Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч


Kanal geosi va tili: O‘zbekiston, O‘zbekcha


Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
Оиди ҳамкорӣ ва реклама 👇
@shodtj

Связанные каналы  |  Похожие каналы

Kanal geosi va tili
O‘zbekiston, O‘zbekcha
Statistika
Postlar filtri


Дар Панҷакент Маркази оши палов бунёд мешавад

Дар шаҳри Панҷакент Маркази оши палов бунёд мешавад. Ин нахустин Маркази оши палов дар шаҳри Панҷакент аст. Он бо тарҳи миллӣ ва саҳми соҳибкор Абдушафеъ Ҳоҷиев бунёд хоҳад шуд.

Тафсилоти бештар дар 👉🏾Pressa.tj


Тағийроти кадрӣ дар Хатлон

Имрӯз, 22 январ Фарҳод Сафарзода сардори Идораи телевизион ва радиои вилояти Хатлон таъин шуд. Ӯ дар ин мақом Соҳибназари Муҳаммад Ғоибро иваз кард.
Аз Идораи телевизион ва радиои вилояти Хатлон ба Pressa.tj гуфтанд, ки Фарҳод Сафарзода, ки бо фармоиши раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Идораи мавриди назар таъин шудааст, пештар мудири шуъбаи сиёсии телевизиони Тоҷикистон буд.
Соҳибназари Муҳаммад Ғоиб собиқ сардори Идораи телевизион ва радиои вилояти Хатлон дирӯз бо як қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон директори Муассисаи давлатии "Ҷаҳоннамо" таъин гардид.


☄️Тоҷикистон ба мардуми Ғазза кӯмаки башардӯстона фиристод


Тоҷикистон бо ҳамроҳии Қазоқистон, Озарбойҷон ва Бангладеш ба мардуми Ғазза 200 тонна орд фиристод. Дар ин бора хабар медиҳад ВКХ

Кӯмак дар ҳамоҳангӣ бо СММ ба тақрибан 8 ҳазор хонавода мерасад. Аммо ҳиссаи Тоҷикистон номбар нашудааст.


💬Талаботи нави Арабистони Саудӣ ба зоирон

Арабистони Саудӣ шуруъ аз 1-уми феврали соли равон аз ҳамаи мусофироне, ки вориди ин кишвар мешаванд, гувоҳномаи эмгузаронӣ бар зидди бемории илтиҳоби пардаҳои майна ё менингит талаб мекунад.

Ёдовар мешавем, ки аз Тоҷикистон аксаран зоирон ба Арабистони Саудӣ сафар мекунанд. Тибқи иттилоъи Вазорати тандурустии ин кишвар ин талабот ба ҳамаи мусофирони аз 2-сола боло, аз ҷумла ба зоироне, ки барои адои Ҳаҷ ва Умра ба Арабистони Саудӣ мераванд, дахл дорад.
Ба гуфтаи манбаъ, мусофирон бояд ваксинаи чорҷузъии “Neisseria” гиранд ва гувоҳномаи эмгузарониро то 10 рӯз пеш аз сафар ба даст оварданд.
Гуфта мешавад, ки ин тадбир барои таъмини бехатарии саломатӣ ва пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ ҷорӣ шудааст.
Ёдовар мешавем, ки илтиҳоби пардаҳои майна (менингит) — бемории илтиҳоби пардаҳои мағзи сар ва ҳароммағз мебошад. Он бемории сироятӣ аст.


Тафсилоти бештар: pressa.tj


Video oldindan ko‘rish uchun mavjud emas
Telegram'da ko‘rish
#Хабари_рӯз

✅Тағйироти кадрӣ. Нуриддин Саид аз вазифа озод шуд.

✅Шурӯъ аз ҳафтаи нави корӣ дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мешавад.


✅Талаботи нави Арабистони Саудӣ ба зоирон.


🏆 Ҷоми FORMULA55 ба номи Александр Кирсанов бо пирӯзии Вавилон ва Рахш Такси анҷом ёфт!

