Parviz Tech


Kanal geosi va tili: O‘zbekiston, O‘zbekcha


Хабарҳо ва баррасиҳои технологӣ! Дар ин ҷо шумо навгониҳои охирини гаҷетҳо, маслиҳатҳои нармафзор, хабарҳо аз ҷаҳони IT ва ғайраҳоро хоҳед ёфт.
Admin: @parviztursunov

Связанные каналы  |  Похожие каналы

Kanal geosi va tili
O‘zbekiston, O‘zbekcha
Statistika
Postlar filtri


Porsche 911 Carrera S 2025-ро бе "механика" муаррифӣ кард.

Мошин дорои муҳаррики турбо бо иқтидори 480 асп мебошад. (30 қувваи асп нисбат ба насли қаблӣ пурқувваттар), дар 3,3 сония то ба 100 суръат мегирад ва суръати ниҳоӣ 308 км/соат.

Нарх аз € 154,800


Video oldindan ko‘rish uchun mavjud emas
Telegram'da ko‘rish
Ина Хаби набенад, ки якчи механдад😄


📃 Аз 1 январи соли 2025 дар Тоҷикистон ҷаримаҳои нав ба далели тағйири нишондиҳандаи ҳисобӣ - аз 72 ба 75 сомонӣ эътибор пайдо карданд .

🚛Барои вайрон кардани қоидаҳои интиқоли борҳои хатарнок, калонҳаҷм ва вазнин ҳоло аз 3750 то 5250 сомониро ташкил медиҳад. Барои шахсони мансабдор ин ҷарима аз 9 то 11 250 сомонӣ, барои шахсони ҳуқуқӣ аз 22 500 то 30 000 сомониро ташкил медиҳад.

👀 барои набудани муоинаи техникй — 225 сомонӣ.

🚘барои рондани воситаи нақлиёт бидуни суғуртаи ҳатмӣ - 75 сомонӣ.

🚗 барои баланд кардани суръат акнун бояд аз 75 то 225 сомонӣ пардохт кунед.

🚓 барои вайрон кардани қоидаи пеш гузаштан аз 225 то 375 сомонӣ.

asia+


New York аввалин дар Америка буд, ки дар серодамтарин кӯчаҳои худ ҳаққи роҳбандӣ ҷорӣ кард. Ин кор бояд ронандагонро барои гузаштан ба нақлиёти ҷамъиятӣ ва велосипед ҳавасманд кунад.

То ба ҳол, ин қоида танҳо ба Манҳеттен дахл дорад ва арзиши он аз вақти рӯз ва намуди нақлиёт вобаста аст: ронандагони мошинҳои сабукрав дар соатҳои пик бояд 9 доллар пардохт кунанд ва ронандагони мошинҳои боркаш ва автобусҳо 14,4 доллар.


🔥 Бар асари сӯхторҳои ҷангал тақрибан 30 ҳазор сокинон эвакуатсия карда шуданд, ки дастикам панҷ нафар ба ҳалокат расиданд. Губернатори Калифорния Гэвин Нюсом вазъияти изтирорӣ эълон кард.

Шаби 8 ба 9 январ алакай беш аз 1000 биноро хароб кардааст. Бино ба гузориши хабаргузории AP News, хисороти сӯхтор дар округи Лос-Анҷелес метавонад аз 50 миллиард доллар зиёд бошад.


Video oldindan ko‘rish uchun mavjud emas
Telegram'da ko‘rish
Мушкилӣ бо электромобилҳо дар змимистон


Video oldindan ko‘rish uchun mavjud emas
Telegram'da ko‘rish
Дар Хитой озмоиши BYD Yangwang U9-ро нишон доданд, ки ранги Ҷеки Чан мепарад.

Мошин метавонад аз болои монеаҳо шаш метр дарозӣ ва ~ 3,5 см парида гузарад. Агар мошин то 120 км/соат суръат дошта бошад.

