КАНЗИ ШИФО. ДОРУХОНАИ ТАБИӢ.


Гео и язык канала: Узбекистан, Узбекский


📖📖📖 ДАР САҲИФА БЕҲТАРИН НАМУНАҲОИ ДАВОӢ АЗ КИТОБҲОИ ТИББИИ ТОҶИКИЮ ФОРСӢ ДОХИЛ ГАРДИДААНД.
📚📚📚 ИН САҲИФА БАРОИ ХОНАНДАГОНИ УМУМ ПЕШНИҲОД МЕГАРДАД.
✋✋✋ БО МО БОШЕД ВА ДӮСТОНАТОНРО ҲАМ БА САҲИФА ТАКЛИФ НАМОЕД.
БАРОИ ИШТИРОК ТАШАККУР!
@KANZI_SHIFO

Связанные каналы  |  Похожие каналы

Гео и язык канала
Узбекистан, Узбекский
Статистика
Фильтр публикаций


Видео недоступно для предпросмотра
Смотреть в Telegram


Панҷ рукни саломатӣ:

1. Дуруст ғизо хӯрдан.
Албатта маънои дуруст ғизо хӯрдан ин бисёр хӯрдан нест, балки дар вақти муносиб ва миқдори муносиб ва чизҳои муфид хӯрдан аст.

2. Хоби дуруст рафтан, истироҳати ҷисм.
Бояд ҷисм ҳаққи худро аз хоби шаб гирад.
7-8 соати хоби шаб (на вақти дигаре) барои асабҳо ва барои истироҳати ҷисму ҷон муҳим аст.

3. Қадри зарурӣ об нӯшидан.
Бояд шахс дар давоми рӯз то 1,5 литр ва зиёда об нӯшад.
Ин миқдор обро на дар якборагӣ, балки андак андак дар давоми рӯз бояд нӯшид.

4. Роҳ рафтан ва ё давидан ва умуман ҳаракат додану варзиши бадан ба қадри имкон.

5. Шоду масрур будан.
Зеро, ки ғаму андӯҳ ва рӯҳафтодагӣ ҷисму ҷони инсонро харобу фосид мекунад.
Ва албатта беҳтарин роҳи расидан ба шодӣ ва фароғат ин имон аст.
Имон ба ин, ки Аллоҳ таъоло корсоз аст ва банданавоз асту корҳояш беҳикмат нест. Имон ба қазову қадари илоҳӣ, ки пур аз ҳикмат ва маслаҳат аст.
Гумони нек ба Парвардигор.
Хушфол ва хушбин будан.
Розӣ будан ба корҳои Аллоҳ таъло ва эътимод кардан ба Ӯ ва таваккул бар Ӯ доштан.
Маъюс ва ноумед набудан...
Ин чизҳо сабаб мешавад, ки банда доимо шод асту рӯй ба Парвардигораш дорад.

🗒 Тарҷумаи Муҳаммадазиз Раҷабӣ аз забонҳои арабӣ ва русӣ.

http://t.me/KANZI_SHIFO


#Байрам_муборак

🦷 9 феврал – рӯзи байналмилалии стоматолог (духтури дандон)-ҳо мебошад!

Бо байраматон табрик менамоем, стоматологҳои азиз! Ҳамеша сиҳат-саломат бошед!!

http://t.me/KANZI_SHIFO


Ҳафт қадам барои муқобила бо аллергия!

⚠️⚠️⚠️⚠️⚠️⚠️⚠️⚠️⚠️⚠️⚠️⚠️⚠️⚠️

Ҳассосиятҳои фаслӣ (алергия) яке аз бисёртарин бемориҳое аст, ки ба сурати солона бар раванди зиндагии афрод бисёр зиёд таъсир мегузорад.

Аз нишонаҳои хурӯҷи  ин ҳассосият (алергия) метавон ба   сӯзиши  гӯш ва чашм , обрезиши бинӣ ва мушкилоти пустӣ ишора кард. Дар ин матлаб қасд дорем то шуморо бо роҳҳое  ба манзури  муқобила бо ин ҳассосият ошно кунем. Яке аз далоили аслии бурузи ҳассосият ҳаракати гарди гулҳо ва дарахтон  дар муҳите аст, ки ба кумаки бод ба нуқоти мухталиф пахш мешавад.

Ба манзури дар амон мондан аз ин гардаҳо саъй кунед то дар замоне, ки дар манзил ва ё муҳити корӣ ҳузур доред  то ҳадди имкон дарҳо ва панҷараҳоро боз  нигоҳ доред. Бар асоси таҳқиқоти ба амал омада аз суи коршиносон мушаххас шуда аст, ки мизони гардафшонӣ дар субҳ бештар аз замонҳои дигар аст ва афроде, ки дучори алергияи фаслӣ ҳастанд то ҳадди имкон  аз будан дар фазои боз  дар ин соъатҳо  худдорӣ  кунанд.

