Video is unavailable for watching
Show in Telegram
Дар як қатор шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ наворе мунташир шуд, ки дар он як нафар зан фарзанди ноболиғи худро дар ҷои ҷамъиятӣ бераҳмона латукӯб кардааст.
Навори изтиробангез нороҳатии шадидро миёни ҷомеа, хусусан, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба вуҷуд овард. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ӯро барои чунин рафтораш маҳкум карда, аз Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон дархост намуданд, ки нисбати кирдорҳои зан баҳои ҳуқуқӣ дода шавад.
Вобаста ба ҳолати мазкур дар рафти гузарондани чорабиниҳои фаврӣ - ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони милитсияи вилояти Хатлон зани дар навор инъикосёфта дастгир ва ба Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Хуросон дастрас карда шуд.
Муайян гардид, ки ин нафар шаҳрванд Ҳакимова Дилором соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Хуросон, истиқоматкунандаи кӯчаи Борбади ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе мебошад, ки писари ноболиғи худ Ҳ.М соли таваллудаш 2014-ро дар ҳудуди ноҳияи Хуросон латукуб кардааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур маводи зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди баррасӣ қарор дорад.