Postlar filtri


Цитаты 🥀🌹🥺😌😔💔🚶 dan repost
Video oldindan ko‘rish uchun mavjud emas
Telegram'da ko‘rish


Увайси Қаранӣ [ Савол ва Ҷавоб ( Фатвоҳо) ]. dan repost
Оё соат дар дасти рост баста мешавад ё чап?

Савол:
Оё барои мардон ҷоиз аст, ки соати дастиро дар дасти рост банданд ё дар дасти чап?

Матни ҷавоб:

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

“Масъала дар ин маврид васеъ аст. Бастани соат дар дасти рост ва ё чап барои мардону занон ҷоиз аст, мисли ангуштарин.

Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст ва дуруду паёми Аллоҳ бар паёмбарамон Муҳаммад ва олу асҳоби ӯ бод”. Поёни сухан.

Кумитаи доимӣ оид ба таҳқиқоти илмӣ ва фатводиҳӣ.

Шайх Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз … Шайх Абдурраззоқ Афифӣ … Шайх Абдуллоҳ ибни Ғадаён .
📗“Фатово-л-лаҷнати-д-доимати ли-л-буҳуси-л-илмияти ва-л-ифто” (24/80).


Цитаты 🥀🌹🥺😌😔💔🚶 dan repost
Знаете что происходит с праней когда он влюбляется по уши ?

1) Ждёт сообщения только от неё!
2) Другие девушки становятся не интиресний!
3) Думает о ней с утра до ночей (24/7)!
4) Начинает надеется и мечтать только о лучшем !
5) Ревнует к мужскому полу и боится потерять!


Увайси Қаранӣ [ Савол ва Ҷавоб ( Фатвоҳо) ]. dan repost
Оё ҳоҷиён бояд қабри расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод), Бақеъ, Уҳуд ва масҷиди Қуборо зиёрат кунанд?

Савол:

Оё зиёрати қабри расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод), Бақеъ, Уҳуд ва масҷиди Қубо барои мардону занони ҳоҷӣ воҷиб аст ё ин танҳо барои мардон воҷиб аст?

Матни ҷавоб:

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

"Зиёрати қабри расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ва қабристони Бақеъ бар ҳоҷиён - хоҳ мард бошанд ё зан - воҷиб нест, балки сафар кардан бо нияти зиёрати қабрҳо мутлақан ҳаром аст. Зиёрати қабрҳо барои занон ҳаром аст, агарчи ба ин ният сафар ҳам накунанд. Зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Қофилаи сафар баста намешавад, магар ба се масҷид: Масҷиду-л-ҳаром, масҷиди ман ва масҷиди Ақсо».

📗Муттафақун алайҳ. (Ривояти Бухорӣ ва Муслим).

Чунки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) занонеро, ки қабрҳоро зиёрат мекунанд, лаънат намудааст. Барои занон кифоя аст, ки дар масҷиди Набавӣ намоз гузоранд ва дар масҷид ва дигар ҷойҳо бар паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) зиёд дуруду салавот бифиристанд.

Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст ва дуруду паёми Аллоҳ бар паёмбарамон Муҳаммад ва олу асҳоби ӯ бод". Поёни сухан.

Кумитаи доимӣ оид ба таҳқиқоти илмӣ ва фатводиҳӣ.

Шайх Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз, Шайх Абдурраззоқ Афифӣ, Шайх Абдуллоҳ ибни Ғадаён.
📗"Фатово-л-лаҷнати-д-доима" (11/362).


Увайси Қаранӣ [ Савол ва Ҷавоб ( Фатвоҳо) ]. dan repost
Хондани сураҳои Кофирун ва Ихлос дар намозҳои суннати бомдоду шом мустаҳаб аст.

Савол:
Оё хондани сураҳои Кофирун ва Ихлос дар аввал ва охири рӯз, яъне дар ду ракъати суннати бомдод ва шом мустаҳаб ва суннати расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) аст?

Матни ҷавоб:

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аввал:

Бале, хондани сураҳои "Кофирун" ва "Ихлос" дар намози суннати бомдод ва суннати шом мустаҳаб аст. Ин чиз дар суннати саҳеҳ аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) собит шудааст.

