Овози Самарқанд/Samarqand ovozi


Channel's geo and language: Uzbekistan, Uzbek


🏢Муассисон:
Шӯрои намояндагони халқ ва ҳокимияти вилояти Самарқанд
💠Facebook facebook.com/OvoziSamarqand
💠Telegram t.me/ovozisamarqand
💠YouTube youtube.com/channel/UCYdnzgQ0zay6n5g7VxigmQg

Related channels  |  Similar channels

Channel's geo and language
Uzbekistan, Uzbek
Statistics
Posts filter


Оё ба корманд дар давоми рӯзи корӣ барои истироҳат танаффус дода мешавад?

Вақти танаффус ва давомонокии дақиқи он барои истироҳат ва хӯрокхӯрӣ тибқи қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ ё мувофиқаи байни корманд ва корфармо муайян карда мешавад.

Тибқи қонунгузорӣ, дар давоми рӯзи корӣ ба корманд танаффус барои истироҳат ва хӯрокхӯрӣ дода мешавад, ки давомнокии он на камтар аз 30 дақиқа ва на зиёда аз 2 соат буда, ба вақти корӣ дохил карда намешавад.

Корманд метавонад аз вақти танаффус барои истироҳат ва хӯрокхӯрӣ бо ихтиёри худ истифода барад. Дар ин муддат ӯ метавонад ҷои кори худро тарк кунад.

Telegram | YouTube | Facebook | Site


#Назм

Гум шудам дар худ чунон, к-аз хеш нопайдо шудам,
Шабнаме будам зи дарё, ғарқа дар дарё шудам.

Сояе будам зи аввал бар замин афтода хор,
Рост к-он хуршед пайдо гашт, нопайдо шудам.

З-омадан бас бенишону аз шудан бас бехабар,
Гӯиё як дам баромад, к-омадам ман ё шудам.

На, мапурс аз ман сухан, зеро ки чун парвонае,
Дар фуруғи рӯи ӯ пайдои нопайдо шудам.

Дар раҳи ишқаш қадам дарнеҳ, агар бодонишӣ,
Лоҷарам дар ишқ ҳам нодону ҳам доно шудам.

Чун ҳама тан дида мебоист буду кӯр гашт,
Ин аҷаб бингар, ки чун бинои нобино шудам.

Хок бар фарқам агар як зарра дорам огаҳӣ,
То куҷост он ҷо, ки ман саргаштадил он ҷо шудам.

Чун дили Аттор берун дидам аз ҳар ду ҷаҳон,
Ман зи таъсири дили ӯ бедилу пайдо шудам.

✍️ Аттор Нишопурӣ

Telegram | YouTube | Facebook | Site


Video is unavailable for watching
Show in Telegram
⚡️Ассалому алайкум!

Субҳ ба хайр, азизони дилу дида! Рӯзатон хушу зебо бошад!

Telegram | YouTube | Facebook | Site


☀️ 16-уми феврал. Пагоҳ дар Самарқанд ҳаво нимаабрӣ мешавад.

Ҳарорати ҳаво:

☀️ Рӯз: +2°...+5°

🌙 Шаб: −1°...+1°

Telegram | YouTube | Facebook


Video is unavailable for watching
Show in Telegram
⚡️⚡️Дайжести хабарҳои муҳимми рӯз:

➖ Дар Италия тақдимоти китоби “Бобурнома”
гузаронида шуд

➖ Антониу Кошта ва Урсула фон дер Ляйен ба Ӯзбекистон
ташриф меоранд

➖ Роҳбари вилоят бо "ҳафтгонаи маҳалла"-и ноҳияи Ургут
вохӯрд

➖ Соли гузашта ба Ӯзбекистон чӣ қадар телефонҳои мобилӣ
ворид карда шудааст?

➖ Фоидаи кӯмаки мардҳо дар корҳои хонагӣ ба
бонувонашон

➖ Қувваозмоии варзишгарон аз рӯи шамшербозӣ барои Ҷоми ҷаҳон
оғоз ёфт

Telegram | YouTube | Facebook | Site


Роҳбари вилоят бо соҳибкорон вохӯрӣ доир намуд

Иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилояти Самарқанд Адиз Бобоев дар корхонаи истеҳсолии ҶММ «Sam Ellektro Servis» ки дар мавзеи Сариқтеппаи ноҳияи Ургут ҷойгир аст, бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор намуд.

Дар он намояндагони субъектҳои соҳибкорӣ ба баъзе мушкилоте, ки дар самти ҷалби сармоя, тавсеаи истеҳсолот, ҷудо намудани маблағҳои кредитӣ, фароҳам овардани имконият барои воридоти таҷҳизоти муосир, баланд бардоштани иқтидори содиротӣ ва рушди истеҳсолот дучор меоянд, баррасӣ намуданд.

Дар ин вохӯрӣ, ки бо услуби муоширати ошкоро ва самимӣ баргузор шуд, ба масъулин ҷиҳати ҳалли ҳама пешниҳоду масъалаҳои баёнкардаи соҳибкорон супориш дода шуд.

Telegram | YouTube | Facebook | Site


Ҳусанов дар таркиби асосӣ

Дар доираи тури 25-уми АПЛ “Манчестер Сити” дар майдони худ “Нюкасл”-ро қабул мекунад. Вохӯрӣ соати 20:00 оғоз меёбад.

Бозии мазкурро ҳимоятгари дастаи мунтахаби Ӯзбекистон Абдуқодир Ҳусанов дар таркиби асосӣ оғоз мекунад.

Telegram | YouTube | Facebook | Site


Реестри омилҳое, ки ба ҳаёт ва саломатии одам хатари зиёд мерасонад, чӣ тавр роҳандозӣ мешавад?

