Video is unavailable for watching
Show in Telegram
⚡️Комиссияи литсензиякунонии Федератсияи футболи Тоҷикистон озими ноҳияи Фархор гашта, бо раиси ноҳия Зариф Вализода мулоқоти судманд оид ба омодагӣ ва тайёрии клуби футболи «Ҳосилот»-и Фархор анҷом дод.
Дар рафти суҳбат раиси ноҳия вобаста ба таҳия ва тасдиқи буҷети солонаи клуб изҳор доштанд, ки ноҳия дар доираи имкониятҳои молиявии худ барои мавсими дахлдор харҷномаи солонаи клубро таҳия ва тасдиқ намуда, ба Федератсия футбол пешниҳод кард.
@varzishtv

Инчунин, масъалаи омодагии пурраи Варзишгоҳи марказии ноҳияи Фархор аз мавзуъҳои меҳварии мулоқот ба ҳисоб рафта, иттилоъ дода шуд, ки тамоми корҳои васлу кафшергарии симчӯбҳо барои насби системаи рушноидиҳии варзишгоҳ ба итмом расида, барои фармоиш ва харидории нурафканҳо ва намолавҳаи электронӣ аз хориҷи кишвар аз ҷониби роҳбари гурўҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор Мансурҷон Умаров корбарӣ шуда истода, то оғози мавсими футболи соли равон насбу васл хоҳад шуд.
@varzishtv