Аз Абуҳурайра (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят шудааст, ки мегӯяд: Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар ду ракъати бомдод «Қул ё айюҳа-л-кофирун» ва «Қул ҳуваллоҳу аҳад»-ро қироат кард.
📗Ривояти Муслим (726).

Аз Ибни Умар (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) ривоят шудааст, ки мегӯяд: Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод)-ро бист бор мушоҳида кардам, ки дар ду ракъати суннати баъд аз шом ва ду ракъати суннати пеш аз бомдод «Қул ё айюҳа-л-кофирун» ва «Қул ҳуваллоҳу аҳад»-ро қироат менамуд.


📗 Ривояти Насоӣ (992). Нававӣ дар китоби "Ал-Маҷмуъ" (3/385) гуфтааст: Санади ин ҳадис хуб аст. Албонӣ дар "Ассилсилату-с-саҳиҳа" (3328) ва Шайх Аҳмад Шокир дар "Таҳқиқу-л-муснад» (8/89) онро саҳеҳ донистаанд.

📗Муборакфурӣ дар китоби "Туҳфату-л-аҳвазӣ" (2/418) гуфтааст:
"Яъне дар ракъати аввали онҳо «Қул ё айюҳа-л-кофирун» ва дар ракъати дуввум «Қул ҳуваллоҳу аҳад»-ро мехонад". Поёни сухан.

Донишмандон бар асоси ин ҳадисҳо хондани ин ду сураро дар намозҳои суннати бомдоду шом мустаҳаб донистаанд.

📗Ниг: "Ал-Муғнӣ" (1/435), "Муғни-л-муҳтоҷ" (1/464), "Ал-Фатово-л-фиқҳияту-л-кубро" (1/192),Ал-Мавсуъату-л-фиқҳия" (27/159).

Дуввум:

Ҳикмати хондани ин ду сура дар он аст, ки ин ду сура ҳар се навъи тавҳидро дар бар мегирад. Сураи «Қул ҳуваллоҳу аҳад» тавҳиди рубубият ва тавҳиди асмо ва сифотро дар бар гирифта, собит кардааст, ки Аллоҳ таъоло худои ягона аст ва аз Ӯ фарзанд, падар ва ҳамторо нафй намудааст ва илова бар ин, Ӯ "Ас-Смад" аст, ки тамоми сифоти камол дар он ҷамъ шудааст.

Сураи «Қул ё айюҳа-л-кофирун» тавҳиди ибодатро дар бар гирифтааст, ки бояд банда ҷуз Аллоҳ дигар маъбудеро ибодат накунад ва ҳеҷ касеро дар ибодати Ӯ шарик насозад. Аз ин рӯ, "Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) рӯзро бо ин ду (сура) дар намози суннати бомдод оғоз намуда, рӯзро бо ин ду (сура) дар намози суннати шом ба охир мерасонд. Дар суннатҳо омадааст, ки ӯ ин ду сураро дар намози витр мехонд. Ин ду сура хотима ва охирин амали шаб мебошад, ҳамчунон ки хотима ва охирин амали рӯз буд". Поёни сухан.

Инро Ибни Қайим дар📗 китоби "Бадоиъу-л-фавоид" (1/145-146) гуфтааст.

Аллоҳ донотар аст.


Цитаты 🥀🌹🥺😌😔💔🚶 dan repost
Video oldindan ko‘rish uchun mavjud emas
Telegram'da ko‘rish
Встретились два совершенно разных характера.

Она знала какой он не идеальный, но понимала, что Он - лучший.

Он знал , как с ней сложна , но ему нужно была именно - Она.


Увайси Қаранӣ [ Савол ва Ҷавоб ( Фатвоҳо) ]. dan repost
Оё агар зан бо марде дастфишурӣ бикунад, гунаҳкор мешавад?

Савол:
Агар зан дастпӯшак пӯшида бо марде дастфишурӣ (салом) бикунад, гунаҳкор мешавад?