Либосҳои  худро ба манзури дур мондан аз гардҳо ба таври мураттаб такон дода ва бишуяд. Ин кор аз тамоси пусти шумо бо  омилҳои ҳассосиятзо пешгирӣ мекунад. Саъй кунед то дар сурати имкон ҳар шаб як бор душ бигиред. Ин душ  гирифтан боъис мешавад то гарду ғубор ба унвони омили  ҳассосият аз байн биравад. Саъй кунед то бо риъояти назофат ва тамиз кардани хона ба сурати муназзам аз таҷамуъи гарду ғуборе, ки метавонад ба шиддат ёфтани нишонаҳои ҳассосият кӯмак кунад, пешгирӣ намоед.

Дар замоне, ки дар ҳоли ҳаракат бо худрав (автомашина) ҳастед, шишаҳои мошинро боло дода ва саъй кунед то аз системи таҳвия(вентилятсия)-и худрави  худ истифода кунед. Бо вуҷуди амал ба ин тавсияҳо мумкин аст ки шумо ҳамчунон бо аломатҳои ҳассосиятӣ  гирифтор  бошед. Дар ин сурат ба пизишк муроҷиъат карда ва аз доруҳои  муносиб истифода кунед.

⚠️⚠️⚠️⚠️⚠️⚠️⚠️⚠️⚠️⚠️⚠️⚠️⚠️⚠️

@KANZI_SHIFO
https://t.me/KANZI_SHIFO


#Зарари_телефонҳои_дастӣ #барои_саломатӣ!

⚠️⚠️⚠️⚠️⚠️⚠️⚠️⚠️⚠️⚠️⚠️⚠️⚠️⚠️

Дар як таҳқиқ асароти асабӣ-рафтории сокинони атрофи антенаҳои телефонҳои дастӣ ё ҳамроҳ(мобилӣ) мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки натиҷаҳо нишон дод амвоҷи электромагнитии фреконсҳои радиоии (RFR) бар рӯи тавоноии ҳофиза таъсир мегузорад!

Тибқи ин таҳқиқ аз 85 дар сади ашхосе, ки дар маърази  ин мавҷҳо буданд, ҳудуди  28 дар сад дучори  тағйири ҳофиза шуданд ва мушкилоти  асабиро  гузориш карданд!

Таҳқиқи дигаре нишон дод, ки  270 мард ва 260 зан, ки  дар фосилаи 100 метрӣ аз ин антенаҳо  зиндагӣ  мекарданд, дучори  мушкилоти  ҳофиза  шуда буданд.

Бар асоси  таҳқиқе, ки дар  маҷалаи Уротоксиология  мунташир  шуд мушаххас шуд, ки  23/5 дарсади ашхоси  дар маърази  тобиши  амвоҷи антенҳо  буда ба сардард ва мушкилоти хоб дучор шуда буданд,

21/7 дарсади ашхос аз афсурдагӣ ранҷ мебурданд ва 18/8 дарсад ба саргиҷӣ  мубтало шуданд. Вале  гуруҳе, ки дар маърази  ин амвоҷ қарор нагирифтанд камтар аз ниме аз ин  аломатҳоро доштанд.

Бар асоси таҳқиқи дигар мушаххас шуд, ки ашхоси  бо фосилаи 300 метрӣ аз антенаҳои   мухсуси телефони  дастӣ  ҳкзкр дошта  ба мушкилоте монанди хастагӣ, сардард ва мушкилоти  хоб дучор  шуданд ва ашхосе, ки дар  фосилаи  100 метрӣ аз ин антенаҳо   зиндагӣ мекарданд  илова бар  мушкилоти  ҳофиза ба мушкилоте монанди таҳрикпазирӣ, афсурдагӣ ва саргиҷӣ  мубтало  шуданд.

Ҳамчунин мушаххас шуд мушкилоте монанди сардард, ҳолати дилбеҳузурӣ, коҳиши иштиҳо, мушкилоти хоб, афсурдагӣ, халалдоршавии   биноӣ ва эҳсоси нороҳатӣ дар занон  бештар  буд.

Ба гуфтаи Созмони  беҳдошти ҷаҳонӣ бархе ашхос аз бемории  афзоиши  ҳассосият ба  амвоҷи   электромагнитӣ  ранҷ мебаранд. Бинобар тавсияи Созмони беҳдошти  ҷаҳонӣ ин гуруҳ аз ашхос бояд кор ва зиндагии худро дар наздикии ин минтақаҳо раҳо кунанд ва маҳалли сукунати худро  тағйир диҳанд.

Сурх шудани  пуст, сузан-сузан шудани(гиз-гиз кардан) по ва сузиши он, хастагӣ, надоштани  тавоноӣ дар тамаркузи зеҳнӣ, саргиҷӣ, ҳолати  дилбеҳузурӣ , таппиши  қалб ва ихтилолоти гуворишӣ  аз ҷумлаи зарарҳои ин антенаҳо аст.

Ба гуфтаи  идораи  ғизо ва дору, амвоҷи электромагнитӣ  бо бархе дастгоҳҳои пизишкӣ тадохул пайдо мекунанд, масалан  гузориш дода шудааст дастгоҳе, ки барои  танзими  зарабони  қалб дар қафасаи  сина кор гузошта мешавад дар асари  тадохул бо  амвоҷи  электромагнитӣ дучори мушкил мешавад.

