ҲАМВАТАНОНИ АЗИЗ, ҲАМЗАБОНОНИ АРҶМАНД!
Инак, дар шумораи 17-уми рӯзномаи маҳбуб ва маъруфи “Овози тоҷик” (26 феврали соли 2025) дар бораи боргоҳи таълимии пешқадами ноҳияи Шаҳрисабз – мактаби таълими умумии рақами 57, инчунин, роҷеъ ба деҳаи Сарчашма, зиёратгоҳ ва осорхонаҳои деҳа мақолаи пурмуҳтавои мухбири рӯзнома Шариф Халил таҳти унвони “САД ЧАШМА АЗ САРЧАШМА” чоп шуд.
Аз рӯйи мушкилоте, ки дар мактаб ва деҳа муайян гардид, хати расмӣ омода шуд ва ба ташкилотҳои мутасаддии вилояти Қашқадарё фиристода шуд.
Бори дигар ба мардуми Сарчашма, ки бо талош, ҳаракат ва ташаббуси зиёд дар пурсишнома ҷойи дувумро гирифтанд, ТАШАККУР мегӯем!
Умед дорем, ки мактабҳои дигар ноҳияҳо низ дар ин назарсанҷӣ фаъол ширкат мекунанд ва мо дар шумораҳои дигари рӯзнома дар бораи мактаб ва минтақаи зисти онҳо мақолаи ҷолибу хонданӣ омода месозем.
Бо як ҷаҳон эътиқод, эътимод ва эҳтиром ҳайати эҷодии рӯзномаи "Овози тоҷик".
@DehaiSarchashma