ШАБАТ ХУШ БОД,
МАН РАФТАМ!
Ало,шаббодаи шабҳо, шабат хуш бод, ман рафтам,
Ало,эй Шабнами лабҳо,шабат хуш бод,ман рафтам!
Ало,боди сабзи ишқ, ошиқро салои ишқ,
Раҳо аз қайди қолабҳо, шабат хуш бод, ман рафтам!
Ало,рӯйи гулободуд, в-эй чашмони хоболуд,
Ба зери чатри кавкабҳо ¹, шабат хуш бод,ман рафтам!
Ало,эй ринди озода,ба зулфи ёр дил дода,
Ало,эй пири машрабҳо, шабат хуш бод,ман рафтам!
Ало ,эй Офтоби ноз, хуш то субҳ хоби ноз!
Ману то рӯз "ё Раб"-ҳо² ,шабат хуш бод,ман рафтам!
Чу Ҷаъфар бо дили бемор,бо дидаи бедор,
Ба дил ногуфта матлабҳо... Шабат хуш бод,ман рафтам!
ҶАЪФАР МУҲАММАД ТИРМИЗӢ..
🍃🍃🍃🍃🌸🍃🍃🍃🍃