⚽️ Варзиш ТВ | 📺 Хабарҳо


Channel's geo and language: Uzbekistan, Uzbek
Category: Sport


Similar channels

Channel's geo and language
Uzbekistan, Uzbek
Category
Sport
Statistics
Posts filter


Убайдулло Асрорзода раиси нави Федератсияи варзиши сайёҳии Тоҷикистон интихоб гардид

Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҷаласаи
ҳисоботӣ-интихоботии Федератсияи варзиши сайёҳии Тоҷикистон доир гардид. Дар
натиҷа Убайдулло Асрорзода раиси Федератсияи варзиши сайёҳии Тоҷикистон интихоб
гардид


🛰 Манбаъ: Varzishtv.tj
📢 Канал: @varzish_tv_news


Иштирок дар Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим дар Боку

12 ноябр Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим дар Боку ба кори худ шуруъ намуд. Дар конфронси мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сарони 80 давлат, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, роҳбарони ҳукуматҳо ва ҳайатҳои даҳҳо ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ иштирок доранд.


🛰 Манбаъ: Varzishtv.tj
📢 Канал: @varzish_tv_news


Мулоқот бо Президенти Бонки Осиёии Рушд Масатсугу Асагава

12 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҳошияи саммити Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим бо Президенти Бонки Осиёии Рушд ҷаноби Масатсугу Асагава мулоқот намуданд.


🛰 Манбаъ: Varzishtv.tj
📢 Канал: @varzish_tv_news


Сафари корӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон

11 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим аз Подшоҳии Арабистони Саудӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон сафар карданд.


🛰 Манбаъ: Varzishtv.tj
📢 Канал: @varzish_tv_news


Оғози сафари кории Пешвои миллат ба Арабистони Саудӣ ва мулоқот бо Вазири сармоягузорӣ Холид Ал-Фолиҳ

🛰 Манбаъ: Varzishtv.tj
📢 Канал: @varzish_tv_news


Иштирок дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Гуфта шуд, ки ин санади таърихӣ ва сарнавиштсоз барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории навини тоҷикон, ноил гардидан ба сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, дастовардҳои бузурги сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташаккули озодонаи шахс заминаи мустаҳкам ва боэътимоди ҳуқуқӣ фароҳам овард.


🛰 Манбаъ: Varzishtv.tj
📢 Канал: @varzish_tv_news


Нашри мусоҳиба бо Мудири кулли Агентии иттилоотии Кувайт дар расонаҳои кувайтӣ ва минтақа

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи сафари худ ба Кувайт ва иштирок дар Конфронси байналмилалӣ оид ба мубориза бо терроризм ва эҷоди механизмҳои самараноки амнияти сарҳадӣ - марҳалаи кувайтии “Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он” бо мудири кулли Агентии иттилоотии Кувайт доктор Фотима ал-Солим мусоҳиба доир карданд.


🛰 Манбаъ: Varzishtv.tj
📢 Канал: @varzish_tv_news


Иштирок дар Конфронси байналмилалии зидди терроризм дар Кувайт

4 ноябр дар шаҳри Ал-Кувайти Давлати Кувайт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалӣ оид ба мубориза бо терроризм ва эҷоди механизмҳои самараноки амнияти сарҳадӣ - марҳалаи кувайтии “Раванди Душанбе” иштирок ва суханронӣ намуданд.


🛰 Манбаъ: Varzishtv.tj
📢 Канал: @varzish_tv_news


Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт Абдуллоҳ Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ Ал-Яҳё

Зимни муҳокимаи масоили байналмилалӣ ва минтақавӣ аз ҳамкории судманди Тоҷикистону Кувайт дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории исломӣ, Муколамаи ҳамкории Осиё ва ғайра изҳори қаноатмандӣ карда шуд.


🛰 Манбаъ: Varzishtv.tj
📢 Канал: @varzish_tv_news


Мулоқот бо Валиаҳди Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ Ал-Холид Ал-Ҳамад Ал-Муборак Ас-Сабоҳ

“Мо ба рушди бештари робитаҳои густурда бо кишвари дӯсту бародар – Кувайт таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамоем”, - изҳор доштанд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.  