Дар Душанбе 32-юмин мусобиқаи  ҷумҳуриявӣ оид ба футболи хурд бахшида ба хотираи собиқ футболбози маъруф  Александр Кирсанов ба охир расид.

Натиҷаи рақобатҳо байни дастаҳои собиқадор:

Ғолиб – Вавилон (финал: 8:2 Динамо МВД).
Биринҷӣ – Равшан (бозӣ барои ҷои 3-юм: 7:3 бар зидди Лазиз).

Натиҷаи рақобатҳо байни дастаҳои ҳаваскор:

Чемпион – Рахш Такси (финал: 2:1 бар зидди ФК Соро-2).
Биринҷӣ – Динамо МВД (бозӣ барои ҷои 3-юм: 13:4 бар зидди ФК ТЭЦ).

Ғолибон бо Ҷом, медал ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд. Саидов Наврӯз, Шарифов Самад, Азизов Бахтиёр, Улмасов Алишер ва Хуршед Маҳмаудов бозингарони беҳтарини мусобиқа дониста шуданд.

Ёдовар мешавем, ки соли дуюм аст, ки мусобиқаи мазкур таҳти сарпарастии ширкати «FORMULA55» баргузор мегардад.




💬Тағйироти кадрӣ. Нуриддин Саид аз вазифа озод шуд

Нуриддин Саид аз вазифаи раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Тоҷикистон озод шуд.
Бино ба иттилои манобеи огоҳ, бо фармони Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ҷойи ӯ  Носир Саид таъин шудааст. Номбурда то ин замон  директори ТВ «Сафина» буд.
Ҳамчунин,  Садриддин Шамсиддинзода аз вазифаи директори ТВ «Ҷаҳоннамо» озод шуда, директори ТВ «Сафина» таъин шудааст.
Соҳибназари Ғоиб бошад, директори ТВ «Ҷаҳоннамо» таъин шудааст, ки он дам директори телевизиони «Хатлон» буд. Номбурда писари Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб аст.


Тафсилоти бештар: pressa.tj


Амонатбонк ва БАТР ҳамкориро дар сатҳи нав ба роҳ мемонанд

Раиси Раёсати КВД БА ҶТ «Амонатбонк» Алиҷон Салимзода бо роҳбари Намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Холгер Вифел мулоқот кард.
Мулоқоти ҷонибҳо 20-уми январи соли ҷорӣ дар бинои марказии Амонатбонк доир шуд.

Ҷонибҳо зимни суҳбат таъкид доштаанд, ки Амонатбонк ва БАТР ҳамкориро дар сатҳи нав ба роҳ монда, дар нақша доранд, ки соли 2025 доираи фаъолияти молиявии муштаракро васеъ намоянд. Доир намудани дарсҳои молиявӣ оид ба баланд бардоштани савияи дониши молиявии мутахассисони бонк, гузаронидани амалиётҳои молиявӣ байни сохторҳои мухталифи бонкҳо ва “Дарҳои кушоди БАТР дар Амонатбонк” аз ҷумлаи чорабиниҳо дар соли равон мебошанд.

Тафсилоти бештар дар 👉🏾Pressa.tj


📢Доналд Трамп расман ба фаъолият оғоз кард

20-уми январ пас аз маросими савгандёдкунӣ Доналд Трамп расман Президенти Амрико шуд.

Ӯ 78 сол дорад ва ҳамакнун раисҷумҳури 47-умини Амрико ба ҳисоб меравад.

Трамп дар маросими савгандёдкунӣ гуфт, ки бо омадани ӯ барои ИМА асри нав оғоз мешавад.
Доналд Трамп, ки намояндаи ҳизби ҷумҳурихоҳ аст, дар интихоботи соли 2024 пирӯзӣ ба даст овард. Рақиби ӯ Камала Ҳаррис намояндаи Ҳизби демократ буд.
Давоми 4 соли гузашта Ҷо Байдени демократ президенти Амрико буд.
Доналд Трамп дар маросими савгандёдкунӣ гуфт, ки дар сиёсати дохиливу хориҷии ИМА тағйироти куллӣ ба вуҷуд хоҳад овард. Аз ҷумла гуфт, ки муҳоҷирони ғайриқонуниро аз кишвараш депорт мекунад.