Матни ҷавоб:

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Барои зан ҷоиз нест, ки бо мардони бегонаи номаҳрам дастфишурӣ кунад, гарчанде ки дастпӯшак пӯшида бошад ва ё аз паси остин ё абоя (либоси болопӯши васеъ) дастфишурӣ бикунад, зеро ин ҳама дастфишурӣ ба ҳисоб меравад, ҳатто агар (байни дастҳо) ягон чизе бошад.
📗 Сарчашма: Шайх Абдуллоҳ Ибни Ҷибрин Дар Китоби "Ал-Фатово-Л-Ҷомиъату Ли-Л-Маръати-Л-Муслима" Ҷилди / 3, Саҳ / 992


Увайси Қаранӣ [ Савол ва Ҷавоб ( Фатвоҳо) ]. dan repost
Оё касоне, ки тӯъмаи наҳангҳо шудаанд, аз ҷумлаи шаҳидон ба ҳисоб мераванд?

Савол:
Дар ҳадисҳо баъзе навъҳои шаҳидон зикр шудаанд, аз ҷумла касоне, ки ҳайвоноти дарранда онҳоро хӯрдаанд ва касоне ки ғарқ шудаанд. Оё касе, ки моҳиҳо, масалан наҳанг ӯро бихӯрад, ба ду тоифаи боло (касоне, ки ҳайвоноти дарранда онҳоро хӯрдаанд – касоне ки ғарқ шудаанд) дохил мешавад?

Матни ҷавоб❗

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аввал:

Ғарқ шудан шаҳодат аст, зеро Бухорӣ (2829) ва Муслим (1914) аз Абуҳурайра (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят кардаанд, ки расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд:

«Шаҳидон панҷ тоифаанд: Касе ки бар асари вабо бимирад, касе ки бар асари дарди шикам бимирад, касе ки дар об ғарқ шавад, касе ки бар асари харобу вайрон шудани чизе фавт шавад ва касе ки дар роҳи Аллоҳ шаҳид гардад».

Дуввум:

Умед аст, касе ки ҳайвони дарранда ӯро хӯрдааст, аз ҷумлаи шаҳидон бошад.

Ҳофиз (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:

Дар китоби Табаронӣ аз Ибни Масъуд ҳадисе бо санади саҳеҳ омадааст: «Ҳар кас аз болои кӯҳҳо бияфтад ё ҳайвоноти дарранда ӯро бихӯранд ё дар баҳрҳо ғарқ шавад, дар назди Аллоҳ шаҳид аст».

Поёни сухан аз китоби 📗“Фатҳу-л-борӣ” (6/44).

Саввум:

Наҳанг дандони шикорӣ дорад, ки бо он шикор мекунад, аз ин рӯ, ин моҳӣ дарранда аст, аммо даррандаи баҳрӣ аст.

Умед аст, касе ки наҳанг ӯро хӯрдааст, аз ҷумлаи шаҳидон бошад.

Агар мусулмон қабл аз ҳамлаи наҳангҳо ғарқ шуда бимирад ва ё бар асари ҳамлаи наҳангҳо бимирад, дар ҳарду ҳолат шаҳид ҳисобида мешавад, ин шо Аллоҳ.

Аммо агар касе бимирад ва сипас ӯро ба баҳр партоянд ва ӯро наҳанг бихӯрад, аз ҷумлаи шаҳидон ба ҳисоб намеравад.

Аллоҳ донотар аст.


Цитаты 🥀🌹🥺😌😔💔🚶 dan repost
Иногда лучше не знать правду, чтобы жить спокойно.

Сначала мы гонимся, чтобы её узнать, а узнав , не знаем как забыть! 💔🥀


Увайси Қаранӣ [ Савол ва Ҷавоб ( Фатвоҳо) ]. dan repost
Ҳукми либосҳои варзишӣ, ки дар он нишон (логотип, нишонвора, рамз, аломат)-и кофирон аст.

Савол :

Пӯшидани либосҳои варзишӣ, ки дар он нишонҳои махсуси кофирон вуҷуд дорад, ба монанди футболкаҳои варзишӣ, ки дар он нишонҳои Итолиё, Олмон ё Амрико мавҷуд аст ва ё дар он номи баъзе аз бозигарони кофир навишта шудааст, чӣ ҳукм дорад❓

Матни ҷавоб❗

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

“Либосҳое, ки дар он нишонҳои кофирон вуҷуд дорад, дар зер ба таври муфассал баён карда мешавад:

1- Агар ин нишонҳо рамзи дини кофирон, аз қабили салиб ва амсоли он бошад, дар ин сурат воридот, фурӯхтан ва пӯшидани ин либосҳо ҷоиз нест.

