Видео недоступно для предпросмотра
Смотреть в Telegram
ЗАБОНИ МОДАРӢ
Бихоҳам мисли булбул дар бари гул,
Нишаста бо забони он сароям.
Биомӯзам ки рози поки онро,
Занам ранге ба оҳанги садоям.
Забони булбуле омӯзам аз нав,
Ки тоза он чу гул пок асту борик.
Биомезам садою атри ҳар ду,
Бигирад шира боз ҳам лафзи тоҷик.
Аё эй модари мушфиқи миллат,
Нигар бо тарзи лафзи баччагонат.
Надонанду намехонанд тоза,
Суруди "Алла" -ат бо хуш забонат.
Маро маъзур доред ҳамзабонҳо,
Ба ҳаққи эҳтироми шири Модар,
Бисозем пок забону хуш сароем,
Ба шаъни модари худ шеъри Модар!
ОЗАРМЕҲР
@DehaiSarchashma
Бихоҳам мисли булбул дар бари гул,
Нишаста бо забони он сароям.
Биомӯзам ки рози поки онро,
Занам ранге ба оҳанги садоям.
Забони булбуле омӯзам аз нав,
Ки тоза он чу гул пок асту борик.
Биомезам садою атри ҳар ду,
Бигирад шира боз ҳам лафзи тоҷик.
Аё эй модари мушфиқи миллат,
Нигар бо тарзи лафзи баччагонат.
Надонанду намехонанд тоза,
Суруди "Алла" -ат бо хуш забонат.
Маро маъзур доред ҳамзабонҳо,
Ба ҳаққи эҳтироми шири Модар,
Бисозем пок забону хуш сароем,
Ба шаъни модари худ шеъри Модар!
ОЗАРМЕҲР
@DehaiSarchashma