Аз ин ру  ба беморони қалбӣ тавсия мешавад аз гузоштани  телефони ҳамроҳ дар наздикии қафасаи  синаи худ мисли кисаи  пероҳан  худдорӣ кунанд.

Нигаронӣ дар бораи  саратон дар асари интишори амвоҷи  электромагнитӣ вуҷуд дорад, зеро коршиносон муътақиданд энергияи ин амвоҷ ба ҳадде  қавӣ ҳастанд, ки метавонанд DNA  ҳуҷайраҳоро вайрон  кунанд ва  мунҷар ба саратон шаванд. Илова бар ин метавонанд мунҷар ба  вайроншавӣ  ва осеби бофтҳои инсонӣ шаванд.

Мутолиае тавассуи  доктор Брюс Хокинг     дар Астралия анҷом шуд. Ин таҳқиқ бар руйи гуруҳе аз кудакон, ки  дар наздикии антенаҳои   амвоҷи  электромагнитӣ буданд, анҷом  гирифт. Натиҷаҳои ин  мутолиа  баёнгари  он буд, ки  мизони  саратони хун  дар кудаконе, ки наздики ин антенаҳо зиндагӣ мекарданд ду баробари  кудаконе буд, ки  дар наздикии антенаҳо  набуданд.

Мутолиоти  анҷом гирифта баёнгари   осеби  DNA   ва зарари   бархоста аз антенаҳои  телефони ҳамроҳ мебошад. Ин мутолиот иртиботи  амвоҷи ин антенаҳо бо бемориҳое монанди саратон,  варами мағзӣ, фаромушхотирӣ  ва афсурдагиро низ  баён медорад.

🌸 🌸🌸🌸🌸💮🌼💮🌸🌸🌸🌸🌸

@KANZI_SHIFO
https://t.me/KANZI_SHIFO


#Қуръон ва #Асал...

@KANZI_SHIFO


#Хосиятҳои_равғани_зайтун...

🍶🍶🍶🍶🍶🍶🍶🍶🍶🍶🍶🍶🍶🍶

Рағани зайтун дорои навъе аз тезоб аст, ки он боиси дарозумрӣ ва коҳиши бемориҳое мешавад, ки бар асари истифодаи равғани ғализ ба вуҷуд меоянд.

Имом Ризо (a) ба хосиятҳои равғани зайтун чунин ишора намуда:

Боиси накӯии ахлоқ ва аз байни бурдани ғаму ғусса мешавад. Он ғизои хубе аст, ки даҳонро хушбӯ ва балғамро бартараф месозад, ҷеҳраро сафо ва тароват мебахшад, аъсобро тақвият карда, беморӣ, дарду заъфро аз миён мебарад ва дарди пайвандҳои мӯшакҳоро бартараф менамояд; оташи хашмро фурӯ менишонад.

Ҷилавгирӣ аз кафидани лабҳо. Имом Ризо (a) ҳамчунин мефармоянд: ҳар касе мехоҳад, лабҳояш накафанд, ба лабҳои худ равғани зайтун бимолад.

Дармони бодҳои бадан. Эшон дар ривояти дигаре мефармоянд: агар касе мехоҳад дучори бодҳои сард нашавад, бадани худро равғани зайтун бимолад.

Дигар хосиятиҳои муфиди истифодаи равғани зайтун:

Равғани зайтун баръакси равғанҳои ғализу шахшуда фоидаҳои зиёде барои саломатӣ дорад:

- саломатии рагҳоро таъмин мекунад;

- монеи осеб расондани радикалҳои озоде мешавад, ки дар системаи дил аз чарбиҳову равғанҳо ба вуҷуд омадаанд;

- хелостерини хун, бахусус навъи бади он, LDL-ро коҳиш медиҳад, бидуни ин ки навъи хуби он, яъне HDL коҳиш пайдо кунад;

- монеи тамоили лейкотситҳои девори рагҳо шуда, дар натиҷа, танг шудани рангҳоро пешгирӣ менамояд;

- ба иллати чарбии MUFA доштан боиси васеъ шудани шоҳрагҳо мешавад, ки аз ин тариқ ба коҳиши фишори хун ва бемориҳои дил сабаб гашта, баданро аз садамаи радикалҳои озод ҳифз мекунад. Бад-ин тартиб он боиси коҳиши гирифторӣ ба навъҳои гуногуни саратон, хусусан саратони пӯст, рӯда ва саратони пистон дар занон мешавад.

- боиси коҳиши лаъл бастани хун мешавад;

- фишори баланди хунро коҳиш медиҳад;

- боиси тақвияти милки дандон гашта, хунравии милки дандонро шифо мебахшад;

- ҳофизаро тақвият мебахшад;

- сафед шудани мӯйро пешгирӣ менамояд;

- дарди тарбодро таскин мебахшад.