2- Агар ин нишонҳо бузургдошти яке аз кофиронро бо гузоштани сурат, навиштани номи ӯ ва амсоли он ифода намояд, ин низ ҳамонтавре ки дар боло зикр шуд, ҳаром мебошад.

3- Агар ин нишонҳо ба парастиш ва бузургдошти касе рабте надошта бошанд, балки тамғаи молии раво бошанд ва онро бренд мегӯянд, ҳеҷ боке надорад.

Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст ва дуруду паёми Аллоҳ бар паёмбарамон Муҳаммад ва олу асҳоби ӯ бод”. Поёни сухан.

Кумитаи доимӣ оид ба таҳқиқоти илмӣ ва фатводиҳӣ.

Шайх Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз … Шайх Абдуллоҳ ибни Ғадаён … Шайх Солеҳ Ал-Фавзон … Шайх Абдулазиз Оли Шайх … Шайх Бакр Абузайд.
📗“Фатово-л-лаҷнати-д-доимати ли-л-буҳуси-л-илмияти ва-л-ифто” (24/24).


Анти Суфизм / Лицо Суфизма dan repost
👤 Шайх Носир Албонӣ дар бораи ҳукумати Арабистони Саудӣ гуфт:

➖«Дар бораи ҳокимони Арабистони Саудӣ фикрҳои хуб накунед! Ба он чи Аллоҳ нозил кардааст, ҳукм намекунанд! Ту зиштро мебинӣ , аммо ботилон ба муқовимати шайхҳо нигоҳ накарда, бадӣро( ботилро) паҳн мекунанд. Агар шайхҳо дар як такя ба муқобили ин ҳукумат исён ( мубориза) мебурданд, онро бозмедоштанд. Вале ба шайхҳо нигох накарда, хар чи хоҳанд, мекунанд».


📗Сарчашма: «Силсила ал - худа ва ан - нур», 614 кассета


Савол:
Оё паёмбар Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) Аллоҳ таъолоро ҳузуран бевосита дидааст, дар рӯзе ки биҳишту дӯзах ва ғайраро дид?

🗒️Чавоб :

Аксари саҳобагон ба ин назаранд, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар шаби Меъроҷ Аллоҳ таъолоро бо чашми худ надидааст.

1- Аз Оиша (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) собит шудааст, ки мегӯяд:
«Ҳар кас ба ту бигӯяд, ки Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) Парвардигорашро дидааст, ба таҳқиқ дурӯғ гуфтааст, чун ӯ мегӯяд: Чашмҳо Ӯро дар намеёбанд... ».
📗Ривояти Бухорӣ (Тавҳид/6832).

2- Аз Абузар ривоят шудааст, ки мегӯяд:
Аз расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) пурсидам: Оё Парвардигоратро дидаӣ? Фармуд: «Ӯ нур аст, чи гуна Ӯро мебинам».

📗Ривояти Муслим (Имон/261).

3- Аз Ибни Аббос ривоят шудааст, ки мегӯяд:
«Дил он чиро, ки дид, дурӯғ нашумурд. Дар ҳақиқат, як бори дигар низ ӯро дидааст». (Ибни Аббос) мегӯяд: "Бо дили худ Ӯро ду бор дидааст".
📗 Ривояти Муслим (Имон/258).

📌Ибни Қайим мегӯяд: Усмон ибни Саиди Доримӣ дар китоби худ 📗"Арруъя" нақл мекунад, ки иҷмои саҳобагон бар ин аст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) Парвардигорашро дар шаби Меъроҷ надидааст ва баъзе аз уламо Ибни Аббосро аз ин иҷмоъ истисно мекунанд. Аммо устоди мо мегӯяд, ки дар ҳақиқат ӯ мухолифат накардааст, чун Ибни Аббос нагуфтааст, ки Ӯро бо ду чашми сар дидааст ва Аҳмад низ бар ин эътимод намуда, дар яке аз ду ривоятҳо гуфтааст: Ӯ Аллоҳро дидааст, аммо нагуфтааст, ки бо ду чашми сар дидааст. Ибораи Аҳмад ин ҳамон ибораи Ибни Аббос (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) аст. Бар дурустии сухани устодамон дар маънои ҳадиси Абузар (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) сухани дигари ӯ дар ҳадиси дигар далолат мекунад, ки гуфтааст, ки пардааш нур аст ва он нур Ӯст, Аллоҳ донотар аст ба он нуре, ки дар ҳадиси Абузар (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) зикр шудааст: «Нурро дидам».

