Чизи дигар баъди калимаҳое ки бо –ӣ анҷом меёбанд, омадани бандакҳои -ам, -ат, -аш… мебошад: ҳастӣ+ам, гуфтанӣ+ат, пешравӣ+аш. Дар бисёр навиштаҳо ин калимаҳо дар шакли «ҳастиам», «гуфтаниат», пешравиаш» ба чашм мерасанд. Аммо, азбаски ин калимаҳо бо ҳарфи –ӣ анҷом меёбанд, ҳарфи баъди онҳо бояд ба шакли йа (я) навиштаву талаффуз шавад, яъне «ҳастиям», «гуфтаният», «пешравияш», то дуруст гардад. Муттаасифона, ин қоида низ на ҳамеша дар навишти имрӯзии мо риоя мешавад.
Нуктаи дигар марбут ба калимаҳое чун «эҳтиёҷ», «эҳтиром», «эълон», «эҳсон» ва «мӯътабар»-у «мӯҳтарам»-у, «тӯъма»-ву «шӯъла» ва калимаҳои қолаби фоъили арабӣ чун «ҷомеъ», «сомеъ», «носеҳ», «возеҳ» мебошад. Бояд гуфт, ки дар хатти форсӣ ин калимаҳо ба гунаи «иҳтиёҷ», «иҳтиром», «иълон», «иҳсон», «муътабар», «муҳтарам», «туъма», «шуъла», «ҷомиъ», «толиъ», «сомиъ», «носиҳ» ва «возиҳ» навишта мешаванд, ки дуруст аст. Мутаассифона, дар хатти имрӯзии мо калимаҳои мавриди назар ба шакли ғалат, ки дар ибтидо ёд кардем, навишта мешаванд. Ба ин гурӯҳ калимаҳои тоҷикии «Суҳроб», «Луҳросб», «нуҳ», «муҳр», «муҳра»-ро низ метавон афзуд, ки ба гунаи ғалати «Сӯҳроб», «Лӯҳросб», «нӯҳ», «мӯҳр» ва «мӯҳра» навишта мешаванд. Мутаассифона, то ҳол донишмандон дар ислоҳи ин ғалат кори арзишманде накардаанд. Боре наандешидаем, ки ин ғалатнависиҳо хонандаро ба ғалатхонӣ мебарад ва ӯ «нӯҳ»ро ҳамвазни «кӯҳ», «Сӯҳроб»-ро ҳамвазни «кӯҳзод», «ҷомеъа»-ро ҳамвазни «овеза» талаффуз мекунад, ки ғалат аст. Аз ин ҷост, ки баъзан шоъирони мо ба сабаби пайравӣ аз ин тарзи навишти калимаҳо ба ғалаткорӣ роҳ медиҳанд ва вазни шеърашон хароб мегардад. Бино бар ин вақт аст, ки калимаҳои мазбур бо «у» ва «и» навишта шаванд, то аз ғалатнависиҳо дур бошем, яъне «иҳтиёҷ», «иҳтиром», «иълон», «иҳсон», «туъма», «шуъла», «толиъ», «ҷомиъ», «сомиъ», «носиҳ», «возиҳ»…
Солҳои ахир дар корбурди ҳарфи «ъ» ҳам бесарусомонӣ ба назар мерасад. Ҳар шахс дар куҷое ки раво донист, онро ҷой дод. Ин гуногунрангӣ дар «Имлои забони тоҷикӣ» низ ба чашм мехурад, яъне қоидаи ягонае дар мавриди истифодаи ин ҳарф надорем. Аз ин ҷост, ки навиштаҳо «рангоранг»-анд. Андешаи ин ҷониб ин аст, ки барои ислоҳи ғалатҳо бояд ҳарфи «ъ»-ро дар ҳама мавридҳо зикр кард, то шакли оғозини калима нигоҳ дошта шавад. Аммо ин ҳарфҳо аз калимаҳое, ки дар навишти форсӣ бо аломати ҳамза ва алифи мамдуда меоянд («ҷуръат», «ҳайъат», «Қуръон», «таъсир», «таърих», «алъон», «миръот»…)
бояд бардошт ва ба ҷояш аломате гузошт, ки аз «ъ» фарқ дошта бошад. Вале талаффузи «ъ» дар калимаҳо иҷборӣ нест, чун ин овоз дар забони мо вуҷуд надорад, яъне дар хатти имрӯзии мо хусусиятеро хоҳад дошт, ки вови маъдула дар хатти форсӣ, ки мактуб асту малфуз нест. Дар он ҳолат метавонем ғалатнависиҳоро ҳам дар назм ва ҳам дар наср ислоҳ намоем.
Нуктаи дигар марбут ба и-и дароз аст, ки дар байни баъзе калимаҳо меояд. Азбаски он дар навишти имрӯзии мо ҳамшакли изофат ба қалам дода мешавад, дар дуруст хондани калимаҳои мавриди назар мушкил эҷод мекунад ва хонандаро ба ғалат мебарад. Бигирем калимаҳои «бӣно» ва «бино» «Мино» ва «мӣно»-ро, ки дар яке овози «и» кӯтоҳ асту дар дигаре дароз. Пас, барои дуруст навиштану хондани ин калимаҳо бояд дар байни калима ҳам и-и дарозро ба шакли «ӣ» ва ҳам «и»-и кӯтоҳро ба шакли «и» бинависем, яъне: «бино»-ву «бӣно» ва «Мино»-ву «мӣно». Танҳо бо ин роҳ метавонем тарзи дурусти навишту талаффузи ин калимаҳоро барқарор созем.