
Хашму шаҳват хисоли ҳайвонист,
Илму ҳикмат ҷамоли инсонист!
✍️Саноии Ғазнавӣ

Одамият чист? Худро дур аз шар доштан,
Хайрхоҳи халқ будан, нафъи безар доштан!
✍️Тошхуҷа Асирӣ!

Чу аз оштӣ шодӣ ояд ба чанг,
Хирадманд ҳаргиз накўшад ба ҷанг!
✍️Абўшакури Балхӣ.
 
Дидани дидори ҷонон давлате бошад азим,
Аз худо хоҳад Ҳилолӣ давлати дидорро!
✍️Бадриддин Ҳилолӣ.

Дусад бор агар мисс ба оташ дарун,
Гузорӣ, аз ў зар наёяд бурун.
Ба ноозмуда мадеҳ дил нахуст,
Ки ланги ситода намояд дуруст!
✍️Асадии Тўсӣ.

Ҳамсафар бо ахтарон будан хуш аст,
Дар сафар як дам наёсудан хуш аст! 
✍️Муҳаммад Иқбол.

Маёзор мўре, ки донакаш аст,
Ки ҷон дораду ҷони ширин хуш аст!
✍️Абулқосим Фирдавсӣ.

Бузургӣ саросар ба гуфтор нест,
Дусад гуфта чун ними кирдор нест!
✍️Абулқосим Фирдавсӣ.

Дар ҳама ҳол одамӣ шахси малаксират аст,
Лек ба ҷоҳ андаке нози харӣ мекунад!
✍️Абдулқодири Бедил.

Аз ҳаё магзар, ки дар номусгоҳи эътибор,
Шарм мардонро виқор асту занонро зевар аст!
✍️Абдулқодири Бедил.
  
Зиндагӣ дар гардан афтодаст, Бедил, чора чист?
Шод бояд зистан, ношод бояд зистан!
✍️Абдулқодири Бедил.

Эҳтироми халқ, Бедил, дар либос афтодааст,
В-арна якранг аст хун дар пайкари товусу зоғ!
✍️Абдулқодири Бедил.

Ба эҳсону карам дилҳо ба даст ор,
К-аз ин беҳтар набошад дар ҷаҳон кор!
✍️Фаридуддин Аттор.

Бо мунофиқ ҳар кӣ ҳамраҳ мешавад,
Манзили ў дар таги чаҳ мешавад!
✍️Фаридуддин Аттор.


ИЛМИ ТАРБИЯ ЧИСТ?

Писарбачаҳо ҳамеша ба падари худ пайравӣ мекунанд.
Онҳоро ба худ намунаи ибрат (идеал) медонанд. «Падарам ин корро кард, пас ин дуруст аст» гуфта хулоса мебароранд. Аз ин рӯ, падар бояд дар бораи ҳар коре, ки дар пеши фарзандаш мекунад, андеша намояд.

Зеро илми тарбия - илми хеле нозук аст. Аз рӯи таҷрибаи зиндагӣ боварӣ ҳосил кардан мумкин аст, ки тарбияи фарзанди боақл ва баркамол аз ҳар як падар дониши амиқ, маҳорати хоса ва таҷрибаи зиёдро талаб мекунад.

©️ Ҷалолхон Умаров, аз «Китоби падарони асил».


@DehaiSarchashma


1⃣0⃣ – насиҳате, ки модар ба духтар пеш аз шавҳар додан гуфта буд:

Духтарам:

1⃣ Дар зиндагӣ қаноъатро пеша кун. Дар хонаи шавҳар ҳавасҳои беҷо макун, агар чанде дар бадани дугонаҳои худ, ҳамсояҳои худ аз зебогиҳо мебинӣ, дар хонаҳояшон аз зебогиҳо мебинӣ, вале ба он чизе, ки ту дар хона дорӣ, ба ӯ қаноъат кун. Шояд ҳавасҳои беҷои ту, талабҳои бе маҳали ту, мушкилоте барои шавҳари ту эҷод кунад ва он зиндагии ширини ту ба талхӣ кашида шавад.

