Саид dan repost
Ҳаргизам нақши ту аз лавҳи дилу ҷон наравад,
Ҳаргиз аз ёди ман он сарви хиромон наравад.
Аз димоғи мани саргашта хаёли рухи дуст,
Ба ҷафои фалаку ғуссаи даврон наравад.
Дар азал баст дилам бо сари зулфат паиванд,
То абад сар накашад в-аз сари паиймон наравад.
Ҳар чи ҷуз бори ғамат бар дили мискини ман аст,
Биравад гар сари ман в-аз дили ман он наравад.
Ончунон меҳри туам дар дилу ҷон ҷои гирифт,
Ки агар сар биравад, аз дилу аз ҷон наравад.
Гар равад аз паи хубон дили ман, маъзур аст,
Дард дорад, чи кунад, к-аз паи дармон наравад?
Ҳар ки хоҳад, ки чу Ҳофиз нашавад саргардон,
Дил ба хубон надиҳад в-аз паи эшон наравад.
Ҳофизи Шерози