Дебоча
Ду навъи кӯҳ ҳаст: яке ин ки аз хоку санг, яъне ҷимодот ва гулу гиёҳ, яъне намодот халқ шудааст ва ин навъи кӯҳ, дар асл кӯҳи маҷозист. Навъи дуввум ва воқеъан навъи аслӣ ва ҳақиқии кӯҳ, ҳамон инсонест, ки дар вуҷуди хокии худ ормонҳо ва орзуҳо, дардҳо ва дармонҳо, васлҳо ва ҳиҷронҳо, талхиҳо ва шириниҳо, шодиҳо ва андӯҳҳои башарро ҷой додааст.
Рӯзибойи Қурбониён - ин Аббулкӯҳи Ғелонӣ, бемуҳобот яке аз ин гуна кӯҳҳои аслӣ ҳастанд. Бародар ва дӯсти азизам, инсоне, ки ранҷҳои рӯзгор ва дардҳои оламу одамро ҳам ба дил ва ҳам ба дӯши худ мекашад - Рӯзибойи Қурбониён имрӯз зодрӯз доштанд. 62 солагиро барояшон хуҷаста бод, мегӯям ва ин шеърро, ки солҳо пеш дар хобам дидаву гуфта ва рӯйи коғаз овардаам, дубора тақдимашон медорам.
ТО БАЛАНДИИ АНОҲИТОӢ
Барои дӯстам Рӯзибой Қурбониён
Ману ту зодаи як силсилакӯҳ,
Ману ту зодаи як деҳкадаем.
Ману ту шаҳр ба шаҳр,
Кӯҳ ба кӯҳ
Аз Бухорои Сухан омадаем.
То баландии аноҳитоӣ,
Кӯҳҳои ману ту ҳамназаранд.
То “Бағоняшт”-и Спитомино
Рӯдҳои ману ту ҳамсафаранд.
Ману ту зодаи як кӯҳи баланд,
Ду мусофир зи дили чил садаем.
Ману ту зодаи як шаҳри азим,
Ману ту яшти як оташкадаем.
Кӯҳҳои ману ту ҳамшаҳрӣ,
Рӯдҳои ману ту ҳам хешанд.
Чашмаҳои ману ту ҳамшира,
Роҳҳои ману ту ҳамкешанд.
Аз раҳи дури пур аз хору газанд
Ману ту обилапо омадаем.
Ману ту аз сари як Кӯҳи Хирад
То дари Шаҳри Худо омадаем.
Тошканд, 26 декабри соли 2010