Ҳар чӣ Худо мехоҳад?
Қаҳрамони афсонавии теннис Артур Роберт Эш бемор мешавад ва дили ӯро ҷарроҳӣ мекунанд. Ҳангоми амалиёти ҷарроҳӣ ба хуни ӯ вирус афтода, ба касалии СПИД мубтало мешавад. Дӯстдорон ва мухлисони Артур аз саросари ҷаҳон барояш номаҳо мефиристанд. Яке аз мухлисони вай дар номаи худ чунин менависад: «Офаридгор барои гирифторӣ ба ин бемории вазнин чаро туро интихоб кард?»
Артур Эш ба ин нома чунин ҷавоб менависад:
«Беш аз 50 миллион бачагони рӯйи Замин ба теннис шавқ доранд ва барои омӯхтани асрори ин бозӣ пайваста мекӯшанд. Қариб 5 миллион нафари онҳо теннисро хуб меомӯзанд ва аз онҳо тахминан 500 ҳазор нафар дар ин соҳа пешдасту пешқадам мегарданд. Аз онҳо тақрибан 50 ҳазор нафар дар мусобиқаҳои байналмилалии теннис иштирок мекунанд ва аз байни онҳо фақат чор нафар ба зинаи нимфиналии мусобиқа роҳхат мегиранд. Дар зинаи ниҳоӣ - финал бошад танҳо ду нафар иштирок мекунанд.
Вақте ки ман Ҷоми ҷаҳонии теннисро ба даст овардам, ҳаргиз напурсидам, ки «Худоё чаро ман?». Ва имрӯз, ки бемор ҳастам ва аз дард азоб мекашам, ҳуқуқ надорам, ки аз Худо бипурсам: чаро ман?»
Барои маълумот: Артур Роберт Эш дар Вирҷиния таваллуд шудааст. Фаъолияти худро соли 1966 сар карда, соли 1980 аз сабаби бемории дил теннисбозиро тарк мекунад. Соли 1969 вай беҳтарин варзишгари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико эътироф мегардад.
Артур Роберт Эш 6-уми феврали соли 1993 дар Ню Йорк вафот мекунад. Варзишгоҳи калонтарини теннисии ҷаҳон бо номи ин теннисбози афсонавӣ номгузор шудааст...
Таҳия аз дигар Саҳифа.
T.me/pandhoi_buzurgon