Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ
ҒАРБИ ҒАДР
Хотири ҷамъи ту аз хотирпарешонии мост,
Хонаободии ту аз хонавайронии мост.
Гар мусалмон куштанат аз куфркӯшиҳои туст,
Куфркешиҳоят аз расми мусалмонии мост.
Рӯйи хотир мекунем, аммо ту берӯӣ кунӣ,
Ин ҳама ваҳшигариҳоят зи инсонии мост.
Ошхориҳои ту аз шоми хуношоми мо,
Ошкориҳои ту аз сӯзи пинҳонии мост.
Булфузулӣ мекуниву зӯфунуне нестӣ,
Сарфарозиҳои ту аз сар фурӯмонии мост.
Бо китоби мо ба доноӣ расидӣ, эй ҷуҳул,
Макрбофиҳои ту аз соданодонии мост.
Роҳ пӯйиву надонӣ, равшаниҳои раҳат
Аз фурӯғи шуълаҳои рӯҳи раҳмонии мост.
Тошканд, 23 марти соли 2025
------------------------
@Jafar_Muhammad_Termizi