P S: Ин равған бояд дар маконҳои торику сард нигаҳдорӣ шавад!

✅✅✅✅✅✅✅✅✅✅✅✅✅✅

@KANZI_SHIFO
https://t.me/KANZI_SHIFO


☘☘☘☘☘☘☘☘☘☘☘☘☘☘

#Бобуна...

Фоидаҳои гиёҳи
#Бобуна:
мизоҷи он гарму хушк ва латиф аст, ки моддаҳоро ҳал кунад.

#Фоидаҳо:
тақвияткунандаи меъда,
зидди ангал,
зидди таб,
равонкунандаи шикам,
сафробар,
иштиҳоовар,
оромбахши асаб,
ширро зиёд мекунад,
бозкунандаи рагҳо,
рақиқкунандаи хун,
камхунӣ,
захми меъда,
варами меъда,
обрезиши чашм,
дардҳои умумии бадан,
дардҳои ремотисм,
сардардҳои кӯҳна,
мигрен,
хастагиро аз мард мебарад,
дардҳоро ором мекунад,
мағзро қавӣ мекунад,
асабро қувват бахшад
табро ки аз уфунати (захм) савдо ё балғам бувад дармон кунад.
Агар дар оби он шинан ҳайзро дар вақташ кушояд.
Сангро дар гурда хурд кунад,
барои ҷигар фоида дорад
гулашро куфта банданд варамҳоро дармон кунад ва узвҳои сахтро мулоим кунад,
обашро ҷӯшонда нӯшанд гиреҳи узвҳоро мекушояд,
майна ва асабҳоро қавӣ мегардонад,
қуввати мардинаро меафзояд,
бар муқобили заҳрҳо мебошад,
барои бемориҳои вобаста ба майна ва дарди сар дору мешавад,
барои дарди чашм, гӯш, дамкӯтаҳӣ, зардпарвин ва ба дардҳои даруни шикам фоида дорад.
Агар дар обе ки ин гиёҳ ҷӯшондааст бишинанд фоидаҳои мазкурро дорад.
Агар ин гиёҳро бихоянд ҷӯшиш ва пухтагии даҳонро дармон мекунад.
Ба обе ки ин гиёҳ ҷӯшонда шуда бошад чашмро бишӯянд, дарди онро сиҳат кунад.
Агар ин гиёҳро дуд кунанд аз дуди он ҷонварони зарарнок дур мешаванд
(ҷойгузини ин гиёҳ говчашм ва бӯимодарон аст).
Дар рӯз то 15 грамм метавонанд истифода кунанд.
Ислоҳи он карафс ё асал аст.

Манбаъ: Тибби ниёгон.

🍀🍀🍀🍀🍀🍀🍀🍀🍀🍀🍀🍀🍀🍀

@KANZI_SHIFO
https://t.me/KANZI_SHIFO


Барги салат дар бехобӣ, захми меъда ва рехтани мӯй фойда дорад!

Дар таркиби барги салат В, Е, РР, К, А ва дигар витаминҳо мавҷуд аст. Ин кабудӣ дорои кислотаи фолий мебошад, ки мубодилаи моддаҳоро танзим мекунад, ба системаи асаб ва гардиши хун таъсири мусбат мерасонад.

Барои пешгирии атеросклероз ва хориҷ кардани холестерин аз организм барги салатро майда кунед ва бо шарбатҳои сабзавот омехта карда нӯшед.Ба гастрити музмин, захми меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта ҳар рӯз пеш аз хӯрок ду қошуқ барги кӯфтаи салатро бихӯред.Барои дарди шикам ва ҷӯшидани ҷиғилдон 50 грамм барги салат ва 200 мл. оби ширгармро дар миксер омехта, коктейл тайёр кунед ва кам-кам нӯшед.Дар ҳолати бехобӣ барги салати тару тозаро дар зарфи шишагӣ реза карда, як стакон оби ҷӯшон бирезед. Пас аз хунук шудан онро аз дока гузаронида, рӯзе се бор 100 граммӣ бинӯшед.Барои рехтани мӯй барги салати кӯфтаро мисли ниқоб ба мӯй молед ва масҳ кунед. Тавсия дода мешавад, ки дар вақти масҳ оби барги салатро то ҳадди имкон дар решаи мӯй молед. Баъд сарро бо полиэтилен печонда, ним соат гузоред.Барои чеҳраҳои хушк ба даруни 2-3 барги калони салат равғани растании каме гарм карда молед ва ба рӯй гузоред. Баъди 15 дақиқа баргро гиред ва бо оби ширгарм рӯятонро шӯед. Барг ба рӯй ором ва ғизо мебахшад.

Манбаъ: Ovozi.uz

@KANZI_SHIFO
T.mr/KANZI_SHIFO


Барги салат дар бехобӣ, захми меъда ва рехтани мӯй фойда дорад!

@KANZI_SHIFO


☝🏼ХУДИ ТАБИАТ ТАБИБ АСТ!

📌 Пӯсти анори хушкро дар баробари чойи сабз ба чойник андохта, оби ҷӯш меандозед. Агар шаб пеш аз хоб ин чойро бинӯшед, хобатон ором мешавад.