2⃣ Бо шавҳар якдил ва якзабон бош. Гоҳо ҳолатҳое мешавад, ки ту дар ҳамон хона гуноҳе надорӣ, вале туро гунаҳгор мекунанд. Дар ҳолате, ки туро гунаҳгор карданд, кӯшиш накун, ки шавҳарро гунаҳгор кунӣ. Балки таҳаммул кун, хотимааш барои ту ба хайр меояд.

3⃣ Чашм барои дидан аст. Кӯшиш кун, ки бо ин чашм фақат шавҳари ту хубиҳо бинад, покизагиҳо бинад ва манзараҳои нек бинад. Зеро чашм аз дидани манзараҳои хуб роҳат мекунад ва аз дидани манзараҳои бад, чашм нороҳат мешавад.

4⃣ Бинӣ барои бӯидан аст. Вақте, ки дар бинӣ, буи атр ё ягон навъи хушбӯие, ки ба машом мерасад роҳат мекунад. Вақте бӯи бад ба машом мерасад, бини нафрат пайдо мекунад. Мурод аз ин сухан ин буд: Доим хонаро покиза нигаҳ дор, хонаро хушбӯй кун ва ҳамеша дар тозагии хона ва тозагии худат, бисёр бо аҳмият бош. Зеро шавҳар вақте, тозагии занро мебинад, бӯи хуши дохили хонаро мебинад, табиати ӯ дигаргун мешавад. Хоҳишоти мард, ба худи зан, дар хона ва дар зиндагӣ боз бештар мешавад.

5⃣ Вақти ғизои шавҳар. Вақти ғизои шавҳарро хатман риоя кун. Кӯшиш кун, ки вақти ғизои ӯро таъхир макунӣ. Зеро агар дар вақташ таъомро омода накунӣ, шавҳар аз ту ғазабнок мешавад, ҳамон сулҳу сафое, ки қаблан доштед, аз хонаи шумо хориҷ мешавад.

6⃣ Вақти хоби шавҳар. Вақти хоби шавҳарро низ риоя кун. Вақте, ки соати хоби шавҳар омад, барои ӯ ҷойгаҳи хобашро омода кун. Инҳо бисёр масъалаҳои нозукест дар ҳаёти ту.

7⃣ Кадбону бош. Кадбонугӣ ҳам дар зиндагӣ хеле нақш мебозад. Дар ҳар як маҳсулоте, ки шавҳар мехарад, ба харҷи беҳуда роҳ мадеҳ. Зеро пайдо кардани маҳсулот, ин ба осонӣ ба даст намеояд.

8⃣ Ҳаққи дигар нонхурҳои шавҳарро фаромӯш макун. (Падар, модар, бародар, хоҳар, хешу табори ӯ) . Онҳо ҳам нонхурҳои хонаи шавҳари ту ҳастанд.

9⃣ Ҳар чӣ сире, ки дар хонаи шавҳар бошад, фош макун.

1⃣0⃣ Агар шавҳарро дар ҳолати ғамнок дидӣ, хурсанд машав. Агар дар ҳолати шодӣ дидӣ, шод бош!

Вақте ки духтар ин насиҳатро аз модар гӯш кард, сарашро бардошту ба сӯи модараш нигоҳ кард, ки чашмони духтараш пур аз ашк буду гуфт:
- Модарҷон, ҳарчӣ гуфтед, қабул мекунам! Ман ин насиҳатҳои қиммат ва зебои шуморо дар ҳаёти худ амалӣ мегардонам.
Баъдан, ин духтар соҳиби ҳафт писар шуд, ва ҳафт писари ӯ, дар ҳар як ноҳияҳои шаҳр, салтанат ва ҳукумат доштанд.
Аз Худои меҳрубон, ки авфкунанда аст, хоҳони он ҳастем, ки Худованд болои ин хоҳарҳои мо, модарони мо шароитеро барпо кунад, ки ҳамагӣ, барои муросои оила ва барпо кардану хушбахтии онҳо ҳамрозу ҳамнафас бошанд!


