Чашмат ба дар ҳамеша пазмону хаставу зор,
Дер омадам, бубахшо, модар барои дидор.
Донам, ки бе канорат дунё сафо надорад,
Бе меҳрубонии ту меҳру сафо надорад.
Дур аз ту зиндагонӣ мушкил, вале чӣ даво,
Нону насиби қисмат афканда бар сафарҳо.
Ояд чу атри райҳон ёди гули ту модар,
Дардам суда равонам зарби дили ту Модарҷон.
Модар-модар-модар хизмататро накардаам,
Модар-модар-модар ғусаатро нахурдаам,
Модар-модар-модар сар ба поят набурдаам!
Дар васфи ту ҳазорон шеъру ғазал сурудам,
Дар базми ҳамдиёрон арзи наво намудам.
Аммо ба маҳзари ту гар деҳ нашуд баробар,
Пеши бузургии ту ҳангома нест, модарҷон.
Донам, ки рузу шабҳо бо зикру бо дуоӣ,
Аз баҳри бахти фарзанд ҳамсуҳбати Худоӣ.
Ҷону ҷаҳон бароям бахшидаи ту як сар,
Фикри дигар наояд бар хотири ту, модарҷон!
┄┅অঠই✯❀✯ইঠঅ┅┄
http://T.ME/BO_ZABONI_TOJIKI_MEOMUZEM