📌 Он обе, ки дар он пӯсти анор ҷӯшонида шуда бошад, дарди дандон, гингивит ва шамолхӯриро дафъ мекунад. Зеро он дорои қобилияти мубориза бо бактерияҳо ва вирусҳо дар холигоҳи даҳон мебошад.

📌 Инчунин, агар дар гармогармии ин маҳлул гулӯятонро ғарғара кунед ва 2-3 қошуқ бинӯшед, дарди гулӯ ва илтиҳоби роҳҳои нафасро дафъ мекунед.

@KANZI_SHIFO


АСАЛ БЕҲТАР АЗ АНТИБИОТИК АСТ!

▪️ Муайян шудааст, ки асал дорои 13 гурӯҳи бактерияҳое мебошад, ки кислотаи лактикӣ тавлид мекунанд. Исбот шудааст, ки ин бактерияҳо ҳатто ба асочаи стрептококк таъсир мерасонанд, ки ҳангоми санҷиш дар лаборатория бемориҳои сироятиро ба вуҷуд меоранд. Натиҷаҳои ин пажӯҳиши олимони шведӣ дар шумораи 40-уми рӯзномаи «Шифо-инфо» дар соли 2014 ба табъ расидаанд.

▪️ Асал бо ширеши асал (прополис) дар рӯи он бошад, махсусан фоидаовар аст, агар бо шир ё чойи сиёҳ бинӯшанд, баданро мустаҳкам ва рагҳои хунро васеъ мекунад. Чойи асал низ барои шамолхӯрӣ муфид аст.

@KANZI_SHIFO


Гиёҳони шифобахши “Тибби ниёгон”.

Гиёҳи “бӯимодарон”.

Номи илмӣ: Achillea millefolium
Қисматҳои доруӣ: саршохаҳои гулдор ва барги он. Шохаи баргдор, реша, барг ва гоҳе гулҳо ба танҳоӣ низ мавриди истифода қарор мегиранд.

Хосиятҳои доруӣ г б:
Дар кишварҳои аврупоӣ ба унвони дору барои бартараф намудани таб истифода мешавад.
Дар қарнҳои аввал аз б барои банд овардани хун ва илоҷи захмҳое, ки бо хунрезӣ ҳамроҳ буда, истифода мекарданд. Мардуми бархе аз кишварҳо, аз пайкари рӯиши пухташудаи ин гиёҳ барои дармони кабудӣ ношӣ аз зарба дар атрофи чашм истифода мекарданд.
Дамкардаи саршохаҳои гулдори он, дар рафъи гостритҳои ҳод ва музмин, рафъи нафх ва турш кардан, асари нуфузкунанда дорад. Ҳамчунин истифода аз дамкардаи б, сабаби коҳиши фишори хун шуда ва барои норасоиҳои талхадон истифода мешавад. Дар зиёд шудани идрор ва рафъи санги гурда низ муассир аст ва илова бар ин бодшикан ва таббур низ мебошад.
Осонси он хосияти зидди бактерӣ ва зидди таваррум дорад. Аз ин осонс дар дорусозӣ, беҳдоштӣ, ороишӣ дар таҳияи киремҳо ва пумодҳои муҳофизати пуст ва доруҳои зидди таваррум истифода мешавад.
Б ба хотири доро будани тонин ва маводди талхи атрӣ, ба рӯи силсилаи аъсоб ва қалб низ асар мегузорад ва дар мавориде монанди хастагии умумӣ, заъфи қалб, варами моҳичаҳои дил, бемориҳои асабӣ монанди заъфи аъсоб, ҳистерӣ, (Ҳистерӣ, вожае дар тибби юнони бостон ба маънои ҳаяҷон ва эҳсосоти ғайри қобили кантрол бувад) саръ ва қуланҷҳои ташаннуҷовар, натиҷаи муфид медиҳад. Шираи тозаи ин гиёҳ дар онжин, (Онжин (angina pectoris) ва “честпин” ҳам мегӯянд. Ба вазъияте гӯянд ки бемор дучор дарди қафасаи сина шавад, ки маншаи дард мушкил дар шараёнҳои крунер бошад) эҳсоси гирифтагии ногаҳонӣ ва хобрафтагӣ судманд аст.
Ҳамчунин б бар асари қобиз будан дар рафъи тарашшуҳоти занонагӣ, банд овардани хун ва рафъи ахлоти хунӣ ва исҳоли содда, асари муолиҷ дорад.
Зимоди он ҷиҳати дарди сина муфид аст.
Бухур ва ҷӯшондаи он барои дармони зуком муфид аст. Пас дар замони сармохурдагӣ истифода аз он тавсия мешавад.
Идрорро зиёд мекунад ва дар натиҷа барои сангҳои гурда муфид аст.
Бодшикан аст.
Масаж додан бо равғани б ё гузоштани сухтаи он бар рӯи маҳалли захм, сабаби таскини дард ва ҷилавгирӣ аз хунрезӣ мешавад.
Таскиндиҳандаи дард ва ҷилавгирӣ аз хунрезӣ мешавад.
Дар қадим зимоди б, яъне баргҳои тозаи онро ки бо равғани тармис (боқулои мисрӣ) махлут буда, бар рӯи маҳалли качалӣ ё рӯи сурати мардони ҷавон барои рӯиши мӯ қарор медоданд.
Ҷӯшондаи саршохаи гулдори он барои рафъи дардҳои қоидагӣ мефид аст.
Зимоди б барои дарди сина ва навъҳои сардард истифода мешавад.