© Пандҳои бузургон


Мо дар YouTube👇
https://www.youtube.com/@DehaiSarchashma
@DehaiSarchashma_bot
https://t.me/DehaiSarchashma




Kadom tashabusro beshrahi mekuned intixob kuned
Опрос
  •   Ta'miri chuybori sepoya
  •   Ta'miri obi no'shoki
  •   Ta'miri rohi changchi
  •   Ta'miri bogchayi ko'hna
56 голосов

4.5k 0 18 20 35

Видео недоступно для предпросмотра
Смотреть в Telegram
🇺🇿🇺🇿Филм дар бораи бачагӣ ва ҷавонии Ислом Абдуғаниевич Каримов

.


📢 "Tashabbusli budjet" – Имконияти шумо барои рушди диёратон!

Ҳамдиёрони азиз!

❗️Диққат❗️
📝 Агар шумо идея ё лоиҳае доред, ки метавонад мушкилоти маҳалли шуморо ҳал кунад, онро ба гурӯҳи расмии @DehaiSarchashma1 фиристед!
Мо ҳамчун маъмурони канал беҳтарин лоиҳаҳоро ба сайти "Open Budget" ҷойгир мекунем ва ба пирӯзӣ расонидан кӯмак мекунем!
Масалан таъмири роҳ, оби нӯшокӣ, таъмири ҷӯйбор (мисол Сепоя) ва дигарон

⚡ Якҷоя мушкилоти деҳаи худро ҳал мекунем!
⚡ Лоиҳаи интихобшударо дастгирӣ мекунем ва ба он овоз медиҳем



👉 Дар фикри рушди деҳа бошед, ташаббускор шавед ва овоз диҳед!

@DehaiSarchashma


📢 "Tashabbusli budjet" – Имконияти шумо барои рушди диёратон!

Ҳамдиёрони азиз!

Аз 1 феврал марҳилаи аввалини "Tashabbusli budjet" барои соли 2025 оғоз мегардад! Ин як имконияти беҳамто барои сокинони деҳа ва шаҳру навоҳӣ мебошад, ки мушкилоти муҳими маҳалли худро ҳал кунанд ва барои беҳбудии диёри худ саҳм гузоранд!

📌 Марҳилаҳои "Tashabbusli budjet":
✅ 1–20 феврал – пешниҳоди лоиҳаҳо
✅ 21 феврал – 7 март – баррасии лоиҳаҳо
✅ 8–10 март – таблиғи лоиҳаҳо
✅ 11–20 март – овоздиҳӣ барои лоиҳаҳои беҳтарин


🏆 Ғолибон 21 март, дар арафаи Иди Наврӯз эълон карда мешаванд!

@DehaiSarchashma


Бо ифтихор ва сипоси беандоза, мактаби таълими умумии рақами 57 бо ҷамъ овардани 5056 овоз дар озмуни муайян кардани мактаби фаъолу пешқадами ноҳияи Шаҳрисабз ҷойи дувумро ишғол кард!

🔥 Ин танҳо як рақам нест – ин рамзи садоқат, ваҳдат ва муҳаббати бепоёни хатмкунандагон ва ҳаводорони мактаби мост!

🟢 Овозҳои зиёде барои мактаби мо дода шуданд, ва ин далели он аст, ки 57-мактаб танҳо як муассисаи таълимӣ нест, балки як оилаи бузург, як рамзи таърих ва пешравист!

