Паҳн намудани аксу наворҳои ғайриахлоқӣ тавассути шабакаҳои интернетӣ ҷиноят ҳисобида шуда, тибқи талаботи моддаи 241 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ ҷалб карда мешаванд.
Мутаассифона вақтҳои охир содиршавии чунин ҷиноятҳо бештар гардидаанд.
Аз ҷумла, зимни санҷиш аз ҷониби кормандони Шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар ш.Душанбе, Абдувалиев Музаффар сокини 22-солаи пойтахт дастгир карда шуд. Номбурда мунтазам аксу наворҳои ғайриахлоқиро тавассути шабакаи иҷтимоии «Инстаграм» паҳн кардааст. Номбурда дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, тафтишот идома дорад.
Тибқи талаботи қисми 3 банди "Б" моддаи 241, барои тавассути интернет паҳн намудани аксу наворҳои порнографӣ, маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 6 то 10 сол пешбинӣ гардидааст.