Тариқи истифода аз гиёҳи б:
Дам кардаи 10 20 грам саршохаи гулдор ё барг дар ним летр об ва масрафи 1 то 3 фанҷон (стакан) дар рӯз (ин дам карда чун зуд фосид ва тираранг мешавад, бояд ҳамеша ба миқдори мавриди ниёз таҳия шавад) беҳтар он аст, ки барои ҳар ваъда дам кардаи тоза таҳия ва масраф кард.
Шираи тозаи гиёҳ ба миқдори 50 то 100 грам дар рӯз.
Тантури як панҷум ба миқдори 30 то 50 қатра дар рӯз.
Ду қошуқи чойхури аз саршохаҳои гулдорро дар як фанҷон об дам кунед ва дар тули рӯз се фанҷон масраф намоед.
Дар истеъмоли хориҷӣ, аз ҷӯшондаи 30 то 60 дар ҳазор саршохаҳои гулдори гиёҳ барои таҳияи лусиюнҳо (навъе пумод ки рӯи пуст истифода мешавад), ҳаммом ва ҳамчунин ба кор бурдан ба сурати танқия истифода ба амал меояд. Шираи тозаи гиёҳ низ барои қарор додан бар рӯи захм ва ҷароҳот, шикоф ва тараки пистон ва маҳалли дардноки бавосир, мавриди истифода қарор мегирад. Бо афзудани 20 грам осонси б ба 45 грам пумоди комфира, навъе пумод барои молидан бар рӯи маҳалли дардноки ремотисм таҳия мешавад.
Дам кардаи саршохаҳои гулдори б ба муддати 5 рӯз (субҳ ва шаб як фанҷоқ, стакан) барои бар тараф намудани захми меъда, муфид зикр шуда ва ҳамчунин барои дафъи талхадон муфид аст.
Барои бартараф намудани хориши шадид, 50 грам гиёҳро дар як ҳалаб (лаган) об рехта ва биҷӯшонед ва баданро бо он бишӯед.
Ҷӯшондаи саршохаи гулдори он барои рафъи дардҳои қоидагӣ муфид аст.

@KANZI_SHIFO
T.me/KANZI_SHIFO


Гиёҳи Бӯйимодарон...


☘☘☘☘☘☘☘☘☘☘☘☘☘☘

Гиёҳи “бӯимодарон”...

Номи илмӣ: Achillea millefolium.

Қисматҳои доруӣ: саршохаҳои гулдор ва барги он. Шохаи баргдор, реша, барг ва гоҳе гулҳо ба танҳоӣ низ мавриди истифода қарор мегиранд.

Хосиятҳои доруии гиёҳи бӯимодарон:
Дар кишварҳои аврупоӣ ба унвони дору барои бартараф намудани таб истифода мешавад.
Дар қарнҳои аввал аз бӯимодарон барои банд овардани хун ва илоҷи захмҳое, ки бо хунрезӣ ҳамроҳ буда, истифода мекарданд. Мардуми бархе аз кишварҳо, аз пайкари рӯиши пухташудаи ин гиёҳ барои дармони кабудӣ ношӣ аз зарба дар атрофи чашм истифода мекарданд.
Дамкардаи саршохаҳои гулдори он, дар рафъи гостритҳои ҳод ва музмин, рафъи нафх ва турш кардан, асари нуфузкунанда дорад. Ҳамчунин истифода аз дамкардаи бӯимодарон, сабаби коҳиши фишори хун шуда ва барои норасоиҳои талхадон истифода мешавад. Дар зиёд шудани идрор ва рафъи санги гурда низ муассир аст ва илова бар ин бодшикан ва таббур низ мебошад.
Осонси он хосияти зидди бактерӣ ва зидди таваррум дорад. Аз ин осонс дар дорусозӣ, беҳдоштӣ, ороишӣ дар таҳияи киремҳо ва пумодҳои муҳофизати пӯст ва доруҳои зидди таваррум истифода мешавад.
Бӯимодарон ба хотири доро будани тонин ва маводди талхи атрӣ, ба рӯи силсилаи аъсоб ва қалб низ асар мегузорад ва дар мавориде монанди хастагии умумӣ, заъфи қалб, варами моҳичаҳои дил, бемориҳои асабӣ монанди заъфи аъсоб, ҳистерӣ, (Ҳистерӣ, вожае дар тибби юнони бостон ба маънои ҳаяҷон ва эҳсосоти ғайри қобили кантрол бувад) саръ ва қуланҷҳои ташаннуҷовар, натиҷаи муфид медиҳад. Шираи тозаи ин гиёҳ дар онжин, (Онжин (angina pectoris) ва “честпин” ҳам мегӯянд. Ба вазъияте гӯянд, ки бемор дучори дарди қафасаи сина шавад, ки маншаи дард мушкил дар шараёнҳои крунер бошад) эҳсоси гирифтагии ногаҳонӣ ва хобрафтагӣ судманд аст.
Ҳамчунин бӯимодарон бар асари қобиз будан дар рафъи тарашшуҳоти занонагӣ, банд овардани хун ва рафъи ахлоти хунӣ ва исҳоли содда, асари муолиҷ дорад.
Зимоди он ҷиҳати дарди сина муфид аст.
Бухур ва ҷӯшондаи он барои дармони зуком муфид аст. Пас дар замони сармохӯрдагӣ истифода аз он тавсия мешавад.
Идрорро зиёд мекунад ва дар натиҷа барои сангҳои гурда муфид аст.
Бодшикан аст.
Масаж додан бо равғани бӯимо ё гузоштани сӯхтаион бар рӯи маҳалли захм, сабаби таскини дард ва ҷилавгирӣ аз хунрезӣ мешавад.
Таскиндиҳандаи дард ва ҷилавгирӣ аз хунрезӣ мешавад.
Дар қадим зимоди бӯ, яъне баргҳои тозаи онро ки бо равғани тармис (боқулои мисрӣ) махлут буда, бар рӯи маҳалли качалӣ ё рӯи сурати мардони ҷавон барои рӯиши мӯ қарор медоданд.
Ҷӯшондаи саршохаи гулдори он барои рафъи дардҳои қоидагӣ муфид аст.
Зимоди ӯ барои дарди сина ва навъҳои сардард истифода мешавад.

