Се апаву хоҳар як занро дар ҷои кораш латтукуб кардаанд..
Дар натиҷаи санҷиши муроҷиати як нафар ҷавондухтари сокини пойтахт, барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ, се нафар апаву хоҳар шаҳрвандон Дайхудоева Индира, Дайхудоева Тахмина ва Ахёрова Мавзуна дастгир карда шуданд.
Чуноне аз навори камераи мушоҳидавӣ низ дида мешавад, ин се нафар дастгиршуда, санаи 19-уми август ба ҷойи кори Саидова А. воқеъ дар кӯчаи Ш.Шоҳтемур рафта, ӯро латукуб кардаанд.
Вобаста ба ҳолати мазкур, тибқи талаботи моддаи 460 (Майдаавбошӣ) КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд. Суд нисбати Ахёрова М. ҳабси маъмурӣ ба муҳлати ду шабонарӯз ва нисбати Индираю Тахмина Дайхудоеваҳо, ба ҳар кадоме ба андозаи 7-нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷаримаи маъмурӣ таъин намуд.