Video oldindan ko‘rish uchun mavjud emas
Telegram'da ko‘rish
Қатар ва Амрико рӯзи 15-уми январ эълон карданд, ки баъд аз 467 рӯз ҷанг, Исроил ва гурӯҳи фаластинии "Ҳамос" бо созиши оташбас дар Ғазза ва озодии гаравгонҳо, мувофиқат карданд.
Нахуствазир ва вазири корҳои хориҷии Қатар Муҳаммад Бин Абдураҳмон Оли Сонӣ хабар дод, ки оташбас аз рӯзи якшанбеи 19-уми январ, оғоз мешавад.
Бо ин созиш, ҷанги 15-моҳа ва вайронгар дар Ғазза поён меёбад ва эҳтимолан поёне бар маргбортарин даргирӣ миёни Исроил ва гурӯҳи "Ҳамос" хоҳад буд.
Ба гуфтаи нахуствазири Қатар, 33 гаравгони исроилӣ дар марҳилаи аввали созиш, ки метавонад ба як "оташбаси доимӣ" табдил шавад", озод хоҳанд шуд.
Муҳаммад Бин Абдураҳмон Оли Сонӣ афзуд, "ду тарафи даргир дар Навори Ғазза бар сари табодули зиндониён ва гаравгонҳо ба созиш расидаанд ва (миёнҷиҳои музокирот) оташбасро эълон кардаанд, бо ин умед, ки оташбаси доимӣ миёни ду тараф барқарор шавад".
Нахуствазири Қатар дар идома гуфт, "умедворем, ки ин созиш поёне бар ҷанг бошад ва ҳамаи тарафҳо ба иҷрои он пойбанд бошанд".