Тариқи истифода аз гиёҳ:
Дам кардаи 10- 20 грамм саршохаи гулдор ё барг дар ним литр об ва масрафи 1 то 3 фанҷон (стакан) дар рӯз (ин дам карда чун зуд фосид ва тираранг мешавад, бояд ҳамеша ба миқдори мавриди ниёз таҳия шавад) беҳтар он аст, ки барои ҳар ваъда дам кардаи тоза таҳия ва масраф кард.
Шираи тозаи гиёҳ ба миқдори 50 то 100 грамм дар рӯз.
Тантури як панҷум ба миқдори 30 то 50 қатра дар рӯз.
Ду қошуқи чойхурӣ аз саршохаҳои гулдорро дар як фанҷон об дам кунед ва дар тӯлирӯз се фанҷон масраф намоед.
Дар истеъмоли хориҷӣ, аз ҷӯшондаи 30 то 60 дар ҳазор саршохаҳои гулдори гиёҳ барои таҳияи лусиюнҳо (навъе пумод ки рӯи пуст истифода мешавад), ҳаммом ва ҳамчунин ба кор бурдан ба сурати танқия истифода ба амал меояд. Шираи тозаи гиёҳ низ барои қарор додан бар рӯи захм ва ҷароҳот, шикоф ва тараки пистон ва маҳалли дардноки бавосир, мавриди истифода қарор мегирад. Бо афзудани 20 грамм осонси ӯ ба 45 грамм пумоди комфира навъе пумод барои молидан бар рӯи маҳалли дардноки ремотизм таҳия мешавад.
Дам кардаи саршохаҳои гулдори ӯ ба муддати 5 рӯз (субҳ ва шаб як фанҷоқ, стакан) барои бартараф намудани захми меъда, муфид зикр шуда ва ҳамчунин барои дафъи талхадон муфид аст.
Барои бартараф намудани хориши шадид, 50 грамм гиёҳро дар як ҳалаб (лаган) об рехта ва биҷӯшонед ва баданро бо он бишӯед.
Ҷӯшондаи саршохаи гулдори он барои рафъи дардҳои қоидагӣ муфид аст.

Манбаъ: Тибби ниёгон.

@KANZI_SHIFO
https://t.me/KANZI_SHIFO


Видео недоступно для предпросмотра
Смотреть в Telegram
📹 #ДАРМОНИ #ҚАТЪИ #ЗОНУДАРД...

@KANZI_SHIFO
https://t.me/KANZI_SHIFO


АНОР ЧЙ ФОИДА ДОРАД?

- Маълум аст, ки одамони гирифтори диабети қанд аксар вақт ташна мешаванд.

Дар ин маврид оби анори турш дар таскини ташнагӣ беҳамто аст. Ҳарчанд меваи он турш- ширин бошад ҳам, дар диабети қанд муфид аст.

Оби анорро вобаста ба ҳолати одам 3 бор дар як рӯз аз 50 то 100 мл истеъмол кардан мумкин аст.

Шарбати меваро ба андоза нӯшидан лозим аст. Аз ҳад зиёд нӯше, метавонад сари шумо чарх занад.

https://t.me/KANZI_SHIFO


#ТАВСИЯ

Оби каду барои бемории гурда давои хуб аст.