📗Китоби "Иҷтимоъу-л-ҷуюши-л-исломия" Ҷилди: 1. Саҳ: 12.

👤Шайху-л-ислом (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) мегӯяд:
Фасл. Аммо оиди руъят (дидани Аллоҳ), дар ҳадиси саҳеҳ аз Ибни Аббос собит шудааст, ки ӯ гуфтааст: Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) бо қалбаш ду бор Парвардигорашро дидааст. Аммо Оиша руъят (дидани Аллоҳ)-ро инкор кардааст. Баъзе аз мардумон ин ду мафҳуми мухолифро чунин ҷамъ кардаанд: Оиша дидани Аллоҳро бо чашми сар инкор намудааст, аммо Ибни Аббос дидани Аллоҳро бо қалб исбот кардааст. Лафзу ибораҳое, ки аз Ибни Аббос собит шудаанд, ё мутлақанд ва ё бо "қалб" муқайяд шудаанд, гоҳо мегӯяд, Муҳаммад Парвардигорашро дидааст ва гоҳо мегӯяд, Муҳаммад Ӯро дидааст. Аз Ибни Аббос ибораи сареҳу равшане собит нашудааст, ки паёмбар Ӯро бо чашмаш дида бошад.


👤Ҳамчунин Имом Аҳмад гоҳо мутлақан мегӯяд, ки (паёмбар) Аллоҳро дидааст ва гоҳо мегӯяд, ки (паёмбар) бо қалбаш Аллоҳро дидааст. Ҳеҷ кас аз Имом Аҳмад нашунидааст, ки ӯ гуфта бошад, ки паёмбар Аллоҳро бо чашмаш дидааст, аммо баъзе аз ёронаш сухани мутлақи ӯро шунида, аз он фаҳмидаанд, ки манзур аз он бо чашм дидан аст. Ҳамчунин баъзе аз мардум сухани мутлақи Ибни Аббосро шунида, аз он фаҳмидаанд, ки манзур аз он бо чашм дидан мебошад.

Дар далелҳо наомадааст, ки паёмбар Аллоҳро бо чашмаш дидааст. Ин чиз аз ягон саҳоба собит нашудааст ва дар китоб (Қуръон) ва суннат чунин мафҳуме вуҷуд надорад, балки нусуси саҳеҳ бештар бар нафйи он далолат мекунанд, чуноне ки дар 📗"Саҳиҳ"-и Муслим аз Абузар ривоят шудааст, ки мегӯяд:
Аз расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) пурсидам, ки оё Аллоҳро дидаӣ? Дар ҷавоб фармуд: «Ӯ нур аст, чи гуна метавонам Ӯро бубинам».
Аллоҳ таъоло фармудааст:

سُبْحَانَ الَّذِي أَسْرَى بِعَبْدِهِ لَيْلًا مِنَ الْمَسْجِدِ الْحَرَامِ إِلَى الْمَسْجِدِ الأَقْصَى الَّذِي بَارَكْنَا حَوْلَهُ لِنُرِيَهُ مِنْ آيَاتِنَا

سورة الإسراء: ١

«Поку муназзаҳ аст он зоте, ки бандаашро шабе аз масҷиду-л-ҳаром ба Масҷиду-л-ақсо бурд, ки атрофи онро пурбаракот намудаем, то бархе аз нишонаҳои худро ба ӯ нишон диҳем». (Сураи Исро: 1).

Агар Аллоҳ худро ба ӯ нишон медод, зикр намудани он авлотар буд. Инчунин Аллоҳ таъоло мефармояд:

أَفَتُمَارُونَهُ عَلَی مَا یَرَی

سورة النجم: ١٢

«Оё бо ӯ дар бораи он чи мебинад, муҷодала мекунед?». (Сураи Наҷм: 12).


