БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ МЕОМӮЗЕМ!


Гео и язык канала: Узбекистан, Узбекский
Категория: Лингвистика


КАНАЛИ ИЛМӢ, ФАРҲАНГӢ БАРОИ ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ УМУМ.
МАВОДҲО ТАНҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ГУЗОШТА МЕШАВАД.
БА КАНАЛ ДӮСТОН ВА ФАРЗАНДОНИ ХУДРО ҲАМРОҲ КУНЕД ВА БА ДИГАРОН ҲАМ ИН КАНАЛРО ТАВСИЯ НАМОЕД, ҚАДРДОНҲОЯМ!
БО МО БОШЕД ВА ИЛМ ОМӮЗЕД!
ИЛМ НАҶОТИ МОСТ!

Связанные каналы  |  Похожие каналы

Гео и язык канала
Узбекистан, Узбекский
Категория
Лингвистика
Статистика
Фильтр публикаций




Латифаҳо (барои бачагон).pdf
2.1Мб
Латифаҳо (барои бачагон).pdf

        ┄┅অঠই✯❀✯ইঠঅ┅┄

http://T.ME/BO_ZABONI_TOJIKI_MEOMUZEM


Видео недоступно для предпросмотра
Смотреть в Telegram


Видео недоступно для предпросмотра
Смотреть в Telegram
🔶

Эй, забони меҳру эҳсону нисор,
Эй, забони атру борони баҳор.

Эй, забони гуфтугӯи авлиё,
Эй, забони ишқу тамкину ҳаё.

Эй, забони шеъру фарҳангу ҳунар,
Аз ту шунаво гашт хоҳад, гӯши кар.

Эй, забони сирри маргу зиндагӣ,
Эй, забони ҳастию пояндагӣ.

Эй, забони махфиёту обу гил,
Эй, забони гуфтугӯи ҷону дил.

Эй, забони теша бар санги хамӯш,
Эй, забони теша хоро шӯълапӯш.

Эй, забони ҷумлаи миррихиён,
Эй, ту ширинтар зи лафзи ҳиндуён.

"Шоҳнома" гашта тахти қудратат,
Килки Фирдавсист тоҷи давлатат.

Гашта "Девони Кабират" осмон,
"Маснавӣ" паҳнои ту то ҷовидон.

"Кимиё" боли малак мебахшадат,
Рӯдаки пушти самак мебахшадат.

Ҳофиз андар ҳифзи ту бо шеъри тар,
Ҳаст дар ҳар хона девонаш сипар.

Эй, тану ҷони маъонии баланд,
Бе ту маъниро чӣ сон орам ба банд?

Он ғалатгӯ дар забони модарӣ,
Ранҷ аз гуфтан кашад лафзи дарӣ.

Эй, забони форсии тоҷикӣ,
Кӯб он беҳурматонро тарсакӣ!!!

🔶

https://t.me/BO_ZABONI_TOJIKI_MEOMUZEM


Видео недоступно для предпросмотра
Смотреть в Telegram
ЗАБОНИ МОДАРӢ.

Забони модариам - давлати ман,
Ғуруру ифтихору қудрати ман.
Забонам ҳасту ман ҳам зинда ҳастам,
Забони ман нишону миллати ман.

Забонам чашмасори рӯзгор аст,
Тароватбахш монанди баҳор аст.
Чу шеъри Рӯдакӣ зебою дилкаш,
Мисоли шеъри Ҳофиз ширадор аст.

Бурун ояд забон аз коми модар,
Чу меҳри ноороми модар.
Чу шири модар поку муқаддас,
Азизу мӯътабар чу номи модар.

Забони модарӣ –рӯди Зарафшон,
Забони модарӣ – лаъли Бадахшон.
Забони модарӣ чун ғунчаи гул,
Забони модарӣ – чун мурғи хушхон.

Забони модарӣ қанду набот аст,
Забони модарӣ мағзи ҳаёт аст.
Забони модараш ҳар кас надонад,
Ҳақиру бенавою бебисот аст.

Забонам! Чун ҳумо парвоз бинмо,
Чу мутриб пардаи дил соз бинмо.
Забонро ҳар касе покиза дорад, Дари бахташ, Худоё, боз бинмо!

Салим КЕНҶА.


           ┄┅অঠই✯❀✯ইঠঅ┅┄

http://T.ME/BO_ZABONI_TOJIKI_MEOMUZEM


















Видео недоступно для предпросмотра
Смотреть в Telegram
Видеосообщение













Показано 20 последних публикаций.