Обуна шавед  /Telegram /Instagram/Facebook/YouTube




☄️Рошид Неъматов ба Тоҷикистон аввалин тиллои ҷудои соли 2025 овард

Рошид Неъматов, ҷудокори навраси тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Африқо, ки 17-уми январ дар Касабланкаи Марокаш доир шуд, дар вазни то 73 кг бо пирӯзии бар паҳлавонони Кувайт ва Марокаш медали тилло ба даст овард.

Ӯ ягона намояндаи Тоҷикистон буд ва медали ӯ нахустин дастоварди ҷудокорони наврас дар соли 2025 мебошад.

Дар ин мусобиқа 80 варзишгар аз 12 кишвар ширкат доштанд.


Video oldindan ko‘rish uchun mavjud emas
Telegram'da ko‘rish
#Хабари_рӯз

✅Вазорати тандурустӣ: Дар Тоҷикистон коронавируси нав нест!

✅Ҳалокати се нафар бар асари фурӯравии замин дар кони "Фон-Яғноб".

✅Марги зани 42 сола аз дасти хоҳарзодаи ҷавонаш.

Pressa.tj






💬Вазорати тандурустӣ: Дар Тоҷикистон коронавируси нав нест!

Рӯзҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла WhatsApp ва Telegram тавсияномае аз номи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон оид ба хуруҷи варианти нави коронавируси COVID-Omicron XBB чарх мезанад.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон расонидааст, ки маводи мазкур ҳеҷ алоқамандӣ ба вазорат надорад. Он аз номи саҳифаҳои сохта ё ба ибораи дигар «фейк» нашр шуда истодааст.

Аз ин лиҳоз, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз тамоми сокинони мамлакат даъват ба амал овардааст, ки ба ҳар гуна хабару овозаҳои бардурӯғ вобаста ба хуруҷи сирояти мазкур, ки гӯё дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, бовар накунанд.


Тафсилоти бештар: pressa.tj


Хушхабар барои истифодабарандагони Амонатмобайл

✅ Акнун Амонатмобайл соҳиби интерфейс ва имконоти нав гашт. Суръати баланди коркард, фармоиши питса, доруворӣ ва ҳамчунин 900 номгуйи дигар хизматрасониҳо дар интихоби шумост. Ҳамаи ин ҳоло бо пахши як тугмача!


Хорошие новости для пользователей Амонат мобайл

✅ Теперь у Амонатмобайла — новый интерфейс и новые возможности. Отличная скорость, онлайн заказ пиццы, лекарств и ещё 900 наименований услуг в вашем распоряжении! Все это теперь одним кликом!

#АмонатМобайл #НовыеВозможности


☄️Се нафар бар асари фурӯравии замин дар кони "Фон-Яғноб" ҷони худро аз даст доданд

17-уми январ, дар кони ангишти "Фон-Яғноб"-и ноҳияи Айнӣ, фурӯравии замин боиси ҳалокати се корманд гардид. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар медиҳад.

Тибқи маълумоти расмӣ, ҷабрдидагон 47, 42 ва 41 сол дошта, ҳангоми ҳодиса дар дохили кон кор мекарданд. Айни ҳол маълум нест, ки онҳо аз кадом минтақаи кишвар буданд.

Ҷасадҳои ҳалокшудагон ба беморхонаи ноҳияи Айнӣ интиқол дода шудаанд. Сабабҳои рух додани ин фоҷиа аз ҷониби мақомот таҳқиқ шуда истодаанд.

18 ta oxirgi post ko‘rsatilgan.