Анти Суфизм / Лицо Суфизма dan repost
Шайх Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб раҳимаҳуАллоҳ дар китоби {дурару ас-сания 10\113} мегуяд:
Ончи душманон ба ман нисбат медиҳанд ки , бо сабаби гумон ва муволот такфир мекунам ё ҷоҳилро ки болояш иқомаи ҳуҷат нашуда бошад такфир мекунем инҳам буҳтони бузург аст ки боон мардумро аз дини Аллоҳ ва Расулаш мутанаффир месозанд.


Анти Суфизм / Лицо Суфизма dan repost
Шайх Муҳаммад ибни Абдулваҳоб раҳимаҳуАллоҳ дар китоби Ад-дурару Ас-сания 1\102 дар мавриди қабр парастҳо ва ибодат кунандагони қабр мегуяд:
Ҳаргоҳ мо такфир намекунем касеро, ки ибодат мекунад бутеро, ки бар қабри Абдулқодир аст ва бутеро ки ба қабри Аҳмад Бадави аст ва амсоли инҳоро такфир накунем бо сабаби ҷаҳлашон ва набудани касеки ононро огоҳ бисозад пас чигуна такфир мекунем касеро ба Аллоҳ шарик наёварда дар суратеки ба суи мо ҳиҷрат накунад ё кофир нашуда бошад ва қитол накунад, «муназаҳ аст Аллоҳ ин буҳтони бузург аст».


Анти Суфизм / Лицо Суфизма dan repost
Шайх Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб раҳимаҳуАллоҳ дар китоби {дурару ас сания 10\239-240} дар иртибот узр ба ҷаҳл мегуяд: Ҳар гоҳ инсоне, ки ба Аллоҳ ва Расулаш имон дорад анҷом бидиҳад амалеро ки куфр бошад ё еътиқодеро ки куфр бошд бо сабаби ҷаҳл вай ба ончи Аллоҳ ба паёмбараш саллаллоҳу алайҳи вассалам фиристода аст чунин шахс назди мо кофир намебошад. Ва ҳукм ба куфри вай намекунем то вақте ки ҳуҷати паёмбареки касе мухолифат кунад кофир шавад болои иншахс иқома шавад, ҳаргоҳ болояш иқомаи ҳуҷат шуд ва барояш тавзеҳ дода шуд ончи Наби Алайҳисалот ва салом оварда аст ва он шахс исрор карда ба амалаш(давом дод) баъд аз иқомаи ҳуҷат бар вай пас чунин шахс кофир мешавад.


Анти Суфизм / Лицо Суфизма dan repost
📌Чохилон мегуянд дар хар холат барои ин уммат Вахдат лозим аст!

МО мегуем !
Барои ба Вахдат расидани ба ин уммат аввало тавхид лозим аст.

Яъне ахли тавхид бо ахли куфр дар як чой вахдату сарчамъ шуда наметавонанд мисле ки покиза бо начосат омехта намешавад...

قُل لاَّ يَسْتَوِي الْخَبِيثُ وَالطَّيِّبُ وَلَوْ أَعْجَبَكَ كَثْرَةُ الْخَبِيثِ فَاتَّقُواْ اللّهَ يَا أُوْلِي الأَلْبَابِ لَعَلَّكُمْ تُفْلِحُونَ

Бигӯ: «Нопоку пок баробар нестанд, гарчанде ки аксарияти нопок туро ба ҳайрат оваранд». Пас, эй сохибони акл, аз Аллох битарсед, бошад, ки наҷот ёбед!

(Моида_100,)


Анти Суфизм / Лицо Суфизма dan repost
Имом ибни Қайим (ڔَځِݦَهُ اݪݪه) гуфта аст:

ݦټى ڔُزق اݪعبد اݧقياداً ݪݪځق ‏ۅثباټا عݪيه ‏ڣݪيبۺر ‏ڣقد بۺر بكل خير ‏ۅذݪك ڣۻل اݪݪه يؤټيه ݦن يۺاء

«Агар ба касе тоъати Ҳақ ва устуворӣ дар он дода шуда бошад, шодӣ кунад, зеро ба ӯ тамоми неъматҳо дода шудааст ва ин Раҳмати Аллоҳ аст, ки ба ҳар кас, ки бихоҳад, медиҳад».

