Шеърхои точики


Channel's geo and language: not specified, English
Category: Other


Дар ин канал фақат шеърҳову мусиқахои тоҷики навишта ва гузошта мешавад! (txt. mp3. Video. jpg.)
Чи таклифе ёки шикояте доред
Касе мехоҳад админ шудан
Марҳамат нависед!
@dr_gafurov

Related channels  |  Similar channels

Channel's geo and language
not specified, English
Category
Other
Statistics
Posts filter


⏳Дилатро хонаи ман кун, мусаффо карданаш бо ман,
Ба ман дарди дил ифшо кун,мудово карданаш бо ман.
Биафшон қатраи ашке, ки ман ҳастам харидораш,
Биёвар қатрае ихлос, ки дарё карданаш бо ман.
Агар гум кардаи ҷоно, калиди хонаи моро,
Биё як лаҳза бо мо бош, ки пайдо карданаш бо ман.
Агар дарҳо ба руят баста шуд, дил бад макун боз ой,
Дар ин хона ту қуфл боз кун, ки ҳам воз карданаш бо ман.
Ба мо гуй ҳоҷати худро, иҷобат мекунам онро,
Талаб кун ончиро хохи, муҳайё карданаш бо ман.
Биё қабл аз вуқуъи марг, ту равшан кун ҳисобатро,
Биёвар неку бадро ҷамъ, ки  минхо карданаш бо ман.
Агар умре гунаҳ карди, машав навмед аз раҳмат,
Ту тавбаномаро бинвис,ки имзо карданаш бо ман.








Амину Мустафо номат Муҳаммад,
Малоики само гуяндат Аҳмад.
Барои муъминон хоҳӣ шафоъат,
Дилу ҷонам фидоят ё Муҳаммад.
Бувад Қуръон ҳама муъҷизаи ту,
Суннат бошад равишу гуфтаи ту.
Ҳадис гуем лафзи дилрабоят,
Шавам хоки роҳи поят Муҳаммад.
Ба меъроҷ ту, ки рафти он шаби тор,
Бибурди арзи уммат суи Ғаффор.
Намозро ҳадя кард он Рабби Ҷаббор,
Аниси нури чашмонам Муҳаммад.
Ки ҳиҷрат шуд воҷиб баҳри наҷотат,
Ҳамерафтию Сидиқ аз қафоят.
Муҳоҷирону ансор интизорат,
Бинам рухи сафоят ё Муҳаммад.
Мадина шуд мунавар аз қудумат,
Мушараф шуд Мадина аз нудумат.

Амини Ҷабраил доим нузулат




Video is unavailable for watching
Show in Telegram


Падар гар шуълаи чашми замон аст.
Вале Модар чароғи хонадон аст.
Падар гар давлату ганҷи замон аст.
Вале Модар ҷаҳонӣ бекарон аст.
Падар гар шахсутуни зиндагонист.
Вале Модар ба дунё ҷовидонист.


Яке бар дидани руи Падар зор.
Яке доим Падарро мекунад хор.
Ман аз ин кори кисмат дар ачибам.
Худоё ин чи сир асту чи асрор.
Падаронро Худовандо нигах дор.
Макун мухточи фарзанди хато кор.
Барои ман Падар шахси азиз аст.
Намехохам Падар бошад адабдор.
Замини зери пои мо биларзад.
Агар ашки Падар аз гам бирезад.
Худовандо талаб дорам ман аз Ту.
Гахе ашки Падарчонам нарезад.
Барои мо Падар бошад ганимат.
Хакикат ин хакикат ин хакикат.
Ба вакти зиндаги кадраш бидонем.
Пас аз маргаш чи суд аз дарду хасрат!


Бо номи ту ин калом, модар,
Бар шири ту эхтиром, модар!
Хар соату субху шом, модар,
Аз чону дилам салом, модар!

Ту ранч кашида рузу шабхо,
Бусида маро ба шахди лабхо.
Бо мехри бузургу бо талабхо,
Хурди гами ман мудом, модар.

Эй модари мехрубону дилбанд,
Ман аз ту хазор бор хурсанд.
Хаёт оташи мехр бахри фарзанд,
Андар дили хар калом модар.

Бо ёди мухаббату вафоят,
Бо хурмати шири чонфизоят,
Такрор намоям аз бароят.
Сад бори дигар салом, модар!
(Аминчон Шукухи)


Ё Раб дари халқ такягоҳам накуни,

Муҳтоҷи гадову подшоҳам накуни.

Муй сияҳам сафед карди ба карам,

Бо муй сафед рӯсиёҳам накуни...


Навбахори гулфишони дилкушоям, модарам,
Куввати нону дилу акли расоям, модарам.
Ман зи лутфи беканори ту расидам бар камол,
Барки фикру равшании дидахоям, модарам.
Аллахои фораму панду насихатхои ту,
Шуд суруди зиндагии бобакоям, модарам.
Дар сарат бишкуфта гулхои сафеди орзу,
Боиси авчи ману нашъунамоям, модарам.
Бар кади хамгаштаву чини чабинат чон фидо,
Аввалу анчоми ман, субхи сафоям, модарам.
( Наимчон Назири)








Video is unavailable for watching
Show in Telegram


Зардолуи зард ру ба руи хона.
Шоххо ба замин гузаргоҳи ҷонона.
Як буса шабона деҳ яке рузона.
Боз омадани маро Худо медона


Як рӯз ятиму бенаво мард шавад
Як рӯз шарори бусаҳо сард шавад
Эй он ки ба ҳусну хештан менавози
Як рӯз гули рӯи ту ҳам зард шавад


Як куҳи баланд бошаду бошем ману ту,
Як коссаи об бошаду бошем ману ту.
Ту ташнаи об боши ман ташнаи ту,
Ту аз лаби косса об нуши ман аз лаби ту.

1k 0 15 7 14

Ҳамчун ту ман дигар ёр надорам,
Ошиқи туяму бар дигар кор надорам.
Туро меҷӯяму ҳамеша фикрам бо туст,
Монанди ту гули зебои бехор надорам.

20 last posts shown.