ЁРОНИ ХУДО, ХУДО ШАВАД ЁРИ ШУМО...
Чанд рӯз аст, ки паёмҳои шодбошӣ ва саршори меҳру самимияти устодон, пайвандон, дӯстон, ҳампешагон, бародару хоҳарон, инчунин, ошнову ноошноён тариқи телефон ва шабакаҳои иҷтимоӣ рӯзу рӯзгори моро файзу фараҳ мебахшанд.
Барои табрику таҳният ва орзуву ниятҳои нек ба муносибати зодрӯзи инҷониб аз якояки Шумо - азизон сипосгузорам ва бароятон беҳтарин лаҳзаҳои рӯзгор, толеи баланду дили аз ишқ саршорро аз боргоҳи карами Ҳақ таманно дорам:
Ёрони Худо, Худо шавад ёри шумо,
Ёриву мадад диҳад ба ҳар кори шумо.
Дӯстони азиз! Дар ин лаҳза мехоҳам хушнудиеро аз ҳаёти худ бо Шумо ба ҳам бубинам. Инак, аз рӯйи ихтисоси “Забон ва адабиёти халқҳои Осиё ва Африқо” (10.00.05) докторант(PhD)-и Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов гардида, кори илмиро оғоз кардем.
Дуо кунед, ки дар шоҳроҳи илм Офаридгор ёвару мададгор бошад ва баҳри омӯзиши саҳфае дар адабиёти ғановатманди тоҷик саҳме гузошта бошем.
✍️ БО ЯК ҶАҲОН СИПОС ВА МЕҲР!