Шуморо бо фарорасии моҳи мубораки Шарифи Рамазон, моҳи пур аз Баракот, моҳи Раҳмату Мағфират, моҳи Илму Маърифат, моҳи Оромиши Қалбу такмили Имону Тақво, моҳи Сипар аз васвасаи Шайтон, моҳи Нузули Қуръон, моҳи Шафоаткунандаи рӯзи Ҷазо, моҳи аз оғоз то анҷом пур аз Меҳру Вафоро сидқан барои пайвандону наздикон табрику муборакбод намоям.
Аз даргоҳи Худованди Бузург дуогуй ҳастам, ки ин Меҳмони Азизро бо дастурхони лабрез аз Тоату Ибодат, Тақво ва Парҳезгорӣ истиқбол намуданро бар хонадони ҳар яки мову Шумо насибу рузӣ гардонад.
ОМИН.
Ба муносибати ин моҳ агар саҳве, ғайбате, нороҳатие, беэътиборие аз мо гузашт, сидқан хоҳиш мекунам, бубахшед, ман низ ба хотири эҳтироми моҳи мубораки Рамазон Шуморо бахшидам.