«Тариқал-Ҳиҷратайн», 347.

▫️ПАС ЭЙ МУВАҲҲИД ИМРУЗ ТУ ЧИЗЕРО ДОРИКИ РУЗИ ОХИРАТ ТАМОМИ ҶАҲАННАМИҲО ҲАСРАТ МЕХУРАНД ТО ДУБОРА БА ДУНЁ БАРГАРДАНДУ ИМОНИ ТУРО ДОШТА БОШАНД!

◽Чангзананда ба ݪا اݪه اݪا اݪݪه бош!

Аз дунё ва он чизеки дар дунё аст барои ту беҳтару болотар аст!


Анти Суфизм / Лицо Суфизма dan repost
Имом ибни Қайим (ڔَځِݦَهُ اݪݪه) гуфта аст:

ݦټى ڔُزق اݪعبد اݧقياداً ݪݪځق ‏ۅثباټا عݪيه ‏ڣݪيبۺر ‏ڣقد بۺر بكل خير ‏ۅذݪك ڣۻل اݪݪه يؤټيه ݦن يۺاء

«Агар ба касе тоъати Ҳақ ва устуворӣ дар он дода шуда бошад, шодӣ кунад, зеро ба ӯ тамоми неъматҳо дода шудааст ва ин Раҳмати Аллоҳ аст, ки ба ҳар кас, ки бихоҳад, медиҳад».

«Тариқал-Ҳиҷратайн», 347.

▫️ПАС ЭЙ МУВАҲҲИД ИМРУЗ ТУ ЧИЗЕРО ДОРИКИ РУЗИ ОХИРАТ ТАМОМИ ҶАҲАННАМИҲО ҲАСРАТ МЕХУРАНД ТО ДУБОРА БА ДУНЁ БАРГАРДАНДУ ИМОНИ ТУРО ДОШТА БОШАНД!

◽Чангзананда ба ݪا اݪه اݪا اݪݪه бош!

Аз дунё ва он чизеки дар дунё аст барои ту беҳтару болотар аст!


Анти Суфизм / Лицо Суфизма dan repost
📌ШАЙХ ИБНИ УСАЙМИН РАҲИМАҲУЛЛОҲ МЕФАРМОЯД:

🟤Агар инсон  тасмим гирифт, ки бо ҳадафи  манфиат расонидан ба  мардум ва дифоъ аз суннати Расули Аллоҳ ﷺ ва интишор кардани дини Аллоҳ ﷻ дар рӯи замин ба (талаби илм) дунболи Илм биравад,аммо ин хостааш  бар ӯ насиб нашуд ва ӯ масалан , дар роҳи ба даст овардани Илм  ва қабл  аз расидан ба ҳадаф аз олам гузашт, дар ин сурат подоши тасмиме ки гирифта буд (дар номаи аъмолаш) навишта мешавад.

📚 ۺڔح عقیده اݪۅاسطیه، ۱۴۸/۲


Abu Zeynab dan repost
Аллома Шайх Алӣ ал-Хузайр حفظه الله мегӯяд:

«Суннат дар Шариъат - Ин роҳи Паёмбари Аллоҳ, дуруду саломи Аллоҳ бар ӯ бод, ва асҳобаш аст.

Аҳли Сунна - Ин роҳи Паёмбари Аллоҳ (ﷺ) аст, ки ба ҳадиси "Онҳо (гурӯҳи наҷотёфта) касоне ҳастанд, ки бар он чизе буданд, ки ман ва асҳобам дар он буданд", яъне онҳое ҳастанд, ки роҳи Қуръон ва Суннатро мегиранд!

Ал Ҷамоат - Инҳо касоне ҳастанд, ки бар ду чиз ҷамъ омадаанд: Қуръону Суннат ва Имоме ки дар роҳи ҳақ ва рост бошад, гӯш кунанд ӯро, итоат кунанд, ва дигар гурӯҳҳоро (ҳизбҳо, ҷамоатҳо ва ғ.) тарк кунанд».

Шарҳи Ақидаи ал-Васатия 1/80

20 ta oxirgi post ko‘rsatilgan.