Video oldindan ko‘rish uchun mavjud emas
Telegram'da ko‘rish
Бибии набераозорро дастгир карданд
Вокуниш ва таҳқиқи навори латукӯби кӯдакон: модаркалон наберагонашро бераҳмона шиканҷа додааст
Шоми 16 уми ноябри соли 2024 дар як қатор шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ наворе паҳн гардид, ки дар он раво дидани муносибати дағалона, мавриди азобу шиканҷа қарор додан ва латукӯби бераҳмонаи кӯдакони хурдсол аз ҷониби як нафар зан инъикос ёфтааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур ҷиҳати муайян намудани ашхоси дар навор инъикосгардида аз ҷониби кормандони милитсияи Хатлон як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ роҳандозӣ гардида, зани дар навор инъикосёфта дастгир ва ба Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Балхӣ дастрас карда шуд.
Муайян гардид, ки ин нафар шаҳрванд Ҷонмирзоева Ойнагул Мусурмонҷуловна соли тавалудаш 1970, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҷамоати деҳоти Маданият, деҳаи Фрунзе мебошад.
Таҳқиқи ҳодиса нишон дод, ки ҷабрдидагон- кӯдакони ноболиғ набераҳояш буда, ҷиҳати муайян намудани сабаби ба ин кирдори ғайриқонунӣ даст задани дастгиршуда санҷиш идома дорад.
Манбаъ: @#khatlonpolice