Санаи 6-уми феврали соли ҷорӣ, як гурӯҳ донишҷӯёни Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, дар заминаи нофаҳмиҳои лафзӣ Бобоев М., сокини 29-солаи н.Деваштичро мавриди латукӯб қарор дода, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардаанд.
Дар натиҷаи санҷиш аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт донишҷӯёни курси дуюми донишгоҳи мазкур Юсупов А., Сайитов Ҷ., Шомуродов Х., Бабакулов И., Икромзода А., ва Самадов Ш. дастгир карда шуданд.
Барои дағалона вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ нисбати ҳамаи иштирокчиёни муноқиша бо моддаи 460 (Майдаавбошӣ) КҲМ Ҷумҳурии Точикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, нисбати ҳар кадоме ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7 шабонарӯзӣ таъин карда шуд.
@dushanbe_police_tj