#Назм
Гар ба ман ёр шавӣ в-ар нашавӣ,
Ту ҳамон ёрию дигар нашавӣ.
Ман ба дида назаре ҳам накунам,
Гар ту дар дида мусаввар нашавӣ.
Эй дил, ин дард, ки дорӣ, гар аз ӯст,
Шарбате нӯш, ки хуштар нашавӣ.
Машав, эй дида, шаби ҳиҷрон хушк,
Ки чу бинӣ рухи ӯ, тар нашавӣ.
Махур, эй зоҳиди ғамхора, ғамам,
Ғами худ хур ту, ки лоғар нашавӣ!
Эй ҳасуд, аз ғами ӯ гар нолам,
Ту чаро кӯр шавӣ, кар нашавӣ?
Бар дараш ҳалқа задам, гуфт: Камол,
Хоки ин дар нашавӣ, дар нашавӣ.
✍️ Камоли ХуҷандӣTelegram |
YouTube |
Facebook |
Site