Гиёҳони шифобахши “Тибби ниёгон”.
Гиёҳи “бӯимодарон”.
Номи илмӣ: Achillea millefolium
Қисматҳои доруӣ: саршохаҳои гулдор ва барги он. Шохаи баргдор, реша, барг ва гоҳе гулҳо ба танҳоӣ низ мавриди истифода қарор мегиранд.
Хосиятҳои доруӣ г б:
Дар кишварҳои аврупоӣ ба унвони дору барои бартараф намудани таб истифода мешавад.
Дар қарнҳои аввал аз б барои банд овардани хун ва илоҷи захмҳое, ки бо хунрезӣ ҳамроҳ буда, истифода мекарданд. Мардуми бархе аз кишварҳо, аз пайкари рӯиши пухташудаи ин гиёҳ барои дармони кабудӣ ношӣ аз зарба дар атрофи чашм истифода мекарданд.
Дамкардаи саршохаҳои гулдори он, дар рафъи гостритҳои ҳод ва музмин, рафъи нафх ва турш кардан, асари нуфузкунанда дорад. Ҳамчунин истифода аз дамкардаи б, сабаби коҳиши фишори хун шуда ва барои норасоиҳои талхадон истифода мешавад. Дар зиёд шудани идрор ва рафъи санги гурда низ муассир аст ва илова бар ин бодшикан ва таббур низ мебошад.
Осонси он хосияти зидди бактерӣ ва зидди таваррум дорад. Аз ин осонс дар дорусозӣ, беҳдоштӣ, ороишӣ дар таҳияи киремҳо ва пумодҳои муҳофизати пуст ва доруҳои зидди таваррум истифода мешавад.
Б ба хотири доро будани тонин ва маводди талхи атрӣ, ба рӯи силсилаи аъсоб ва қалб низ асар мегузорад ва дар мавориде монанди хастагии умумӣ, заъфи қалб, варами моҳичаҳои дил, бемориҳои асабӣ монанди заъфи аъсоб, ҳистерӣ, (Ҳистерӣ, вожае дар тибби юнони бостон ба маънои ҳаяҷон ва эҳсосоти ғайри қобили кантрол бувад) саръ ва қуланҷҳои ташаннуҷовар, натиҷаи муфид медиҳад. Шираи тозаи ин гиёҳ дар онжин, (Онжин (angina pectoris) ва “честпин” ҳам мегӯянд. Ба вазъияте гӯянд ки бемор дучор дарди қафасаи сина шавад, ки маншаи дард мушкил дар шараёнҳои крунер бошад) эҳсоси гирифтагии ногаҳонӣ ва хобрафтагӣ судманд аст.
Ҳамчунин б бар асари қобиз будан дар рафъи тарашшуҳоти занонагӣ, банд овардани хун ва рафъи ахлоти хунӣ ва исҳоли содда, асари муолиҷ дорад.
Зимоди он ҷиҳати дарди сина муфид аст.
Бухур ва ҷӯшондаи он барои дармони зуком муфид аст. Пас дар замони сармохурдагӣ истифода аз он тавсия мешавад.
Идрорро зиёд мекунад ва дар натиҷа барои сангҳои гурда муфид аст.
Бодшикан аст.
Масаж додан бо равғани б ё гузоштани сухтаи он бар рӯи маҳалли захм, сабаби таскини дард ва ҷилавгирӣ аз хунрезӣ мешавад.
Таскиндиҳандаи дард ва ҷилавгирӣ аз хунрезӣ мешавад.
Дар қадим зимоди б, яъне баргҳои тозаи онро ки бо равғани тармис (боқулои мисрӣ) махлут буда, бар рӯи маҳалли качалӣ ё рӯи сурати мардони ҷавон барои рӯиши мӯ қарор медоданд.
Ҷӯшондаи саршохаи гулдори он барои рафъи дардҳои қоидагӣ мефид аст.
Зимоди б барои дарди сина ва навъҳои сардард истифода мешавад.
Тариқи истифода аз гиёҳи б:
Дам кардаи 10 20 грам саршохаи гулдор ё барг дар ним летр об ва масрафи 1 то 3 фанҷон (стакан) дар рӯз (ин дам карда чун зуд фосид ва тираранг мешавад, бояд ҳамеша ба миқдори мавриди ниёз таҳия шавад) беҳтар он аст, ки барои ҳар ваъда дам кардаи тоза таҳия ва масраф кард.
Шираи тозаи гиёҳ ба миқдори 50 то 100 грам дар рӯз.
Тантури як панҷум ба миқдори 30 то 50 қатра дар рӯз.
Ду қошуқи чойхури аз саршохаҳои гулдорро дар як фанҷон об дам кунед ва дар тули рӯз се фанҷон масраф намоед.
Дар истеъмоли хориҷӣ, аз ҷӯшондаи 30 то 60 дар ҳазор саршохаҳои гулдори гиёҳ барои таҳияи лусиюнҳо (навъе пумод ки рӯи пуст истифода мешавад), ҳаммом ва ҳамчунин ба кор бурдан ба сурати танқия истифода ба амал меояд. Шираи тозаи гиёҳ низ барои қарор додан бар рӯи захм ва ҷароҳот, шикоф ва тараки пистон ва маҳалли дардноки бавосир, мавриди истифода қарор мегирад. Бо афзудани 20 грам осонси б ба 45 грам пумоди комфира, навъе пумод барои молидан бар рӯи маҳалли дардноки ремотисм таҳия мешавад.
Дам кардаи саршохаҳои гулдори б ба муддати 5 рӯз (субҳ ва шаб як фанҷоқ, стакан) барои бар тараф намудани захми меъда, муфид зикр шуда ва ҳамчунин барои дафъи талхадон муфид аст.
Барои бартараф намудани хориши шадид, 50 грам гиёҳро дар як ҳалаб (лаган) об рехта ва биҷӯшонед ва баданро бо он бишӯед.
Ҷӯшондаи саршохаи гулдори он барои рафъи дардҳои қоидагӣ муфид аст.
@KANZI_SHIFOT.me/KANZI_SHIFO