🛰 Манбаъ: Varzishtv.tj
📢 Канал: @varzish_tv_news


Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Кувайт

Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст, барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ, иштирок дар Конфронси сатҳи баланд ва барои истиқболи бародаронаву меҳмонавозии самимӣ ба Амири Давлати Кувайт Шайх Мишъал Ал-Аҳмад Ал-Ҷобир Ас-Сабоҳ арзи сипос намуданд.


🛰 Манбаъ: Varzishtv.tj
📢 Канал: @varzish_tv_news


Оғози сафар ва маросими истиқболи расмӣ дар Давлати Кувайт

Дар толори махсуси фурудгоҳи байналмилалии амирии пойтахти ин кишвар - шаҳри Ал-Кувайт Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Амири Давлати Кувайт Шайх Мишъал Ал-Аҳмад Ал-Ҷобир Ас-Сабоҳ  ва Валиаҳди Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ Ал-Холид Ал-Ҳамад Ал-Муборак Ас-Сабоҳ истиқбол гирифтанд.


🛰 Манбаъ: Varzishtv.tj
📢 Канал: @varzish_tv_news


Сафари расмӣ ба Давлати Кувайт

3 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани боздиди расмӣ ва иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд “Тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар самти мубориза бо терроризм ва эҷоди механизмҳои самараноки сарҳадӣ – Марҳилаи Кувайтии Раванди Душанбе” ба Давлати Кувайт сафар карданд.


🛰 Манбаъ: Varzishtv.tj
📢 Канал: @varzish_tv_news


"Истиқлол" бори 13-ум қаҳрамони Тоҷикистон шуд

Пас аз анҷоми бозии даври 21-уми Лигаи футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои “Вахш” ва “Хуҷанд” (1:0), дастаи “Истиқлол” панҷ бозӣ пеш аз анҷоми қаҳрамонии кишвар соҳиби унвони чемпионӣ гардид.


🛰 Манбаъ: Varzishtv.tj
📢 Канал: @varzish_tv_news


Гвардиола ба “Барселона” маслиҳат дод

Гвардиола аз соли 2008 то 2012 сармураббии  “Барселона” буд. Зери роҳнамоии  Гвардиола “Барселона” беҳтарин давраи худро
паси сар кардааст. Баъдан, Гвардиола сармураббии “Бавария” шуд ва пасон дастаи “Манчестер
Сити”-ро ба ӯҳда гирифт. 


🛰 Манбаъ: Varzishtv.tj
📢 Канал: @varzish_tv_news


Собиқадорони ҷудо ба Лас Вегас мераванд

Рӯзҳои 4-ум то 7-уми ноябр дар Лас Вегаси ИМА Чемпионати ҷаҳонии ҷудо миёни собиқадорон доир мегардад.


🛰 Манбаъ: Varzishtv.tj
📢 Канал: @varzish_tv_news


Ба истифода додани бинои Муассисаи давлатии омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ дар шаҳри Душанбе

29 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи Пахтакори ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи давлатии омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомиро мавриди истифода қарор доданд.  


🛰 Манбаъ: Varzishtv.tj
📢 Канал: @varzish_tv_news


Иштирок дар вохӯрии “БРИКС+” ва “БРИКС ва Ҷаҳони Ҷануб: бунёди якҷояи ҷаҳони беҳтар”

24 октябр дар шаҳри Қазон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии “БРИКС+” ва “БРИКС ва Ҷаҳони Ҷануб: бунёди якҷояи ҷаҳони беҳтар” иштирок ва суханронӣ намуданд.


🛰 Манбаъ: Varzishtv.tj
📢 Канал: @varzish_tv_news


Мулоқот бо Раиси Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов

24 октябр дар шаҳри Қазон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҳамоиши “БРИКС+” бо Раиси Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов мулоқот намуданд.


🛰 Манбаъ: Varzishtv.tj
📢 Канал: @varzish_tv_news


“Брест” ва “Байер” дар Генгам мусовӣ бозӣ карданд

Дар доираи бозиҳои даври 3-юми марҳилаи умумии гурӯҳии
Лигаи Чемпионҳо дастаҳои “Брест” ва “Байер” андари майдони рақобат шуданд.
Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Стад дю Рудуру”-и шаҳри Генгам баргузор
гардида, бо ҳисоби мусовии 1 бар 1 анҷом ёфт


🛰 Манбаъ: Varzishtv.tj
📢 Канал: @varzish_tv_news

20 last posts shown.