Дар Чин арзишаш ¥ 1,68 миллион аст


78% кормандони NVIDIA ба шарофати саҳмияҳои ширкат миллионер шуданд

Аксарияти кормандони NVIDIA - 78% - аз саҳмияҳои ширкат зиёда аз 1 миллион доллар ба даст овардаанд ва ҳар як шахси дуюм дорои беш аз 25 миллион доллар аст


Video oldindan ko‘rish uchun mavjud emas
Telegram'da ko‘rish
Навбат дар хатти пуркунандаи барқии Tesla дар Шветсия


Video oldindan ko‘rish uchun mavjud emas
Telegram'da ko‘rish
Ин ҷавон баъди ҳамин гапаш бедарак шуд 😄


iPhone аломатгузории махсус аз рӯи минтақа дорад шумо инро медонед


LL/A: ИМА
RU/A: Русия
EU/A : Аврупо
CH/A: Хитой
ZA/A: Африқои Ҷанубӣ ва ғайра.

Ҳарфи охирин (A) навъи дастгоҳ аст. аксар вақт истифода мешаванд:

A — дастгоҳ ба савдои чакана фурухта мешавад.
B - дастгоҳи ивазкунанда (аз нав сохташуда).
C - моделҳои намоишӣ барои мағозаҳо


Мегӯянд телефоне, ки барои бозори CH/A: Хитой баровардааст, тибқи шартномаҳои ду давлат зеҳни сунъии iPhone кор намекунад.

Касе инро тасдиқ мекунад? Рости ман ҳаминхел шунидам, аммо дурустиашро намедонам.


Кор дар сохтмони метро дар Душанбе имсол оғоз мешавад

Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар дод, ки имсол дар Тоҷикистон кор дар сохтмони метро оғоз мешавад. Қарор аст, асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ дар моҳҳои апрел-майи соли 2025 ба анҷом расад ва тарҳи дақиқи сохтмони метро дар моҳҳои июн-июл оғоз шавад.

Хатти аввали метро дар Душанбе аз канори ҷануби шаҳр ба марказ то сирки давлатӣ бунёд мешавад, ки дарозии он 10,5 километр хоҳад буд. Минтақа релефи мувофиқ дорад ва сохтмони хатти он ҷо бехатарии роҳро таъмин хоҳад кард, қайд мекунад департамент.

Ёддошти тафоҳум дар бораи тарҳрезии метро дар Душанбе аз ҷониби Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон ва раиси ширкати миллии роҳи оҳани Ҷумҳурии Корея Ким Хан Ён моҳи марти соли 2022 ба имзо расида буд.

Сохтмони метро дар кишвар низ дар барномаи давлатии рушди маҷмааи нақлиёт то соли 2025, ки соли 2011 қабул шудааст, пешбинӣ шудааст.




Як мақолаи хубу хондани ва фойданок. Агар лозим ояд гап занед ба тоҷикӣ тарҷума мекунам👇


Ин бузургтарин ва пуриқтидортарин муҳаррики баҳрӣ дар ҷаҳон аст, ки дар бузургтарин киштиҳои контейнеркашон насб карда шудааст.

14 RT-flex96С аз ҷониби ширкати Финландиявӣ Wärtsilä дар корхонаҳои Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон истеҳсол карда мешавад. Қариб 110 ҳазор қувваи аспро дорост. Дар як рӯз то 250 тонна дизелро месӯзонад, ҳамчун як бинои панҷошёна баланд аст.


Агар ба касе характеристикаи шабакаҳои иҷтимоӣ лозим бошад мана марҳамат:

— Агар Шумо худро аз будатон зиёд нишон додан хоҳед, ҳаёти лакшриро дӯст доред ба Instagram марҳамат кунед.

— Агар Шумо ҷангу ҷанҷол ва ғайбату негативу худро доно нишон дода хоҳед ба Facebook гузаред.

— Агар Шумо соҳибкасбеду соҳиби бизнес ҳастеду ва мехоҳед боз пеш равед ба Linkedin марҳамат кунед.

— Агар Шумо коргари офис ҳастеду ҳаррӯз дар 10 гурӯҳ ҷавоб додан лозим ояд ва проблемаҳои кориро ҳал кардан хоҳед бе Telegram наметавонед.

— Агар Шумо ҷавон ҳастеду донишҷӯ бошеду хоҳед донишатонро зиёд кардан хоҳед YouTube ба шумо кӯмак мекунад.

— Агар ғирт бекорчиву вақту умри худро чихел гузарониданро надонед TikTok скачат кунед вай худаш медонад бо вақти шумо чи кор карданро😄

Дӯстон ин фикрҳои субективӣ буданд сахт нагиред🫡



17 ta oxirgi post ko‘rsatilgan.