Оби нахўд, оби барги шалғамча, шалғамчаи тунук ва хушкнашуда беҳтарин воситаи дафъ кардани санги гурда ва моддаҳои нолозим мебошад.

https://t.me/KANZI_SHIFO


┄┅অঠই✯❀✯ইঠঅ┅┄

1⃣2⃣7⃣.

#Ш_А_В_К_А_Р_О_Н...

Шавкарон.

Ин гиёҳи заҳрнок аст, ки ба тоҷикӣ тафт меноманд.
Гулаш анбӯҳи сафеди чатрӣ монанди гули шибит, вале аз он хеле зиёд мебошад.
Тухмаш мисли нонхоҳ моил ба сафедӣ ва луоб дорад.
Мизоҷаш дар дараҷаи чорум сард ва дар дуввум хушк аст.

Хислатҳои шифобахши он: хосиятҳои карахтиовар, масткунанда ва хобоварӣ дорад.

Миқдори як бор хӯрдан аз он дар як рӯз 0,25 грамм мебошад.

Ба ҷойи ин тухми банг (кирмрезонак)-ро истеъмол фармоянд, равост.

Агар инро 7 грамм ҳар кас бихӯрад, бо кушандагии заҳри хунукмизоҷаш, ки ақлро барҳам медиҳад, фикр ва зеҳнро беҷо гардонида, аз сухан мемононад, чарх задани сар, торикии чашм ва парда дар чашм пайдо намуда, ба ҳиккак (ҳиқичоқ) гирифтор карда, дарун ва дасту поҳоро хунук гардонида ва дар охир ҷингак кардани узвҳои бадан, дарди гулӯ оварда, тангӣ дар қасабаи шуш ва сурхной (сурхрӯда) содир намуда, оқибат мекушад.

Давояш қай карда, даруни шикамро аз заҳри он пок намудан ва баъд чизҳои муфидтар, монанди шароби софи мусаллас ёфта нӯшидан ва баъд андак мӯҳлат дода, баъд аз он шири хар, талхшувоқ, мурч, хояи сагобӣ, судоб ва ҳар кадоме, ки ба даст ояд, бо шароби мазкур бинӯшанд ва дигар тадбирҳоеро, ки монанди тадбири афюнхӯрда бошад, ба кор баранд.

Чун хӯшаи гули онро пеш аз он, ки тухм бандад ва то тухмаш хушк шуданаш бигиранду бикӯбанд ва оби онро фишурда гирифта, дар офтоб хушк кунанд, фоидаҳои бисёр дорад.

Аз ҷумла он, ки давои таскиндиҳандаи дардҳои чашм аст.

Агар онро гузошта банданд, дардҳои гарммизоҷро басанда мекунад; мӯрчагазак ва ҷамра (карбункул) ном реши мӯҳликро шифо мебахшад.

Барг ва тухмашро кӯфта, ба пистони ширдор гузошта банданд, шири онро қатъ мекунад ва намегузорад, ки пистон пажмурда ва овезон гардад; агар инро ба пистони духтарон гузошта банданд, намегузорад, ки вай калон шавад.

Агар ин кӯфтаро ба хояи писарон ва ба хояву каши рони ҷавонон гузошта банданд, иҳтилом (дар хоб шайтон задан)-ро манъ мегардонад ва варами он узвро ҳам таҳлил медиҳад; ба закар гузошта банданд, боҳро суст менамояд ва намегузорад, ки ин узв бузург гардад; ва ба зери ноф ва ба ҳар узве, ки хоҳанд, гузошта банданд, мӯй дар он ҷо намерӯяд; ба шикам гузошта банданд, исҳоли хунин ва дигар навъ исҳолро зуд мебандад.

Инро ба пешонӣ гузошта банданд, хуни биниро қатъ мегардонад.

Ҳаким Мирмуҳаммад Мӯъмин дар китоби «Тӯҳфат- ул-мӯъминин» -и худ навиштааст, ки чун решаи шавкаронро бо тухми банг аз ҳар як 17,5- граммӣ кӯфта, бо 675 грамм об, 150 адад мавизи ангури бузургдона дар оташи мулоим то тамоман бухор шудани об биҷӯшонанд, баъд мавизҳоро аз он ҷудо карда нигоҳ доранд, аз он мавиз аз як то се адад бихӯранд, сахт маст мекунад, маниро ҳангоми ҷимоъ аз зуд омадан нигоҳ медорад.
Вале зиёда аз се адад бихӯранд, сахт хоб меоварад.
Ва инчунин ҳакими мазкур навиштааст, ки ман инро «мавизи умру» ном кардаам.

┄┅অঠই✯❀✯ইঠঅ┅┄

https://t.me/KANZI_SHIFO


Бемории маъмултарин дар ҷаҳон...

Бемории маъмултарин дар ҷаҳон кариес мебошад. Дар баъзе қисматҳои ҷаҳон, то 100% аҳолӣ кариес доштанд.

@KANZI_SHIFO

Показано 20 последних публикаций.