ЧИ ҲОҶАТ!..
Сухан гуфтан ба гӯши кар,чи ҳоҷат,
Зару зевар ба гӯши хар,чи ҳоҷат.
Баёни дарди дил,аз ноилоҷӣ,
Ба гӯши мардуми бесар,чи ҳоҷат.
Наметарсӣ ту ҳоло аз Худованд,
Ғаме аз Мункару Нукар,чи ҳоҷат.
Гуноҳатро нашӯяд Оби Раҳмат,
Таҳорат бо суҷуди сар,чи ҳоҷат.
Надонӣ қимати модар,ту ҳоло,
Ба фардо ҷӯстани модар,чи ҳоҷат.
@DehaiSarchashma
Сухан гуфтан ба гӯши кар,чи ҳоҷат,
Зару зевар ба гӯши хар,чи ҳоҷат.
Баёни дарди дил,аз ноилоҷӣ,
Ба гӯши мардуми бесар,чи ҳоҷат.
Наметарсӣ ту ҳоло аз Худованд,
Ғаме аз Мункару Нукар,чи ҳоҷат.
Гуноҳатро нашӯяд Оби Раҳмат,
Таҳорат бо суҷуди сар,чи ҳоҷат.
Надонӣ қимати модар,ту ҳоло,
Ба фардо ҷӯстани модар,чи ҳоҷат.
@DehaiSarchashma