💚 Мо бо натиҷаи бадастовардаамон фахр мекунем ва боварӣ дорем, ки талошҳои шумо, муҳаббати шумо ва дастгирии шумо 57-мактабро ҳамеша дар сафи пеш нигаҳ медорад!

✨ Ба ҳамаи онҳое, ки дар ин раванди овоздиҳӣ иштирок карданд, аз таҳти дил ТАШАККУР!
✨ Дар оянда низ бо ҳамдигар муттаҳид монем ва ба рушди мактаби худ саҳм гузорем!


📌 Ғолиб танҳо ҷойи аввалро гирифтан нест, балки садоқат ва муҳаббати халқро соҳиб будан аст!

@DehaiSarchashma


Репост из: ОВОЗИ ТОҶИК
ПУРСИШНОМА ДАР БАЙНИ МАКТАБҲОИ ШАҲРИСАБЗ АНҶОМ ЁФТ!

Дар пурсишнома, ки аз 25 январ (соати 11:00) то 31 январ (соати 10:00) идома ёфт, 12818 нафар шаҳрвандон овоз доданд.

Муфассал 👉 https://ovozitojik.uz/news/view?slug=pursishnoma-dar-bajni-maktabxoi-shaxrisabz-anjom-yoft

Телеграм | Фейсбук | Шабака | Барои муроҷиат


Assalomy alaykum hurmatli qadirdonlar azizlar Sarchashma qishlogi uchun 57-maktabni qo'lab quvatlaylik   sizning qo'llab quvatlashingiz biz uchun juda muhim o'tkazib yubormang gruppalargayam tarqating iltimos qulab quvatlang  oldindan raxmat https://t.me/ovozi_tojik_1924/1147




Репост из: SHAHRISABZ24
Видео недоступно для предпросмотра
Смотреть в Telegram
#Тезкор #Диққат #Тарқатинг

⚡️Энди мактабларда назорат янада қаттиқлашади.

Миллий гвардия ходимлари ота-оналарни фарзандлари мактабга бормагани учун мустақил равишда жарима солишлари мумкин бўлади.

❗️ Жарималар:
• Биринчи марта дарсга
қатнашмаса: 340 000 сўмдан 1 700 000 сўмгача. 
• Такроран дарс қолдирса: 3 400 000 сўмгача.

ТЕЗДА ОТА-ОНАЛАРГА ТАРҚАТИБ, ОГОҲЛАНТИРИБ ҚЎЙИНГ.

👉 @SHAXRISABZ - энг тезкор ва мухим янгиликлар каналига аъзо бўлинг❗️


Қашқадарёда маҳаллийлаштириш доирасида янги гидроэнергетик қувват ишга туширилди

Президентимиз Шавкат Мирзиёев томонидан мамлакатимизда экологик тоза, арзон ва қайта тикланувчи энергия манбаларини кўпайтириш ҳамда мавжуд қувватларни оширишга алоҳида эътибор қаратилмоқда.

Бугун, давлатимиз раҳбари ташаббуси билан вилоятнинг Шаҳрисабз туманидаги Ҳисорак сув омбори қошида янгидан барпо этилган, энергетик қуввати 3,5 МВтга тенг, йилига ўртача 17,5 млн. кВт.соат электр энергияси ишлаб чиқарувчи Ҳисорак кичик ГЭС фойдаланишга топширилди.

Ушбу тадбирда Ўзбекистон Республикаси Бош вазири ўринбосари Очилбой Раматов, соҳа мутахассислари, маҳаллий аҳоли ҳамда ОАВ вакиллари иштирок этди.

Маълумот ўрнида, мазкур ГЭСнинг лойиҳа қиймати 1,5 млн. долларга тенг ва у йилига ўртача 5 млн. м3 табиий газ иқтисод қилинишига замин яратади. Шунингдек, ишга туширилган мазкур ГЭС томонидан ишлаб чиқариладиган электр энергия 7 300 та хонадонни нурафшон қилишга хизмат қилади.