Бо қарори ҳукумат низом "Дар бораи тартиби ташкили реестр (феҳрист)-и омилҳое, ки барои ҳаёт ва саломатии инсон хатари ҷиддӣ эҷод мекунанд" тасдиқ гардид.

👉 https://ovozi.uz/61582/

Telegram | YouTube | Facebook | Site


Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзҳои 17-18-уми феврал мувофиқи таклифи Амири Давлати Кувайт Шайх Мишъал ас-Сабоҳ бо сафари расмӣ ба ин кишвар меравад.

Telegram | YouTube | Facebook | Site


Роҳбари вилоят бо "ҳафтгонаи маҳалла"-и маҳаллаҳои ҳудуди "Ғӯс"-и ноҳияи Ургут вохӯрд

Дар маҳаллаҳои ҳудуди мазкур беш аз 40 ҳазор нафар аҳолӣ истиқомат мекунанд. Дар минтақа мавизпарварӣ, аз нав коркарди меваҳо, ҳунармандӣ ҳамчун соҳаҳои драйверӣ ба ҳисоб меравад.

👉 https://ovozi.uz/61579/

Telegram | YouTube | Facebook | Site


Video is unavailable for watching
Show in Telegram
#Сайри_ҷаҳон

🇬🇪 Гурҷистон

Telegram | YouTube | Facebook | Site


Дар Тошканд қувваозмоии варзишгарон аз рӯи шамшербозӣ барои Ҷоми ҷаҳон оғоз ёфт

Дар Тошканд зинаи қувваозмоии ҷавонон аз рӯи шамшербозии рапира барои Ҷоми ҷаҳонӣ оғоз ёфт.

Дар мусобиқа, ки се рӯз давом мекунад, 158 нафар варзишгари 15 мамлакат иштирок менамоянд.

Дар қувваозмоии мазкур шарафи ҷамоаи мунтахаби моро 15 нафар варзишгар ҳимоят мекунанд.

Telegram | YouTube | Facebook | Site


Video is unavailable for watching
Show in Telegram
Арзишҳоро якҷоя ҳифз ва тарғиб намоем!

Зебо Саидова,

ҷонишини ҳокими вилоят, роҳбари Садорати оила ва зан-духтарон

Telegram | YouTube | Facebook | Site


Олимон: мардҳое, ки ба занҳо дар корҳои хона кӯмак мекунанд, аз депрессия камтар азият мекашанд

Тадқиқотчиён тасдиқ мекунанд, ки вазифаҳои хона бояд дар байни мардҳо ва занон баробар тақсим карда шаванд.

Чунин тарзи фаъолият метавонад барои саломатӣ фоида орад ва аз депрессия ҳифз намояд. Тадқиқотчиён аз Донишгоҳи Бремен ба чунин хулоса омаданд.

Telegram | YouTube | Facebook | Site


Video is unavailable for watching
Show in Telegram
Вохӯрӣ бо бунёдкорони Ӯзбекистони Нав воқеаи таърихӣ шуд, ки салоҳияти ҷавононро ба пуррагӣ намоён мекунад

Telegram | YouTube | Facebook | Site


«Apple», «Samsung», «Redmi»… Ӯзбекистон дар соли 2024 чӣ қадар смартфон ворид намуд?

Мутахассисон таъкид мекунанд, ки дар мамлакат эҳтиёҷ ба технологияҳои мобилӣ сол аз сол меафзояд. 

👉 https://ovozi.uz/61574/

Telegram | YouTube | Facebook | Site


Антониу Кошта ва Урсула фон дер Ляйен ба Ӯзбекистон ташриф меоранд

Роҳбарони Шӯрои Аврупо ва комиссияи Аврупо Антониу Кошта ва Урсула фон дер Ляйен барои иштирок дар аввалин саммити ИА - Осиёи Марказӣ рӯзҳои 3-4-уми апрел дар Ӯзбекистон мешаванд.

Telegram | YouTube | Facebook | Site


Гуруснашинии фосилавӣ дар фаъолияти ғадудҳои зери меъдаи наврасон танаффусҳоро ба миён меоварад

Олимон ҳангоми таҷриба дар муш муайян намудаанд, ки гуруснашинии фосилавӣ дар синни наврасӣ метавонад дар фаъолияти метаболизм ба муддати маълум тағйироти манфиро ба миён оваранд.

Telegram | YouTube | Facebook | Site


#Назм

Гар ба ман ёр шавӣ в-ар нашавӣ,
Ту ҳамон ёрию дигар нашавӣ.

Ман ба дида назаре ҳам накунам,
Гар ту дар дида мусаввар нашавӣ.

Эй дил, ин дард, ки дорӣ, гар аз ӯст,
Шарбате нӯш, ки хуштар нашавӣ.

Машав, эй дида, шаби ҳиҷрон хушк,
Ки чу бинӣ рухи ӯ, тар нашавӣ.

Махур, эй зоҳиди ғамхора, ғамам,
Ғами худ хур ту, ки лоғар нашавӣ!

Эй ҳасуд, аз ғами ӯ гар нолам,
Ту чаро кӯр шавӣ, кар нашавӣ?

Бар дараш ҳалқа задам, гуфт: Камол,
Хоки ин дар нашавӣ, дар нашавӣ.

✍️ Камоли Хуҷандӣ

Telegram | YouTube | Facebook | Site


Video is unavailable for watching
Show in Telegram
⚡️Ассалому алайкум!

Субҳ ба хайр, азизони дилу дида! Рӯзатон хушу зебо бошад!

Telegram | YouTube | Facebook | Site

20 last posts shown.