📸 З.Музаффаров.
Telegram|YouTube|Facebook|Instagram|X




Видео недоступно для предпросмотра
Смотреть в Telegram
⚡Мана нимага картошка қимматлаб кетди

Қозоғистондан Ўзбекистонга келаётган 43 та вагонда картошка чегарада текширувда 10 кун қолиб кетиб музлаб чириб кетибди 😨

Қарийб 2800 тонна картошка Қозоғистон пости томонидан узоқ ушлаб турилиши натижасида чириб кетибди

Шунча картошка увол бўлибди, 2 миллион 800 минг килограмм, хайвонга хам бериб бўлмайди дейишмоқда


@DehaiSarchashma




Islom Abdugʻaniyevich Karimov
🌹🌹🌹🌹🌹🌹🌹🌹🌹🌹🌹🌹

💟Tug‘ilgan sanasi: 30-yanvar, 1938-yil


➡️Asosiy faoliyati va ishlari⬅️
⬇️
🔘1989-yilda O‘zbekiston Kompartiyasi Markaziy Qo‘mitasining birinchi kotibi bo‘ldi.

🔘1990-yil 24-martda O‘zbekiston SSR Prezidenti etib saylandi.

🔘1991-yil 31-avgustda O‘zbekiston mustaqilligini e’lon qildi.

🔘1991-yil 29-dekabrda mustaqil O‘zbekistonning birinchi prezidenti etib saylandi.

🔘1995, 2000, 2007 va 2015-yillarda prezidentlik muddati uzaytirildi.

🔘Davlat mustaqilligi, iqtisodiy rivojlanish va ichki barqarorlik yo‘lida islohotlar o‘tkazdi.

🔘Tashqi siyosatda neytral yo‘l tutdi va mustaqil O‘zbekistonni dunyoga tanitdi.✅

🥹🥹🥹🥹🥹🥹🥹🥹🥹🥹
2016-yil 2-sentabr kuni vafot etdi va Samarqandda dafn qilindi.
🥹🥹🥹🥹🥹🥹🥹🥹🥹🥹

Bugun 30-yanvar – Islom Karimovning tug‘ilgan kuni. Agar u tirik bo‘lganida, 87 yoshga to‘lgan bo‘lardi.

🌷🌹🌷🌹🌷🌹🌷🌹🌷🌹
Bobomiz har on yodimizda❗️ 🌞
🌷🌹🌷🌹🌷🌹🌷🌹🌷🌹


МАКТАБИ 57 – МАКТАБИ СОДИҚОН ВА ҒОЛИБОН!

Муштариёни азизи канали Деҳаи Сарчашма!

МАКТАБИ 57 на танҳо як муассисаи таълимӣ, балки рамзи садоқат, дониш ва пешравист! Агар ин мактаб ба шумо илму хирад дода, роҳи зиндагиятонро равшан намуда бошад, имрӯз вақти он расидааст, ки муҳаббат ва садоқати худро ба он нишон диҳед!

ФАРДО – РӮЗИ ОХИРИН!
Рафти овоздиҳӣ ба анҷом наздик мешавад! Ҳар як овоз муҳим ва ҳалкунанда аст! Агар боварӣ доред, ки мактаби 57 фаъолтарин ва пешқадамтарин аст, боз як бори дигар талош кунед ва ба он овоз диҳед!

⚡ Ин танҳо як озмун нест – ин ифтихори мактаб, омӯзгорон ва ҳамдиёрони мост!

Ғалаба бо онҳое хоҳад буд, ки мактабашонро дӯст медоранд ва дар ҳар як қадамашон садоқат нишон медиҳанд!
Имрӯз ва фардо – танҳо барои мактаби 57 овоз медиҳем!

📌 Садоқат – ба ғалаба мебарад!
👇👇👇
https://t.me/ovozi_tojik_1924/1147

@DehaiSarchashma



Показано 20 последних публикаций.